Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳасани Рӯҳонӣ


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар пайванд ба ҳодисаи фурӯ рехтани як бино дар шаҳри Теҳрон, ки боиси ҳалокати даҳҳо нафар шуд, ба ҳамтои эрониаш Ҳасани Рӯҳонӣ номаи тасаллият ирсол кардааст. Дар ин номаи Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳасани Рӯҳонӣ аз ҷумла омадааст, ки "хабари фоҷеабори ҷон бохтан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари фурӯ рехтани бинои маркази тиҷоратӣ дар пойтахти Эрон дар натиҷаи сӯхтор боиси андӯҳи амиқи мо гардид". Дар идома, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба мардуми Эрон ва пайвандону наздикони қурбониёни ин ҳодиса изҳори тасаллият намуда ва аз дархоҳи Худованд ба онҳо сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хостааст.

Субҳи рӯзи 19 январ бинои қадимитарин маркази тиҷоратии Теҳрон баъд аз чанд соати сӯхтор фурӯ рехт. Дар ин ҳодиса дасти кам 30 тан аз сӯхторнишонҳо ҷон бохтанд. Баъзе аз расонаҳои эронӣ, аз ҷумла, шабакаи телевизионии давлатии инглисзабони Press TV мегӯянд, ки аз 50 то 100 нафар зери харобаҳои «Пласко» мондаанд ва аз ин рӯ теъдоди қурбониёни ин фалокат шояд афзоиш ёбад.

XS
SM
MD
LG