Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бӯҳрони ахир дар Украина ва бархӯрди Русия дар ин замина, кишварҳои шарики ин абарқудрати минтақа ва ҷаҳонро низ водор кард, то дар мавқегириашон аз эҳтиёт кор бигиранд.

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон, ки мубтакири идеяи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аст ва созишномаи таъсиси ин созмон низ дар чанд моҳи пеш дар Остона ба имзо расид, дарк кард, бӯҳроне, ки дар Украина ба вуҷуд омад, метавонад, рӯзе ба сари ин кишвари осиёӣ низ биёяд. Суоли матраҳ низ ин аст, ки вақте Қазоқистон дар иртибот ба сиёсатҳои Кремлин аз эҳтиёт кор мегирад, кишварҳои дигар, ба хусус Тоҷикистон, ки бо Русия шарикии стратегӣ дорад, чӣ сабақе метавонад бардорад?

Аксари коршиносони тоҷик дар иртибот ба равандҳои ҳассос дар минтақа, бар ин назаранд, ки Тоҷикистонро лозим аст, то иқдомоти худро дар чорчӯби манофеи миллӣ ба роҳ монад ва талош кунад, то ба тамомияти арзӣ ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромӣ ва дигар арзишҳои миллии кишвар латма ворид нашавад.

Дилшод Муллоев, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи сиёсат, давлат ва ҳуқуқи Академияи улуми Тоҷикистон мегӯд, "сиёсати дарҳои боз" -и Тоҷикистон ба он маънӣ нест, ки ин кишвар пойбанд ба ягон кишвар, аз ҷумла кишварҳои абарқудрат, назири Русия бошад. Вай гуфт, "воқеаи Украин инро собит кард, ки дунёи имрӯза, на ҳама вақт пойбарҷо ба арзишҳои меъёри ҳуқуқи байналмилалист ва мутаассифона, дар сиёсати байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ як навъ сиёсати дағал низ рӯи кор омада истодааст, ки ин ба манфиати кор нест. Алалхусус ба манфиати миллии он кишварҳое, ки ин сиёсатро амалӣ мекунанд, хоҳ он дар Ғарб бошад, хоҳ дар Шарқ, дар мисоли Русия бошад. Чунки ин сиёсатҳо дар бархӯрдаш як таззодеро ба бор овардаанд, ки як ҷумҳуриро, ки соҳибистиқлол буд ва аз тамоми арзишҳои ҳуқуқи байналмилал истифода мекард, онро дар ҳошияи геополитикии таърих қарор додааст."

Ҷаноби Муллоев мӯътақид бар ин аст, ки ҷаҳони имрӯз комилан тағйир карда ва Тоҷикистонро лозим аст, ки дар амалӣ кардани сиёсати хориҷии худ ва "сисёсати дарҳои боз" манофеи миллиро болотар аз ҳама манфиатҳо гузорад.

Аммо Собир Вазиров, аз Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи Улуми Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба "нобаробариҳо" дар сиёсати минтақа, ба хусус бӯҳрони ахири Украина ва амалкарди Русия бо он, анҷом додани диверсификатсияи иқтисодӣ дар зудтарин фурсат барои Тоҷикистонро зарур медонад. Зеро ба таъкиди ин иқтисоддони тоҷик, бо таваҷҷӯҳ ба вобастагии Тоҷикистон ба Русия дар масоили иқтисодӣ, ба хусус воридоти маҳсулоти нафтӣ, ин амр дар ҳолатҳои бӯҳронӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Ҷаноби Вазиров афзуд, "чун Тоҷикистон 99 дарсад, яъне аксарияти кулли воридоти нафтиаш аз Русия аст ва вобастагиии зиёде аз ин абарқудрат дорад. Дар ин сурат Тоҷикистон бояд тағйиротҳоеро дар диферсификатсияи нафтӣ анҷом диҳад. Яъне аз дигар кишварҳо бо тариқи паст намудани ё бекор кардани боҷҳои гумрукӣ барои дигар кишварҳо аз сӯи Тоҷикистон, то ин ки воридоти маҳсулоти нафтӣ аз дигар кишварҳо сурат бигирад ва вобастагии Тоҷикистон ба Русия нисбатан кам карда шавад."

Бо ин ҳам Собир Вазиров мегӯяд, Тоҷикистон дар шароити феълӣ дар пасманзари бӯҳрони Украина, ба ҳама мушкилот нигоҳ накарда бояд дар канори Русия бошад. Зеро ба таъкиди ҷаноби Вазиров, агар аз ҳама вобастагиҳои Тоҷикистон ба Русия бигзарем, таҳримоти Ғарб алайҳи Русия собит кардааст, ки ин кишвар дар Урупо сармояи ҳангуфте гузоштааст ва дар сурати идомаи ин таҳримҳо, Тоҷикистон метавонад, аз сармояи Русия барои рушди иқтисодии худ ба хубӣ истифода кунад.

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик.

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик.

Аммо Парвиз Муллоҷонов, сиёсатдони тоҷик мавқеи "бетарафӣ" барои Тоҷикистон дар баробари Русия муҳимтар медонад ва мегӯяд, ин кишвар бояд сиёсати оқилонаеро пеш бигирад, "мо албатта наметавонем, ки пурра мавқеи Русияро тарафдорӣ кунем. Чунки он мавқеи Русия, ки ҳоло дорад, ин вайронашвии тамоми қонунҳои байналмилалӣ аст ва хоҳиш дорем, ки муносибат бо Ғарб ва дигар кишварҳои мутараққӣ дар шакле, ки ҳаст, нигаҳ дорем. Яъне аз ин ҷо бармеояд, ки сиёсати Тоҷикистон бояд хеле оқилона бошад ва мо то ҳадди имкон бояд бетараф бошем."

Дилшод Муллоев, ходими калони илмии Пажуҳишгоҳи сиёсат, давлат ва ҳуқуқи Академияи Илмҳои Тоҷикистон бар ин назар аст, ки мавқеи Тоҷикистон дар вазъи феълӣ бояд пойбанди арзишҳои ҳуқуқи байналмилал бошад. Зеро ба гуфтаи вай, қонунгузории байналмилалӣ ба ин гуна қазияҳо як навъ ҷавоби хеле равшан ва возеҳро пешниҳод кардааст. Ҷаноби Муллоев афзуд, "Тоҷикистон дар ин қазия бояд ҳатман он сиёсате, ки имрӯз дорад, ба тариқи ҳасана давом диҳад ва ин бояд, ки барои хатчадор шудан ва зарар доштан ба сиёсати хориҷии кишвар дар самти Аврупои Ғарбӣ ва Амрикои Шимолӣ ягон нақши муҳиме надошта бошад."

Албатта ин назар ҳам аз забони бархе коршиносон шунида мешавад, ки хомушӣ барои Тоҷикистон беҳтарин мавқеъ дар шароити феълист. Чун ба гуфтаи ин коршиносон хомӯш будан, мақоми "ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад" -ро пеши назар меорад ва Тоҷикистон метавонад ба "як тир ду нишон занад".

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG