Пайвандҳои дастрасӣ

Ба "ҷиҳод" бо ҳидояти Ҳаракати исломӣ ва...


Хайриддин Абдураҳимов

Хайриддин Абдураҳимов

Вазири собиқи амнияти Тоҷикистон мегӯяд, ба бовари ӯ, ҷавонони тоҷик тавассути созмонҳои тундраве, чун Ҳизб-ут-Таҳрир ва Ҳаракати исломии Узбакистон, ба ҷанги Сурия ҷалб мешаванд.

Хайриддин Абдураҳимов, вазири собиқи амният ва ҳоло раҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон Ҳизб-ут-Таҳрир ва Ҳаракати исломии Узбакистон ҲИУ)-ро манбаи ирсоли ҷангиён аз Тоҷикистон ба ҷанги Сурия ва ҷабҳаҳои дигари «ҷиҳод»-и гурӯҳҳои ифротии мазҳабӣ меномад.

Генерал-полковник Абдураҳимов, ки рӯзи 17 июл дар нишасти хабарии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сӯҳбат мекард, дар мавриди ҷалби ҷавонон ба Сурия гуфт, ҳарчанд, маълумоти дақиқ надорад, ки чанд нафар дар Сурия қарор дорад, вале бар ин бовар аст, ки дар ҷалби онҳо ҳаракатҳои ифротие, назири Ҳизб-ут-Таҳрир ва Ҳаракати исломии Узбакистон даст доранд.

Хайриддин Абдураҳимов дар ин бора гуфт: «Инро ман мегӯям, ки мумкин аз аъзои ҳизби Таҳрир ва Ҳаракати исломию дигар ҷунбишҳо бошанд, ки ҷавонони моро ҷалб мекунанд. Инҳо бе ягон ташкилоту ташкилӣ наметавонанд, ба хориҷи кишвар бираванд. Мо, ки паспорту виза дорем, барои хориҷа рафтан мушкилӣ мекашем, онҳо ҳатман роҳбалад доранд. Бе раҳбалад ин корҳо намешавад.» Абдураҳимов гуфт, ҷомеа дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои интизомӣ метавонанд, ҷилави ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротиро бигиранд.

Хайриддин Абдураҳимов, ки аз соли 1999 то 2010 тайи 11 сол вазири амнияти Тоҷикистон буд, нахустин намояндаи ҳукумати ин кишвар аст, ки дар робита ба ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба «ҷиҳод» дар кишварҳои бегона ангушти иттиҳом ба сӯи гурӯҳҳои мушаххасе баланд мекунад.

Аммо манобеи наздик ба таҳқиқи парвандаи Давлат Чолов, бародари фармондеҳони дар гузашта пурнуфузи Фронти халқӣ дар минтақаи Кӯлоб Султон, Қурбон ва Сулаймон Чоловҳо, ки дар моҳи феврал аз сӯи мақомоти умури дохилаи шаҳри Кӯлоб бо иттиҳоми ҷалби ҷавонони маҳаллӣ ба ҷанги Сурия дастгир шуда буд, мегӯянд, ки Давлат Чолов дар ин роҳ аз сӯи як узви зиндонии ҲИУ ҳидоят мешуд.

Саидҷон Салимов, муфаттиши шӯъбаи тафтишотӣ оид ба корҳои махсусан муҳими додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, нақши пайравони ҲИУдар ҷалби шаҳрвандони тоҷик аз сӯи мақомот ошкор шудааст. Ҷаноби Салимов мегӯяд, ӯ парвандаи Давлат Чолов ва чаҳор нафари дигарро тафтиш кардааст, ки дар ҷалби сокинони Тоҷикистон ба Сурия даст доштанд ва Давлат Чолов ва дигар ҳамроҳонашро як пайрави ҲИУ бо номи Абдураҳмон Қодиров аз дохили зиндон раҳнамоӣ мекард: «Ин шаҳрвандаи Узбакистон ҳоло ҳам аз ақидаи худ барнагаштааст ва супориши раҳбари ин гурӯҳи ҷиноиро аз дохили маҳбас иҷро намуда, шаҳрвандонро ба ин иттиҳод ҷалб мекард."

Қодиров дар соли 2007 аз ҷониби додгоҳи вилояти Суғд ба 19 соли зиндон маҳкум шуда буд. Ба гуфтаи Саидҷон Ҳалимов, "бисёре аз машваратҳои ҳамаи онҳо ба воситаи телефон сурат гирифта, онҳо тавонистаанд чанд сокини шаҳри Кӯлоб, аз ҷумла Мирзоев Сайидаҳмад ва Амиров Саъдуллоро ба гурӯҳи худ ҷалб кунанд. Онҳо шаҳрванд Сафаров Бахтиёрро ба ҷанги Сурия фиристода буданд, ки охири пушаймон шуда, аз ҷон ҷо баргаштааст."

Аммо коршиносон бар инанд, ки асосан пайравони гурӯҳҳои салафӣ дар низои Сурия ва Ироқ ширкат доранд ва ҲИУ дар гузашта бо ин гурӯҳҳо равобити ҳамвор надошт. Дар мавриди Ҳизб-ут-Таҳрир низ гуфта мешавад, ки ин созмон асосан ба кори таблиғотӣ машғул аст ва то ҳол ширкати тарафдорони он дар низоъҳои минтақа сабт нашудааст.

Сӯҳбатҳо атрофи ҷалби ҷавонон ба Сурия дар ҳоле авҷ мегирад, ки ширкати ҷавонони тоҷик дар ин ҷанг ва кушта шудани онҳо борҳо тасдиқ шудааст. Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, рӯҳонии шинохта дар як сӯҳбати худ ба Радиои Озодӣ низ бо тасдиқи ҷалби ҷавонон аз ҷониби чунин гурӯҳҳо гуфт, онҳо бештар аз Русия ҷалб мешаванд. Ӯ гуфт, аз сафарҳояш ба Русия ба ин хулоса омадааст: «Ман дар тамоми масҷидҳо бо муҳоҷирон сӯҳбат доштам ва 90 дар сади ин масъалаҳоро барояшон гуфтам. Русия ҳоло лонае шудааст, ки ҷавонони моро аз он ҷо гурӯҳҳои махсус ба Сурия ҷалб мекунанд.»

Ахиран хабаргузории «Форс»-и ҷумҳурии исломии Эрон хабаре нашр кард, ки 90 тоҷик тариқи ҳавопаймои ширкати «Туркиш Эйрлайнз» барои ширкат дар «ҷиҳод» ба Ироқ рафтаанд. Ин хабаргузорӣ ба ҳеҷ манбае такя накардааст. Зимни тамос бо намояндагии ширкати «Туркиш Эйрлайнз» бинобар набудани раҳбарият аз сӯҳбат дар ин мавзӯъ худдорӣ карданд.

Аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон, ки дар солҳои 90 ба Тоҷикистон паноҳ оварда, дар канори нирӯҳои Иттиҳоди мухолифин алайҳи ҳукумат меҷангиданд, баъди истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ба Афғонистон ва баъди оғози амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар он сӯи Омӯ ба сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ бурданд. Ҷангиёни ин гурӯҳ, ки таъсиси хилофати воҳиди исломиро ба ҳадаф дорад, ҳоло дар Покистон андармони ҷангҳо бо нирӯҳои давлатии он кишваранд, вале орзуи бозгашти дубора ба саҳнаи Осиёи Марказиро то ҳол дар сар доранд.

Ҷангиёни тоҷик, ки иддао доранд, ки дар Сурияанд

Ҷангиёни тоҷик, ки иддао доранд, ки дар Сурияанд

Ба гуфтаи коршиносон, аъзо ва ҳаводорони Ҳаракати исломии Узбакистон дар ин солҳо тавонистаанд бо ташкили зергурӯҳҳое, чун Ансоруллоҳ, Ҷиҳоди исломӣ ва амсоли ин танзимҳоеро барои ҷалби нирӯи тоза ба хотиори такмили сафҳои ин ҷунбиш ба вуҷуд биоранд. Ин танзимҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон, ба даъвати мардум барои пайвастан ба сафи ин ҳаракат ваё рафтан ба «ҷиҳод» машғуланд. Муфаттишон мегӯянд, ин афрод ҳатто баъди боздошту маҳкум шудан ба таблиғоти худ дар зиндонҳо ҳам идома медиҳанд, ки як намунааш ҳамон Давлат Чолов аст. Нафаре ки дар солҳои 90 алайҳи нирӯҳои исломӣ ҷангида буд, баъди зиндонӣ шуданаш дар маҳбас худ таҳти таъсири «душман»-ҳои собиқаш қарор гирифт ва баъди раҳоӣ ба даъвати ҷавонон дар минтақаи Кӯлоб барои пайвастан ба «ҷиҳод» дар Сурия пардохт.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар ҳоли ҳозир дар Сурия то 200 нафар аз ин кишвар меҷанганд. То имрӯз дар бораи дар Сурия ҷон бохтани дастикам 6 шаҳрванди Тоҷикистон – 3 сокини Кӯлоб, як сокини Восеъ, як нафар аз Исфара ва якеи дигар аз Истаравшан – гузориш шудааст. Дар моҳи июл мақомоти Тоҷикистон ду дафъа – тавассути додситон ва раҳбари раёсати умури дохилаи вилояти Суғд, ки 87 сокинаш ба гумони мансубият ба гурӯҳу ҳаракатҳои террористиву экстремистии Ҳаракати исломии Узбакистон, Ансоруллоҳ, Ҷундуллоҳ ва ғайра таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд, ба ҷангиёне ки дар хориҷ аз Тоҷикистон меҷанганд, паём доданд, ки дар сурати бозгашти ихтиёрӣ онҳоро ба ҷавонгарии ҷиноӣ нахоҳанд кашонд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG