Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амиршо Миралиев раиси Шӯрои нозирони “Соҳибкорбонк” шуд


Амиршо Миралиев
Амиршо Миралиев

Амиршо Миралиев, яке аз нафарони наздик ба раисиҷумҳури Тоҷикистон, раиси Шӯрои нозирони “Соҳибкорбонк” интихоб шудааст.

Амиршо Миралиев, яке аз аъзои дар гузашта калидии ҳукумати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Шӯрои нозирони “Соҳибкорбонк” таъин шудааст. Як намояндаи “Соҳибкорбонк” рӯзи 25 май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ бидуни бурдани ном ин хабарро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, мақоми Миралиев ба ҳайси раиси Шӯрои нозирон бештар ифтихорист. Шӯрои нозирон маъмулан саҳмиядорони асосии бонкро дар бар мегирад ва соле як ё ду бор барои баррасии гузориши ҳайъати мудира дар бораи фаъолиятҳояш ташкили ҷаласа мекунад.

Амиршо Миралиев 69 сол дошта, соли 1946 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Соли 1970 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном ва соли 1988 Мактаби олии ҳизби коммунист дар шаҳри Ленинград (ҳоло – Санкт-Петербург)-ро хатм кардааст.

Дар давраи Шӯравӣ то ба мақоми котиби якуми ноҳияи Москва (ҳоло – Ҳамадонӣ) расида буд. Аз соли 1994 то 2000 мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаи кадрҳо буд. Дар интихоботҳои солҳои 1990, 1995 ва соли 2000 вакили парлумон интихоб шуд. Аммо дар соли 2001 раиси ҳукумати вилояти Хатлон таъйин шуд ва 5 сол ин пураҳолитарин вилояти Тоҷикистонро роҳбарӣ кард. Соли 2006 ба Душанбе баргашт ва раиси дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ таъин шуд. Дар интихоботи порлумонии соли 2010 аз тарафи ҳизби ҳокими халқии демократӣ дигарбора вакили парлумон ва дар нахустин иҷлосияи он ҳайъат муовини раиси Маҷлиси намояндагон интихоб шуд.

Аммо дар интихоботи парлумонии соли 2015 Амиршо Миралиев ба далели расидан ба синни бознишастагӣ аз сӯи ҳизби ҳоким пешбарӣ нагардид ва бознишаста шуд. Ва инак баъди ҳамагӣ ду моҳи бознишастагӣ Миралиев баргашт ва ин бор ба ҳайси раиси Шӯрои мудирони “Соҳибкорбонк.”

“Соҳибкорбонк” як бонки саҳҳомии тиҷорист, ки соли 1999 ба хотири пуштибонӣ аз соҳибкорӣ дар Тоҷикистон дар заминаи “Тоҷикбонкбизнес”, як бонки марбут ба Қаюм Қавмиддинов, раиси собиқи Бонки миллӣ, таъсис ёфтааст. Ибтидо маркази ин бонк дар Хуҷанд буд ва сармояи ибтидоияш 1,2 миллион сомонӣ баровард мешуд.

Дар соли 2010 ба далели мушкилоти молӣ Бонки миллӣ раҳбарии умури “Соҳибкорбонк”-ро ба як маъмурияти муваққати зиддибуҳронӣ аз берун супурда буд. Дар моҳи январи соли 2011 “Соҳибкорбонк” бо табдили раҳбарон ва саҳҳомонаш дигарбора ба фаъолияти оддӣ баргашт. Ҳоло ин бонк дар Душанбею Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Исфара, Конибодом, ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Рӯдакӣ 7 филиал ва дар саросари Тоҷикистон 15 маркази хидматрасонӣ дорад.

“Соҳибкорбонк” дар сомонааш фоидаи худ дар солҳои 2011-2012-ро ҳудуди 4 миллион сомонӣ гузориш додааст.

Интихоби Амиршо Миралиев ба мақоми раиси Шӯрои нозирони “Соҳибкорбонк” дар ҳолест, ки бархе дигар аз мансабдорони дар гузашта калидии ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон низ дар пайи бознишаста шудан ё барканорӣ дигарбора соҳиби мансаб мешаванд.

Аз ҷумла Талбак Назаров, вазири собиқи хориҷа раисии Бунёдеро бар ӯҳда дорад, ки бояд харҷи пулҳои бадастомада аз ҳисоби ҷаримаи вайронкунандагони қонуни танзими расму ойинро назорат кунад. Ҳаким Солиев, вазири собиқи иқтисод, раиси Шӯрои мудирони “Ориёнбонк” ва Сафар Сафаров, собиқ муовини якуми Эмомалӣ Раҳмон дар ҳизби ҳоким баъди бознишаста шудан муовини раиси Шӯрои нозирони “Тоҷиксодиротбонк” интихоб шудаанд. Матлубхон Давлатов, муовини собиқи сарвазир низ дар ибтидои соли 2014, баъди ҳамагӣ ду моҳи барканориаш аз мақом ба далели бознишастагӣ баргашт ва референти раисиҷумҳур таъйин шуд.

XS
SM
MD
LG