Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Антонио Гутерриш дабири кулли нави СММ шуд


Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи панҷшанбеи 13 октябр Антонио Гутерришро ба унвони дабири кулли нави ин созмон ва ҷойнишини Бан Ки Мун барои як давраи панҷсола, муаррифӣ кард.

Намояндагони 193 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид аз байни 12 номзад барои курсии дабири кулли СММ, Антонио Гутерриш -- нахуствазири пешини Португалияро ба ин мақом интихоб карданд.

Антонио Гутерриш 67-сола мебошад ва ба иловаи забони португалӣ, ҳамчунин забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва испаниёиро медонад. Қарор аст вай аз аввали моҳи январи соли 2017 ҷониши Бан Ки Мун, дабири кулли феълии Созмони Милали Муттаҳид шавад. Антонио Гутерриш аз соли 1995 то соли 2002 раиси ҳукумати Португалия ва солҳои 2005 то соли 2015 раҳбари Идораи СММ дар умури гурезаҳо буд.

Рӯзи панҷшанбе пас аз интихоб шуданаш ба ин мақом Антонио Гутерриш зимни суханронӣ дар СММ ба зарурияти мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ таъкид кард ва гуфт, ки барои таҳкими сулҳ ва ҳуқуқи башар дар ҷаҳон талош хоҳад кард.

Дабири кулли нави Созмони Милали Муттаҳид ба иловаи забони португалӣ, ҳамчунин забонҳои англисӣ, фаронсавӣ ва испаниёиро низ медонад."

Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид интихоби Антонио Гутерришро "интихоби олӣ" хонд ва гуфт, ки оқои Гутерриш илова бар доштани таҷрибаи амиқи сиёсӣ, бинобар кор карданаш дар мақоми Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон, бо дарду ранҷи инсонҳо ошност.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе интихоби Антониу Гутерриш ба мақоми дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро табрик гуфт. Намояндагони Бритониё ва Фаронсан дар Созмони Милали Муттаҳид низ аз ин интихоб истиқбол кардаанд.

Барои курсии Бан Ки Мун дар СММ, 12 номзад рақобат карданд. Бархеи онҳо СММ-ро барои камҳаракатӣ дар ҳалли низои Сурия ва мубориза бо вируси Эбола шадидан интиқод карда, бархеи дигар хостори ислоҳоти сартосарии созмон шуда буданд.

XS
SM
MD
LG