Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Алайҳи полковник Рустам Темуров, мулаққаб ба "Рустами Калла", сардори собиқи шӯъбаҳои милисаи чанд ноҳияи минтақаи Кӯлоб парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Додситонии минтақаи Кӯлоб дар қиболи Рустам Темуров, маъруф бо номи “Рустами Калла”, яке аз чеҳраҳои маъруф дар Кӯлоб парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Манобеи Озодӣ мегӯянд, ки полковник Темуров феълан дар боздошт қарор дорад.

Полковник Рустам Темуров, ки 62 сол дорад, солҳои тӯлонӣ сардори милиса дар чанд навоҳии Кӯлоб буд. Ӯ ду сол пеш пас аз 7 соли кор аз мақоми сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ховалинг нафақа рафт ва ба гуфтаи наздиконаш, ба тиҷорат машғул буд.

Додситонии минтақаи Кӯлоб ӯро бар асоси қисми чоруми моддаи 250-уми Кодекси ҷиноятӣ, яъне тамаъҷӯӣ дар ҳолати хавфнок ва бо истифодаи силоҳ айбдор медонад. Дар сурати тасдиқ шудани ин иттиҳом полковники собиқро аз 15 то 20 сол ҷазои маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Ин парванда бар асоси шикояти сокинони Кӯлоб боз шудааст, ки ӯро дар тасарруф ва азхудкунии ҳудуди 200 ҳазор доллари амрикоияшон муттаҳам мекунанд.

Раҳимҷон Сафармадов, як сокини Кӯлоб рӯзи 16 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, соли 2012 ӯ аз Рустам Темуров 35 ҳазор доллар қарз мегирад, аммо баъдан ин мард аз ӯ бо роҳи таҳдид бар иловаи қарзаш 60 ҳазор долларашро гирифтааст.

“Мо ба доми ӯ афтода будем. Бо вуҷуде, ки қарзашро баргардонда будем ва ӯ аз мо қарздор шуда буд, аммо дигар пуламонро пас намедод ва забонхати пештара дар дасташ ба мо таҳдид мекард. Ҷонамон дар лаб расид ва аз болояш шикоят кардем,” –гуфт Раҳимҷон Сафармадов.

Зафар Холов, як ҷабрдидаи дигар мегӯяд, ӯ аз Рустам Темуров қарздор буд, вале ин мард дар баҳои ин қарз хонаи бародарашро гирифт. Пас аз як гузориши Радиои Озодӣ ва боздошти Рустам Темуров хонаи бародари Зафар баргардонида шуд.​

Номи Рустам Темуров вақте дар Кӯлоб матраҳ шуд, ки ӯ дар солҳои 80 дар идораи ОБХСС (шӯъбаи мубориза бо ғорати моликияти сотсиалистӣ)-и вилояти Кӯлоб муовини Султон Қувватов таъин шуд.

Ӯ пас аз он ном баровард, ки дар ин мақом дуздии пулҳои чанд идораи вилояти Кӯлобро ошкор кард ва мансабдорон аз шеваи тафтишҳои ӯ дар ҳарос афтода буданд. Акнун худи ӯ ба ҷинояте муттаҳам мешавад, ки солҳои тӯлонӣ алайҳаш мубориза мебурд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG