Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Абдулҳалим Назаров, машҳур ба «Ҳоҷӣ Ҳалим» аз фармондеҳони Иттиҳодияи нерӯҳои мухолифини пешини тоҷик, муовини вазири дифои Тоҷикистон таъйин шудааст.

Абдулҳалим Назаров то ин замон дар мақоми сардори Раёсати хадамоти қушун ва бехатарии Вазорати дифои Тоҷикистон ифои вазифа мекард.

Ҳоҷӣ Ҳалим, ки замони даргириҳои дохилӣ аз фармондеҳони мухолифони тоҷик дар Кофарниҳон буд, соли 1997 бо пешниҳоди Саид Абдуллоҳи Нурӣ командири баталёни 25 шуд ва вазири дифои вақти Тоҷикистон ба ӯ рутбаи полковникиро дод. Аз соли 2003 то 2005 шунавандаи Академияи ҳарбии Фрунзеи Маскав будааст.

Исми Абдуҳалим Назаров, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, авоили соли гузашта пас аз он як бори дигар расонаӣ шуд, ки ҷунбиши “Ватандор” бо сарварии Додоҷони Атовуллоҳ як изҳорот пахш кард ва дар он гуфта мешуд, ҳукумати Тоҷикистон бар зидди шахсиятҳои маъруфи мухолифи ҳукумат як амалиёти вижаеро пиёда мекунад. Дар ин изҳорот ҳамчунин гуфта мешуд, ки бар асоси ин амалиёт гӯиё Ҳоҷӣ Ҳалим аз ҳукумат 1 миллион доллар гирифта, онҳоро, ба шумули Додоҷони Атовуллоҳ аз байн мебарад.

Аммо Ҳоҷӣ Ҳалим он замон дар як сӯҳбати ихтисосӣ ба Радиои Озодӣ дар вокуниш ба изҳороти раҳбари ҷунбиши "Ватандор" онро дурӯғи маҳз хонд ва онро маҳсули тахаюли Додоҷони Атовулло арзёбӣ карда ва гуфта буд "намефаҳмам, ки чаро Додоҷон номи маро овардааст, чӣ ҳадаф дорад."

Тибқи иттилои дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи шанбеи 18-уми январ Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати мудофиа таъиншударо барои сӯҳбат ба ҳузур пазируфтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, Зариф Бобокалонов, сардори Ситоди генералии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва муовини аввали вазири дифоъ таъйин шудааст. Тибқи иттилои дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Зариф Бобокалонов кадри ҷавон ва дорои ду тахассуси олии ҳарбӣ ва шунавандаи Академияи ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия мебошанд. Ӯ дар ин мақом ҷойгузини Рамил Нодиров шуд.

Бо фармони дигари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Миралӣ Раҳматов, ки дорои ду тахассуси олии ҳарбӣ буда, то ин вақт дар вазифаҳои гуногуни раҳбарӣ дар вазорати мудофиа ва Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар адои хизмат кардааст, Фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Нерӯҳои мусаллаҳ таъин гардидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG