Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Моликияти пойгоҳи “Манас” ғорат шудааст?


3 июни соли 2014. Фармондеҳи нирӯҳои ҳавоӣ полковник Ҷон Миллард калиди рамзии Маркази транзитии “Манас”-ро ба фармондеҳи Горди миллии Қирғизистон Мирбек Эмаев тақдим мекунад.

3 июни соли 2014. Фармондеҳи нирӯҳои ҳавоӣ полковник Ҷон Миллард калиди рамзии Маркази транзитии “Манас”-ро ба фармондеҳи Горди миллии Қирғизистон Мирбек Эмаев тақдим мекунад.

Сарнавишти бахше аз васоиле, ки дар Маркази транзитии нирӯҳои амрикоӣ дар фурудгоҳи “Манас”-и Қирғизистон нигаҳдорӣ мешуд, нопадид шудааст. Панҷ моҳи пеш додситонии низомии Қирғизистон барои ғорати амволи ин пойгоҳ парванда боз кард ва тафтиш ҳанӯз ҳам идома дорад.

Маркази транзитии интиқоли борҳо ба ҳангоми тарки Қирғизистон кардани ҳайати низомиён дар соли 2014 кулли моликияти ин муассисаи низомиро ба маблағи умумии 30 миллион доллар дар ихтиёри Бишкек қарор дод. Каме баъд аз ин хабарҳое пахш шуд, ки гӯё моликияти дохили ин пойгоҳи низомӣ торумор ва ё фурӯхта шудааст.

Моҳи феврали соли 2016 додситонии низомӣ аз рӯи ин мавод парванди ҷиноӣ боз кард. Муовини додситони низомии Қирғизистон Белек Маматбоев дар сӯҳбат бо бахши Қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ки тафтишот ҳанӯз хотима наёфтааст ва феълан ҷузъиёти парванда боз намешавад. Вай гуфт: “Ин муассиса як объекти стратегӣ аст. Ба хотири халал ворид накардан ба ҷараёни тафтишот ман чизе гуфта наметавонам. Баъди анҷоми санҷишу тафтишот мо маълумоти фарогирро дар ихтиёри матбуот қарор медиҳем, аз ҷумла, исми гумонбарон ва ҳам

Сарбозони амрикоӣ бору муҳимоти худро ҷамъ мекунанд

Сарбозони амрикоӣ бору муҳимоти худро ҷамъ мекунанд

хисороти ворида ба давлат ва инчунин ба баррасии кадом додгоҳ вогузор шудани қазияро ошкор мекунем”.

Маркази транзитии интиқоли борҳо баъди баста шуданаш аз ҷониби нирӯҳои амрикоӣ даҳҳо автомобил, казармаҳои сайёр, хаймаҳои низомӣ, генератор, телевизор, якдон, кондитсионер, мошинҳои либосшӯӣ ва дигар васоили фаннии рӯзғору дафтарҳои корӣ ба маблағи умумии 30 миллион долларро ба ҷониби Қирғизистон тақдим кард. Ин моликият дар як маросими ботантана ба Горди милии Қирғизистон тақдим шуд. Баъди як ҳисобу китоби муфассал тамоми ин моликият ба ихтиёри Ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон гузашт.

Сардори раёсати корҳои тарбиявии Горди миллӣ Таалай Мирзобоев таъкид мекунад, ки низомиёни онҳо анборҳоеро, ки дар дохилаш моликияти маркази транзитӣ нигоҳдорӣ мешуд, посбонӣ мекарданд. Камбуди моликияти марказ баъди як соли басташавии он, яъне охири соли гузашта ошкор шуд. Он вақт фармондеҳи баталйони Горди миллӣ, ки дар ҷои Маркази пешини транзитӣ мустақар шудааст, нав шуд. Баъди ин як комиссиюни ситоди кулл таъсис ёфт, ки тамоми моликияти боқимонда дар анборҳоро аз нав ҳисобу китоб кард. Вай гуфт:

“Онҳо ҳамаи моликиятро санҷида, болояш мӯҳр гузошта ба ихтиёри мо супурданд. Сарбозони мо ин борҳоро фақат посбонӣ мекарданд. Як комиссиюни ҳукуматии иборат аз 60 нафар ин моликиятро дар миёни вазорату сохторҳои мухталифи давлатӣ тақсим кард. Худи Горди миллӣ чандон чизи зиёде ба даст наовард. Вақти тақсими моликият, мо аз охиринҳо будем, ки чизе гирифтем. Баъди сари кор омадани фармонедҳи нави баталйон Орозалиев, камбудиҳои ҷойдоштаро ошкор ва ба раҳбарият хабар дода шуд. Санҷиш гузаронида шуд ва тамоми мавод дар ихтиёр додситонии низомӣ гузошта шуд”.

Комиссиюни ҳукуматие иборат аз 60 нафар, ки бо санҷиши факту далелҳои нопадидшавии моликияти пойгоҳи собиқи низомии амрикоиҳо машғул буд, аз сӯҳбат дар ин бора худдорӣ мекунад. Сардори раёсати сармоягузорӣ ва сохторҳои зербиноии фурудгоҳи “Манас” Абдумалик Бусурмонқулов, ки моликиятро қабул мекард, нахост дар ин мавзӯъ сӯҳбат кунад. Ба хабарнигори бахши Қирғизии Радиои Озодӣ ӯ гуфт, ки танҳо баъди муроҷиати хаттӣ омода мешавад масъаларо баррасӣ кунад.

Вай танҳо гуфт, ки «ҳеҷ маълумоте дар бораи ғорат шудани моликияти пойгоҳ надорад. Тамоми ин борҳо аз рӯи қарори ҳукумат ба сохторҳои зирабт тақсим карда шуд».

Абдураҳмон Маматалиев замони анҷоми кори Маркази транзитии интиқоли борҳо дар фурудгоҳи «Манас» вазифаи муовини нахуствазири Қирғизистонро иҷро мекард. Ӯ барои масъалаҳои амният посух медод. Вай мутмаин аст, ки дар ин ҳолат тамоми масъулият ба дӯши ҳукумати кишвар аст. Вай гуфт:

«Баъди он ки ҳама чиз ба ихтиёри Горди миллӣ супурда шуд, мо ҳар сари чанд санҷиш мегузаронидем. Ҳукумат бояд ки ин молро назорат кунад. Бо назардошти хислати мардуми мо, чунин санҷишҳо шарт ва заруранд. Он ҷо васоилу маводи хеле хубу баландсифат буд. Агар ғорати ин амвол тасдиқ шавад, пас ин як шармандагӣ мешавад».

Раиси собиқи хадамоти давлатии марзбонӣ Қурбонқул Матенов бо хашму ғазаб гуфт, ки дар сурати заъиф будани шароити моддии артиши Қирғизистон моликияти зарурӣ торумор мешавад. Вай гуфт: «Анбор ҷое нест, ки он ҷо як каси бегона даромада ҳар чизе дилаш хоҳад дуздида бурда тавонад. Он ҷо посбон дорад. Нопадидшавии мол ба маънои бебандубориву бемасъулиятӣ аст. Эҳтимолан, баъзеҳо манфиатҳои худро ҳам доранд. Артиши Қирғизистон ба мол ниёз дорад, вале моли тайёр ғорат мешавад. Ин бемасъулиятист. Масалан, як рахти хобе, ки амрикоиҳо 5 сол онро истифода карданд, бешубҳа, аз назари сифат беҳтар аз ҷиҳози чинист, ки дар бозори маҳаллӣ харида мешавад. Беҳтар буд, ки ин ҳама мол ба казармаву ошхонаҳои сарбозон тақсим мешуд».

Пойгоҳи низомии ба номи Гансӣ, ки дар ҳудуди фурудгоҳи «Манас» ҷойгир буд, соли 2001 аз ҷониби ИМА ифтитоҳ шуд. Соли 2009 ин пойгоҳ исмашро ба Маркази транзитии интиқоли борҳо иваз кард ва баъди анҷоми мӯҳлати созишномаи истифодаи он дар соли 2014, Қирғизистон дигар нахост ин қарордодро тамдид кунад.

Элеонора Бейшенбек-Қизӣ, rus.azattyk.org

XS
SM
MD
LG