Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Олег Гордиевский, ҷосуси дуҷониба ё "двойной агент"-и Хадамоти ҷосусии Бритониё ва сарҳанги КГБ-и Шӯравии собиқ баъд аз гузашти сӣ сол дар бораи фирори худ ҳикоят кард.

"Двойной агент"-и Хадамоти ҷосусии Бритониё ва сарҳанги КГБ-и Иттиҳоди Шӯравии собиқ Олег Гордиевский, ки барои Ғарб арзишмандтарин ҷосуси давраи ҷанги сард ба шумор мерафт, 30 сол баъд дар бораи фирори худ ҳикоят кард.

Гордиевский гуфт, сӣ сол пеш ӯро ба таври шубҳаовар ба Маскав даъват карда, чаҳор соат як генерали КГБ барояш "коняк" мерехт. Ӯ медонист, ки агар ифшо шавад, қатлаш хоҳанд кард. Вале ин ҷосуси дуҷонибаи MI 6 ё Хадамоти кашфи Бритониё наметавонист ошкоро по ба гурез ниҳад. (Ҷосуси дуҷониба шахсест, ки барои хадамоти кашфи ду кишвар ё бештар аз он кор мекунад - Радиои Озодӣ)

Вақте Олег Гордиевский дар осоишгоҳи худ ҳушёр шуд, ба ёди нақшаи гурез афтод, ҳамон нақшае, ки хадамоти кашфи Бритониё дар миёни ҳикояҳои Шекспир пинҳон карда буданд ва ин навиштаҳову нақша ранг надошт ва чизе дида намешуд.

Олег Гордиевский.

Олег Гордиевский.

Дар хонаи худ дар Маскав лифофаи кӯрпаи хобро ба сараш кашид, то аз назари камераҳои сақф ва деворҳои хона пинҳон бимонад. Муқоваи китобро ба об тар кард ва навиштаҳоро хонд. Вай онро дар хотир гирифт..., ки бояд дар гардиши роҳи назди марзи Финландия бо ду мошини дипломатии Бритониё вохӯрад. Онҳо вайро мерабоянд ва ба сару садои марзбонони Шӯравӣ нигоҳ накарда аз марз мегузаранд ва фирор мекунанд.

Агар ин нақша ноком шавад, Ғарб аз муҳимтарин ҷосуси давраи ҷанги сард маҳрум мешуд. Аз ин нақша Маргарет Тетчер, нахуствазири вақти Бритониё низ ҳимоят карда буд. Дар сурати ифшои нақша моҷарои бузурги дипломатӣ сар мезад ва Гордиевский ҳатман маҳкум ба қатл мешуд.

Сарҳанг Гордиевскийро Хадамоти ҷосусии Бритониё соли 1974 ба худ ҷалб карданд. Ӯ дар саргаҳи сарчашмаҳои кашфи пинҳонии давлати Шӯравӣ қарор дошт. Маълумотро ба Бритониё медод ва Лондон онро ба ЦРУ-и Амрико мерасонд. Гордиевский агенти пинҳонии КГБ дар ЦРУ Олдрих Эймзро муттаҳам медонад, ки ба Маскав гуфтааст, маълумот аз маркази КГБ дар Лондон берун меравад.

КГБ Гордиевскийро ба Маскав эҳзор кард ва вонамуд кард, ки вайро дар Лондон раиси марказ таъин мекунанд. Гордиевский фаҳмид, ки чизе ошкор шудааст. Ӯ мегӯяд: "Ман фаҳмидам, ки ба оғӯши марг меравам, вале нишон додам, ки аз чизе наметарсам".

Вай нақшаи фирорро бо худ гирифт, нақшае, ки Ҷон Скарлет таҳия карда буд. Скарлет баъдтар раиси Хадамоти кашфи Бритониё шуд. Вай баъд аз 30 сол саргузашти худро дар хонаи дутабақаи худ дар шаҳраке дар наздикии Лондон ба хабарнигори бахши русии Радиои Озодӣ ҳикоят кард.

Тибқи нақша ҳама коре, ки вай мекард, аз он иборат буд, ки бояд ҷониби Бритониёро аз рӯзи фирор ё "рабудани худ" хабар мекард. Гирифтани тасдиқи он хеле мушкил буд. Мулоқоти аввали "контролӣ"-и вай дар хиёбони Кутузов ноком шуд. Мулоқоти дувум дар зинаҳои танги як калисо дар назар буд. Вай бояд дар зинаҳои танг ба сӯи табақаи дувум ёддоштеро ба ҷосуси Бритониё медод.

Олег Гордиевский.

Олег Гордиевский.

Вале баъди се соати гардиш ба умеди дурӣ аз як "дум" (корманди КГБ) вай дарёфт, ки боз ноком шудааст. Ҳамаи Майдони Сурхро барои таъмир баста буданд. Саранҷом дар мулоқоти севум комёб шуд. Иҷрои нақша оғоз ёфт.

Соати 5-и бегоҳи 19 июли соли 1985 аз хонааш дар ғарби Маскав берун шуд ва барои пинҳон мондан аз назорати мошинҳои пайгард зуд ба миёнаи хонаҳо даромад. Баъд аз як соат ба вокзали Ленингради Маскав расид. Бо қатор то Зеленегорск рафт ва бо автобус роҳашро то Виборг давом дод. Бояд дар сари роҳ мулоқот мекард, вале дар кадом қисмати роҳ?

Вай аз рӯи навиштаҳо ҷойро тақрибан маълум кард. Худро ба беморӣ зад ва дилбеҳузуриро баҳона карда, аз мошин пиёда шуд. Ба ақиб баргашт ва ҷойи пешбинишударо пайдо кард. Он ҷо ҷангале буд ва вай се соат мошини сафорати Бритониёро мунтазир шуд. Саранҷом соати 2:20-и саҳар ду мошин пайдо шуд. Мошинҳо дар паси хамгашт пинҳон шуданд ва мошини КГБ, ки онҳоро аз Ленинград дунбол мекард, гузашта рафт.

"Ман худро ба бордони мошини якум расондам. Ин кор ҳамагӣ як дақиқаро дар бар гирифт. Баъд аз хамгашт, мошини КГБ дубора моро дунбол мекард. Хушбахтона, роҳи оҳан моро аз мошини КГБ ҷудо кард, қатор омад ва аз он дур шудем. Афроди КГБ аз кадом роҳе зудтар аз мо ба посгоҳи пулис расида ва пурсиданд: "Куҷоанд мошинҳои бритонӣ?” Пулис гуфт: “Ҳеч мошин нагузаштааст”. КГБ рафт ва мо омадем," -- нақл кард Гордиевский.

Дар бордони мошин Гордиевский мусиқии финландиро шунид ва фаҳмид, ки ба қаламрави Финландия ворид шудаанд. Дар Финландия Гордиевский аз бордони мошин баромад ва вайро дипломати Бритониё бо номи Майкл Шипстер пазироӣ кард. Ӯ билофосила телефонӣ гузориш дод: "Бағоч расид. Ҳамааш хуб аст".

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG