Пайвандҳои дастрасӣ

Халифабобо Ҳомидовро дар оромгоҳи Сариосиё ба хок супурданд


Вазири собиқи адлия ва узви Кумиссиюни оштии миллии пешин Халифабобо Ҳомидовро рӯзи 30 декабр дар оромгоҳи Сариосиёи Душанбе ба хок супурданд.

Халифабобо Ҳомидов, ки тайи чанд соли ахир аз беморӣ ранҷ мебурд, соати 17-00 рӯзи якшанбе, 29-уми декабр дар синни 64-солагӣ аз олам даргузашт. Маросими видоъ ва намози ҷанозаи марҳум имрӯз, 30-юми декабр масҷиди Сариосиёи Душанбе баргузор гардид ва ҷанозаи Халифабобо Ҳомидовро дар қабристони ҳамин маҳалла ба хок супурданд.

Дар маросими видоъ бо Халифабобо Ҳомидов, шахсиятҳои шинохта ва дӯстону наздикони марҳум ширкат кардаанд.

Иброҳим Усмонов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯзи 30-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Халифабобо Ҳомидов тайи 6 соли ахир аз бемории дарди пой ранҷ мебурд ва бар асари ин беморӣ бо ароба ҳаракат мекард.

Халифабобо Ҳомидов зодаи рустои Қистақӯзи шаҳри Хуҷанд буда, факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм кардааст ва номзади илми ҳуқуқ буд. Ӯ солҳои 1973 - 1990 ба ҳайси ассистент, муаллими калон, мудири кафедраи назария ва амалияи ҳуқуқ ва давлати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст.

Халифабобо Ҳомидов яке аз асосгузорони ҳаракати миллии «Растохез» дар соли 1990 маҳсуб мешавад. Дар аввали солҳои 90 вай ҳамчун сиёсатшинос ва ҳуқуқшиноси варзида ба мансаби муовини вазири адлия таъйин шуд. Солҳои 1994-2001 дар вазифаи мушовири давлатӣ доир ба парлумон ва ҳуқуқ кор кардааст.

Аз моҳи июли соли 1997 то соли 2000 Халифабобо Ҳомидов узви зеркомиссияи ҳуқуқии Кумиссиюни оштии миллии пешин буд. Ҳамчунин вай чанд муддат вакили Маҷлиси намояндагон буд. Аз 25-уми январи соли 2001 то 30-юми ноябри соли 2006 Халифабобо Ҳомидов дар мансаби вазири адлияи Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Халифабобо Ҳомидов аз ангуштшумор намояндагони ҷунбиши "Растохез" буд, ки тавонист баъди соли 1992 низ худро дар ҳукумат ҳифз кунад ва дар кобинаи Эмомалӣ Раҳмон ҳатто то ба мақоми вазири адлия бирасад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG