Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии додраси гумонбар ба 4000$ ришва


Мирмаҳмад Одинаев
Мирмаҳмад Одинаев

Додгоҳи олии Тоҷикистон Мирмаҳмад Одинаев, собиқ додраси додгоҳи ноҳияи Ваҳдат, 20-километрии шарқи Душанберо, ки ба гирифтани 4 ҳазор доллар ришва айбдор мешуд, аз толори додгоҳ раҳо кардааст.

Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 3 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Додгоҳи олӣ дар авохири ҳафтаи гузашта додраси додгоҳи ноҳияи Ваҳдат Мирмаҳмад Одинаевро, и ба гирифтани 4 ҳазор доллар ришва айбдор мешуд, 30 ҳазор сомонӣ ҷарима баста, аз толор озод кард.

Додгоҳи олӣ мегуяд, Мирмаҳмад Одинаев бар асоси моддаи 319, қисми 1 (ришваситонии шахси мансабдор барои манфиати шахси гунаҳкор) айбдор дониста мешуд. Додгоҳ ӯро дар маҷмӯъ 40 000 сомонӣ ҷарима бастааст, вале бо назардошти 111 рӯзе ки дар боздошт қарор дошт, 10 000 сомониро аз ҳаҷми ҷаримаи вай кам кардааст.

Ба гуфтаи мақомоти Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон, Мираҳмад Одинаев рӯзи 8 майи соли 2014 дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат, наздикии дарвозаи баромади шаҳри Душанбе, дар дохили автомашинаи шахсияш тамғаи “Мерседес-Бенс” аз Саидов Умар ном корафтода 500 доллар гирифтааст, вале ҳамон рӯз дар назди бинои додгоҳи Ваҳдат аз тарафи кормандони зудамали Оҷонсӣ дастгир шуд.

Оҷонсии зидди корупсия мегӯяд, Мираҳмад Одинаев бо истифода аз вазифаи додрасии худ дар моҳи ноябри соли 2013 ҳангоми баррасии парвандаи гражданӣ аз рӯи даъвои Сатторов С. оид ба хоҷагии деҳқонии «Заргар»-и ноҳияи Ваҳдат ба хотири ҳалли масъала ба сӯди ин хоҷагии деҳқонӣ 4000 доллар талаб кардааст.

Ба гуфтаи мақомот, Одинаев то рӯзи боздошташ аз намояндаи хоҷагии деҳқонӣ Умар Саидов як дафъа 3000 доллар ва бори дуюм 500 доллар мегирад ва 500 долларе, ки рӯзи 8 май ба ӯ доданд, қисмати ниҳоии пора будааст. Гуфта мешавад, намояндагони хоҷагии деҳқонӣ аз ришвахоҳии додрас ба дод омада, қабл аз додани бахши сеюм ва ниҳоии маблағ ба Оҷонсии мубориза бо фасод муроҷиат кардаанд.

XS
SM
MD
LG