Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти Ариэл Шарон пас аз 8 соли беҳушӣ


Ариэл Шарон, нахуствазири пешини Исроил рӯзи шанбеи 11-уми январ пас аз ҳашт соли беҳушӣ, дар сини 85-солагӣ даргузашт.

Вазъи Ариэл Шарон рӯзҳои ахир вахим гузориш шуда буд. Ба гузориши хабаргузории "Ройтерз", радиои артиши Исроил ба нақл аз яке аз наздикони Шарон аз марги ӯ дар рӯзи шанбе хабар додааст. Рӯзномаи Jerusalim Post зимни интишори ин хабар дар торнамои худ мегӯяд, ки дафтари нахуствазири Исроил маросими расмӣ барои дафни Ариел Шарон тартиб хоҳад дод, ки қарор аст бархе аз сарони ҷаҳон дар он ширкат кунанд.

Фаъолияти сиёсии Ариэл Шарон дар моҳи январи соли 2006 ва дар замоне ногаҳон ба поён расид, ки дар як моҳ ду бор сактаи мағзӣ дид ва ба дунболи сактаи дувум дар ҳолати беҳушӣ фурӯ рафт ва он ҳашт сол идома кард.

Пештар бемористони Шимо дар Телавив рӯзи панҷшанбеи 9-уми январ аз вахим шудани ҳолати ӯ хабар дода буд. Расонаҳои Исроил дар ҳамон замон гузориш доданд, ки ду писари оқои Шарон ва наздикони ӯ дар канори тахти ӯ дар бемористон ҳузур ёфтаанд, зеро эҳтимол медоданд, ки лаҳзаи марги ӯ бисёр наздик бошад. Фарзандони Ариэл Шарон мувофиқат карда буданд, ки ӯро аз дастгоҳе, ки то кунун вайро зинда нигаҳ дошта буд, ҷудо кунанд.

Шарон ба далели нақше, ки дар таърихи Исроил дорад, барои мардуми ин кишвар аҳамияти зиёд дорад. Аммо фармондеҳии ӯ дар амалиётҳои мухталиф, ки ба қатли ҳазорон фаластинӣ ва арабҳо дар сарзаминҳои ишғолӣ ва дар ҷангҳо ва амалиётҳои низомӣ миёни Исроил ва кишварҳои арабӣ анҷомид, нафрати шадид аз ӯро дар миёни арабҳо ва мусалмонони ҷаҳон эҷод кард. Ин нафрат ва бадбинӣ ба вижа барои нақши Шарон дар ҳамлаи низомии Исроил ба Лубнон дар авоили даҳаи ҳаштоди милодӣ аст, ки ба куштор дар деҳкадаи Сабра ва Шатила сабаб шуд ва бар асари он беш аз севуним ҳазор кушта шуданд.

Шарон ки дар соли 2003 дубора ба мақоми нахуствазирии Исроил расида буд, пас аз ақибнишинии комили он кишвар аз Ғаза дар соли 2005, ба хотири мухолифатҳои шадиди ростгароёни ҳизби Ликуд, ҳамроҳ бо қисми зиёде аз ҳамфикрони сиёсиаш аз ин ҳизби қадимии худ ҷудо шуд. Тасмими Шарон ба барчидани ҳамаи шаҳракҳои яҳудинишн дар навори Ғаза ва берун бурдани охирин сарбозони Исроил аз ин минтақа буд, ки саранҷом ба 37 соли тасаллути Исроил ба Ғаза поён дод.
XS
SM
MD
LG