Пайвандҳои дастрасӣ

Нурулло Шулашов, собиқ раиси кулли нерӯгоҳи барқи обии Роғун нороҳатиашро аз вуҷуди монеаҳо дар сохтмони “Роғун” пинҳон намекунад.

Нурулло Шулашов, собиқ раиси кулли нерӯгоҳи барқи обии Роғун нороҳатиашро аз вуҷуди монеаҳо дар сохтмони “Роғун” пинҳон намекунад. Ӯ мегӯяд, ки бо вуҷуди садду монеаҳои сиёсӣ, раҳбарони аввали Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бояд ба ҳам оянд ва сарнавишти ин тарҳро ба фоидаи бунёди он ҳал кунанд. Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ рӯзи 12 май Нурулло Шулашов гуфт, Тоҷикистон илоҷ ё роҳи дигаре надорад, ба ҷуз сохтмони “Роғун”, чунки ояндаи кулли иқтисоди ин кишвар ба таври мустақим ба сарнавишти ин нирӯгоҳи азим бастагӣ мегирад.

Шулашов дар фосилаи солҳои 2008 то оғози соли 2012 раҳбари кулли нирӯгоҳи барқи олии “Роғун” буд ва бо сабаби баромадан ба нафақа аз ин мақомаш барканор шуд. Баъди озод шудан аз кор, барояш нафақаи, ба гуфтаи ӯ, ночизе дар ҳаҷми 400 сомонӣ муқаррар шуд, ки арзандаи як мутахассиси 48 сол дар ин соҳа коркарда нест ва ӯ аз гирифтани ин нафақа даст кашидааст.

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки нерӯгоҳи Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт, дар саргаҳи рӯдхонаи Вахш дар сурати такмил метавонад, солона 13,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид кунад. Ин миқдор нерӯи барқ ҳам Тоҷикистонро аз бебарқӣ дар зимистон халос мекунад ва ҳам метавонад, кишварро ба яке аз содиркунандагони нерӯи барқи арзон ба Афғонистону Покистон табдил диҳад.

Аммо аз замони шурӯи корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ бахусус Узбакистон ба бунёди он муқовимат кардаанд. Ин кишварҳо мегӯянд, дар сурати бунёди Роғун, ки маҷрои об аз рӯдхонаҳои Тоҷикистон ба Узбакистону Қазоқистону Туркманистон мерасанд, камтар шуда ва боис ба камобӣ дар он кишварҳо хоҳад шуд.

Давлати Тоҷикистон мегӯяд, ин иддаоҳо асосе надоранд, зеро об дар обанбори Роғун ба тадриҷ ва дар муддати 14 сол ҷамъ карда мешавад. Ба ин тартиб, сохтмони нирӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба як баҳси сиёсии миёни ду ҳамсояи наздик табдил шудааст. Дар ҳоле, ки Душанбе ин тарҳро наҷотбахши иқтисод меҳисобад, Тошканд аз асароти манфии экологии ин нирӯгоҳ бонги хатар зада, монеи бунёди он шудааст.

Дахолати созмонҳои байналмилаии назири Бонки Ҷаҳонӣ, ки барои арзёбии хатароти эҳтимолии “Роғун” таҳқиқоти махсус анҷом додаанд, натавонист барои пешбурди ин тарҳ мусоидат кунад. Дар доираҳои ҳукуматӣ бархе ба ин назаранд, ки муносибатҳои сарди раҳбарони ду кишвари ҳамсоя садди роҳи ҳамкориҳои дипломативу сиёсии Тоҷикистону Ӯзбакистон шудааст ва яке аз тарҳҳои муҳими қурбони ин муносибатҳо шуда маҳз нирӯгоҳи “Роғун” мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG