Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муаттар Зикриёева иттиҳоми ташкили фоҳишахонаро рад мекунад


Шаҳри Хуҷанд

Шаҳри Хуҷанд

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд ба баррасии парвандаи собиқ декани Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона шурӯъ кард.

Дар додгоҳи Хуҷанд собиқ декани факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии ин шаҳр бо иттиҳоми нигаҳдошти фоҳишахона ва даллагӣ, мутобиқи банди 239-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон муҳокима мешавад.

Дар ҷараёни баррасии ибтидоӣ ва мурофиаи додгоҳӣ, Муаттар Зикриёева ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зисти худ дар озодӣ ба сар мебарад.

Парвандаи алайҳи ӯ дар заминаи маводи ҷамъовардаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Хуҷанд боз шудааст. Мақомоти тафтишотӣ ва додгоҳӣ ба далели халал нашудани ҷараёни мурофиа, аз шарҳи ҷузъиёти ин парванда худдорӣ мекунанд.

Вале худи хонум Зикриёева дар суҳбат бо "Озодӣ" иттиҳоми ташкили фоҳишахона ва даллагиро "бӯҳтон" хонд ва гуфт: «Ин ҳамааш тӯҳмат аст. Ман чанд хонаро, ки фарзандон нигоҳубинашро бар ӯҳдаи ман гузоштаанд, ба иҷора медодам. "Аммо “хонаро барои алоқаи ҷинсӣ ба ҷавону ҷавонзанон дод, аз онҳо пул гирифт,” "фоҳишахона ташкил кард", гуфта, инҳо ба ман тӯҳмат бастанд».

Муаттар Зикриёева мегӯяд, ҳоло дар мурофиаи додгоҳӣ талош дорад бегуноҳии худро исбот кунад ва дар пайи он афродеро, ки чунин иттиҳомро ба ӯ раво дидаанд ва ба гуфти худаш, мехоҳанд шаъну шарафашро паст зананд, ба додгоҳ кашад. Муаттар Зикриёева бештар аз ин сӯҳбат накард.

Муаттар Зикриёева, хатмкардаи факултаи забонҳои хориҷии донишкадаи омузгории Хуҷанд (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд) ва номзади илмҳои филология аст. Ӯ аз соли 1992 то январи соли равон дар Донишгоҷи мазкур ба ҳайси муаллимаи забони англисӣ кор мекард. Моҳи сентябри соли 2012 декани факултаи забонҳои хориҷӣ таъин шуд ва баъди 4 моҳ барканор гардид. Муаллифи беш аз аз 10 рисолаву асарҳои илмӣ дар мавзӯи таҳлили муқоисавии забонҳои тоҷикиву англисӣ аст.

Барканории нобаҳангоми Зикриёева аз вазифаи деканӣ ва дар пайи он боз шудани парвандаи ҷиноӣ, дар донишгоҳии Суғд сару садои зиёд кард. Яке аз омӯзгорони факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки солҳои зиёд канори муаллима Зикриёева фаъолият доштааст ва нахост номаш ошкор шавад, аз хабари ба додгоҳ кашида шудани раҳбари собиқашон изҳори таассуф кард:

“Мо ҳама муаллимон ин хабарро аз даҳони дигарон шунидем. Ва ҳама ҳайронем. Ин боварнокарданӣ аст, ки муаллима ба ин амали нангин даст зада бошанд. Мумкин, ин тӯҳмат бошад. Умедворем, додгоҳ мӯшикофона таҳқиқ мекунад. Ростӣ, ман фақат дар бораи фаъолияти кориашон медонам, дар бораи зиндагиву корҳои шахсишон чизе намедонам”.



Дар ҳоле, ки ин гузориш омода мешуд, аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба "Озодӣ" занг зада гуфтанд, ки Муаттар Зикриёева аз мақоми декани факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд қабл аз боз шудани парванда алайҳи вай сабукдӯш шуда буд. Ба гуфтаи ин манбаъ, синни ӯ ба нафақа наздик шуд ва оғози моҳи январи соли равон ӯ ихтиёран аз вазифааш канор рафт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG