Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин зиндонии фирорӣ дар Қирғизистон кушта шуд


Дар ҷараёни амалиёти ниҳодҳои интизомии Қирғизистон Олтинбой Итибоев, охирин маҳбуси фирорӣ аз боздоштгоҳё СИЗО дар вилояти Чуйи ин кишвар кушта шудааст.

Бино ба иттилои муқаддамотии Вазорати умури дохилаи Қирғизистон, дар ҷараёни ин амалиёт як сокини ғайринизомӣ тасодуфан кушта ва як корманди ҳизфи ҳуқуқ захмӣ шудаанд.

Тибқи гузориши бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Олтинбой Итибоев дар яке аз хонаҳои шаҳри Бишкек сангар гирифта ва ба ниҳодҳои интизомӣ муқовимати мусаллаҳона нишон додааст.

Рӯзи гузашта дар шаҳри Бишкек Эдил Абдураҳмонов, яке дигар аз маҳбуси фирорӣ боздошт шуда буд. Бад ин тартиб, аз ҷумлаи 9 маҳбус, ки рӯзи 12 октябри соли ҷорӣ аз бодоштгоҳи вилояти Чуй фирор карда буданд, 3 нафар куштаю 3 нафар боздошт шуда ва 3 нафари дигар ба иллати бемориҳо, назири сактаи қалб даргузаштаанд. Аммо мудофеъони ҳуқуқи башари маҳаллӣ мегӯянд, мумкин аст ин се нафари охирӣ ба далели латукӯби пулис ҷон бохтаанд.

Зимнан, ба ҳангоми фирори маҳбусон аз боздоштгоҳ дар рӯзи 12 октябр чор корманди боздоштгоҳ кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG