Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Наздикони Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи пешини Горди президентӣ ва раиси собиқи Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир, ки ба ҳабси абад маҳкум шуда, 10 сол боз дар зиндон аст, мегӯянд, дандонҳои ӯ рехта, ғизохӯрӣ барояш ба мушкил табдил ёфтааст.

Оиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи пешини Горди президентӣ ва раиси собиқи Оҷонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ба тозагӣ барои як рӯз ҳамроҳ бо бародараш дар зиндон будааст, имрӯз 13-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, дандонҳои пеши даҳони бародараш афтода, дандонҳои курсии ӯ осеб пайдо кардаанд, ки ғизохӯриаш хеле мушкил шудааст. Ғаффор Мирзоев бо як силсила иттиҳомот, аз ҷумла қасди табаддулоти давлатӣ ба ҳабси абад маҳкум шудааст, 10 сол ба ин сӯ дар маҳбас ба сар мебарад.

Хонум Мирзоева мегӯяд, давоми як соли охир тамоми талоши наздикон барои муолиҷаи дандонҳои бародараш бенатиҷа анҷом ёфта, на масъулони зиндон барои ӯ пизишк меоранд ва на иҷозаи ворид кардани пизишк аз ҷониби наздиконро медиҳанд.

Оиша Мирзоева

Оиша Мирзоева

Ҳоло ба гуфтаи Оиша Мирзоева, бародараш ҳамроҳ бо афроде нигаҳдорӣ мешавад, ки барои даст доштан дар интиқолу фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд. Ӯ мегӯяд, аз лиҳози қонун набояд, ӯ ҳамчун раҳбари собиқи Оҷонсии мубориза бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бо содиркунандагони чунин ҷиноят ҳамроҳ зиндагӣ кунад.

"Даҳҳо ариза навиштааст, то парвандаашро аз сар бубинанд. Тибқи қонун даҳ сол вақте дар маҳбас ягон қонуншиканӣ маҳбус содир намекунад, парвандааш аз сар дида мешавад, аммо аз Ғаффорро ҳеҷ нест, ки парвандаашро аз нав бубинанд. Ӯ иттиҳоми хиёнат ба ватанро ҳеҷ қабул надорад," -- гуфт хонум Мирзоева.

Сарраёсати зиндонҳои Тоҷикистон ба наздикони Ғаффор Мирзоев, маъруф бо лақаби “Седой” иҷоза додааст, дар се моҳ як бор барояш хӯрок биоранд ва соле ду дафъа бо ӯ дидорбинӣ намоянд.

Оиша Мирзоева, хоҳари ин генерали пешин мегӯяд, Ғаффор Мирзоев бештари вақташ дар зиндонро ба китобхонӣ мегузаронад ва давоми ду соли охир барояш бештар аз ҳазор нусха китоби бадеӣ-таърихӣ ва сиёсӣ равон кардаанд.

Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи пешини Горди раёсати ҷумҳурӣ, собиқ раиси Оҷонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва собиқ раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистонро дар соли 2005 боздошт карда, соли 2006 Додгоҳи Олӣ ӯро ба ҳабси абад маҳкум намуд. Генерали собиқ Мирзоев бо иттиҳоми қасди ташкили табаддулоти давлатӣ, хариди ғайримуҷози силоҳ, нигаҳдории он, сӯиистифода аз мақоми хидматӣ ва дигар ҷурмҳои вазнин гунаҳкор дониста шудааст.

Ба ҷуз аз Ғаффор Мирзоев, аз ин хонаводаи як замон пурнуфузи Кӯлоб боз 3 тани дигар дар маҳбас ба сар мебаранд. Оиша Мирзоева гуфт, бародари дигараш Абдурасул Мирзоев ва писару домоди худи Оиша Мирзоева низ ба дунболи боздошти Ғаффор Мирзоев боздошт ва ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

Баъд аз ин ҳукм бахшии аъзаме аз моликияти Ғаффор Мирзоев мусодира гашта, иморатҳои сохтаи ӯ ба ихтиёри донишгоҳу китобхона ва муассисаҳои дигар супурда шуданд. Ҳашт қонуни афв, ки дар ин муддат ба тасвиб расид, ба ҳукми ин генерали собиқ, ки барои ба қудрат расидани ҳукумати феълӣ саҳм гирифтааст, таъсире нагузоштааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG