Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муовини пешини вазири умури дохилаи Белорус зиндонӣ шуд


Евгений Полуден

Евгений Полуден

Коллегияи низомии Додгоҳи олии Ҷумҳурии Белорус Евгений Полуденро ба мӯҳлати 3,6 сол ба маҳбаси низомаш шадид маҳкум кард.

Коллегияи низомии Додгоҳи олии Ҷумҳурии Белорус собиқ муовини вазири умури дохилаи ин кишвар Евгений Полуденро ба мӯҳлати 3,6 сол ба маҳбаси низомаш шадид маҳкум кард. Илова ба ин, молу мулки мақомдори собиқ мусодира шуда, ба мӯҳлати панҷ сол ин шахс ҳақи гирифтани мақоми давлатиро аз даст медиҳад. Мӯҳлати нигаҳдошти ӯ дар зиндон аз замони боздошт шуданаш ҳисоб мешавад.

Евгений Полуденро додгоҳ дар сӯиистифода аз мансаб гунаҳгор донистааст. Ҳукми додгоҳ ниҳоӣ буда, бозбинӣ намешавад. Иттиҳомоти қаблӣ дар заминаи ин ки гӯё муовини вазир ба маблағи 1,8 миллион рубли белорусӣ ришва ва 100 литр сӯзишворӣ подош гирифтааст, тасдиқ нашуд.


Евгений Полуден 8 декабри соли 2011 боздошт ва 27 декабри ҳамон сол аз вазифаи худ маҳрум шуд. Ӯро инчунин аз вазифаи раиси полиси амнияти ҷамъиятӣ сабукдӯш карда гуфтанд, ки сабаби чунин тасмим дар даст задан ба амалҳое мебошад, ки “шаъни ходими умури дохиларо доғдор мекунад”.


Баррасии парвандаи ӯ паси дарҳои баста сурат гирифтааст.

Айни замон, таъкид мешавад, ки Полуден дар саркӯби эътирозҳои мухолифин баъди интихоботи соли 2010 нақши хеле фаъол бозидааст. Исми ӯ дар миёни 200 узви ҳукумати Белорус зикр мешавад, ки аз ҳақи ворид шудан ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупо маҳрум шудаанд. Таҳримҳои мазкур баъди саркӯби шадиди эътирозгарони натиҷаҳои интихоботи президентӣ ҷорӣ шуд, ки Александр Лукашенкоро ғолиби сабқати президентӣ унвон карда буд.

Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG