Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти Муаттара Ҷӯраева, диктори собиқи ТВ бо гумони "қаллобӣ"


Муаттара Ҷӯраева баъд аз интихоботи порлумонии соли 2005 аз телевизион дур шуд

Муаттара Ҷӯраева баъд аз интихоботи порлумонии соли 2005 аз телевизион дур шуд

Муаттара Ҷӯраева, собиқ диктори телевизиони Тоҷикистон ва яке аз номзадҳо дар интихоботи парлумонии кишвар дар соли соли 2005 ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт шудааст.

Муаттара Ҷӯраева, собиқ диктор ё наттоқи Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, бо иттиҳоми “қаллобӣ” аз тарафи кормандони Оҷонсии зидди фасоди молии кишвар боздошт шудааст.

Муаттара Ҷӯраева, собиқ диктори машҳури телевизиони Тоҷикистон бо ҷурми қалобӣ аз тарафи кормандони Оҷонсии зидди фасод боздошт шуда, алайҳи ӯ бар асоси қисми чоруми моддаи 247-уми Кодекси ҷиноӣ парванда кушодаанд.

Икром Заваров, корманди Оҷонсии зидди коррупсияи шаҳри Душанбе рӯзи 15 октябр бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки феълан дар мавриди Муаттара Ҷӯраева тафтишоти пешакӣ аз тарафи муфатишони Оҷонсии зидди корупсияи шаҳри Душанбе идома дорад ва онҳо аз нашри ҷузъиёти он то анҷоми тафтишот худдорӣ мекунанд.

Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди корупсия мегӯяд, ки Муаттара Ҷӯраева рузи 13 октябр аз тарафи кормандони Оҷонсии зидди корупсия боздошт шуда ва феълан дар боздоштгоҳи Оҷонсӣ қарор дорад. Оҷонсии зидди коррупсия мегӯяд, дар мавриди амалҳои қаллобии Муаттара Ҷӯраева муфаттишони Оҷонсӣ далелҳои шайъии аудиоӣ ва видеоӣ ба даст овардаанд.

Аммо дар ҳоле ки муфаттишон аз ифшои ҷузъиёти парванда худдорӣ мекунанд, манобеи Озодӣ дар Оҷонсии зидди коррупсиядар бораи иттиҳомоти зидди диктори собиқи телевизион иттилои бештаре дар ихтиёри мо гузоштанд. Ба гуфтаи онҳо, Муаттара Ҷӯраева тайи чанд соли ахир ба боварии даҳҳо нафар, аз ҷумла нафаре бо номи Бахтиёр Алиев даромада, аз онҳо маблағҳои зиёд қарз гирифтаву дигар барнагардонидааст.

Ба қавли ҷабрдидаҳо, вай ваъда мекардааст, ки ба тиҷорат машғул асту ресторан дорад ва пас аз чанде пули онҳоро бо фоизаш бармегардонад. Гуфта мешавад, ки Муаттара Ҷӯраева аз як мағозаи қолинфурӯшии воқеъ дар бозори “Султони Кабир” низ ба маблағи зиёд қолин гирифта, вале ҳанӯз барнагардонидааст.

Шумораи ҷабридидаҳо тақрибан бештар аз 20 нафар гуфта мешавад. Ҳамчунин Муаттара Ҷӯраева, ба гуфтаи мақомоти Оҷонсии зиддифасод, аз ду бонк ҳам қарз гирифтааст.

Ба гуфтаи манобеи Озодӣ, Муаттара Ҷӯраева дар маҷмӯъ ба тасарруфи қариб 300 ҳазор доллари мардум мутаҳҳам мешавад. Вақте ин афрод аз Ҷӯраева хостаанд, ки пулашонро пас диҳад, ӯ гуфтааст, ин ҳама пулҳоро барои сохтани тарабхонае бо номи "Санавбар" сарф кардааст. Ин афрод баъди ноком шудани талошҳояшон барои ҳалли бахушии масъала ба Оҷонсии мубориза бо фасод муроҷиат кардаанд.

Ин наттоқи шинохтаи тоҷик, ки яке аз довталабони курсии вакилии Маҷлиси Намояндагон дар интихоботи соли 2005 буд, дар даври дувум бозиро ба Нодирҷон Солиҷонов, раҳбари вақти Китобхонаи ба номи Тошхӯҷа Асирии шаҳри Хуҷанд, бохт ва бо ҳамин аз кори телевизион низ канор рафт. Ӯ номзадияшро аз ҳавзаи ягонаи интихоботии ноҳияи Ашти вилояти Суғд, ки зодгоҳи падараш мебошад, гузошта буд.

Хонум Ҷӯраева ҳамон сол маҷаллаи муҷаллоеро бо номи “Ҷаҳоннамо” низ ба чоп расонд, ки баъд аз чанд муддат ба далели мушкили молӣ аз фаъолият бозмонд.

Муаттара Ҷӯраева 4 июни соли 1975 дар хонаводаи забоншиноси тоҷик -- Рустам Ҷӯраев - таваллуд шуда, мактаби миёнаи рақами 60-и шаҳри Душанбе ва факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва дар соли 2003 иловатан факултаи молия ва қарзи ҳамин донишгоҳро хатм кардааст. Ӯ соли 2000, вақте ҳамагӣ 25 сол дошт, мудири шӯъбаи наттоқони телевизиони давлатии Тоҷикистон таъин шуд. Тайи 12 сол дар шабакаи аввали телевизиони давлатӣ наттоқи барномаи "Ахбор" ба забонҳои русиву тоҷикӣ ва ҳам муҷрии намоишҳои телевизиони "Субҳ" буд. Солҳои 2004-2005 сардабири идораи эҷодии "Субҳи Тоҷикистон" буд.

Ду писар - Акмал ва Икром - дорад.

Ӯ муаллифи китоби "Ҷилои ситораҳои телевизион" ва барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Иттиҳодияи журналистон дар соли 2003 мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG