Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

21 расонаи хориҷӣ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, 21 расонаи байналмилалӣ ба манзури пӯшиши ҷараён ва баргузории интихоботи парлумонии 1 март дар ин кишвар қарор доранд.

Абдулфайз Атоӣ, сардори Департементи иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 26 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир намояндагони 21 расона аз 12 кишвари хориҷӣ барои пӯшиши раванди баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон ҳастанд, ки дар маҷмӯъ ҳудуди 100 нафар хабарнигору навборбардор ва аккосро ташкил медиҳанд.

Ҷанобӣ Атоӣ, таъкид кард, ки дар миёни ин расонаҳо, “Ал-Ҷазира” аз Қатар, “Синхуа”-и Чин, “Киодотсусин” ва “Эн-Эч - Кей”(NChK) –и Ҷопон ва ҳамчунин расонаҳои мӯътабари Олмон, Фаронса, Русия, Бритониё, Амрико, Эрон ва дигар кишварҳо дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ба пӯшиши интихоботи парлумонӣ машғул мебошанд.

Сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон афзуд, ки мизони ширкати хабарнигорон ва ҳамин тавр расонаҳои байналмилалӣ дар муқоиса ба интихоботҳои қаблӣ бештар аст. Ҳамчунин ба гуфтаи ҷаноби Атоӣ, дар ҳоли ҳозир аз ҷониби дигар расонаҳои байналмилалӣ барои ширкати мустақим дар рӯзи интихоботи парлумонӣ дар таърихи 1 март, ба вазорати корҳои хориҷӣ муроҷиатҳо шудааст.

Ба ин далел масъулони вазорати корҳи хориҷии Тоҷикистон ибрози умедворӣ мекунанд, ки теъдоди хабарнигорони расонаҳои байналмилалӣ барои пӯшиши интихобот дар рӯзи баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ бештар мегардад. Солҳо боз дар Тоҷикистон аксари расонаҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд ва онҳо ҳама рӯза таҳаввулоти ин кишварро пӯшиш медиҳанд.

Ин ҳам дар ҳоле, ки масъулони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯянд, бар асоси қонун, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки дар вазорати хориҷии Тоҷикистон сабти ном шудаанд, ҳаққи ширкат ва инъикоси интихоботи парлумониро доранд.

Ширкати ҳудуди 100 тан аз намояндагони расонаҳои байналмиллалӣ дар интихоботи Тоҷикистон дар ҳолест, ки беш аз 500 нозири байналмилалӣ низ дар ин интихобот ҳузур доранд ва раванди баргузории ин маъракаи муҳими сиёсиро назорат мекунанд.

Дар Тоҷикистон то кунун ягон бор интихоботе доир нашудааст, ки нозирони ғарбӣ ҷавобгӯи меъёрҳои қабулшудаи як интихоботи озоду демократӣ эътирофаш карда бошанд. Дар ҳоле, ки интихоботи 1 мартро низ беш аз 500 нозири байналмилалӣ аз хориҷаи дуру наздик назорат мекунанд, бовар намеравад, ки натиҷаҳои он барои райъдиҳанда ва нозирон ҳайратовар бошад.

XS
SM
MD
LG