Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҷанги Тоҷикистон “остин аз мо, даст аз дигарон” буд


Муҳаққиқони тоҷик бо иттифоқи оро мегӯянд, ки сабабҳои оғози ин ҷанг то ҳол аз тарафи ягон ниҳоди илмӣ ва ё гурӯҳи коршиносон омӯхта ва ба унвони сабақ ба ҷомеа пешкаш нашудааст.

Вале сабабҳои оғози ҷанг аз рӯзҳои аввали музокироти сулҳ мавзӯи баҳси ҷонибҳо буд ва ҳар ду тарафи даргир саъй мекард, яке дигариро дар оғози он гунаҳгор кунад.

Абдумаҷид Достиев яке аз нахустин раҳбарони ҳайати музокироти сулҳ аз ҷониби ҳукумат мегӯяд, ҳанӯз аз даврҳои аввали музокирот ҷонибҳо талош мекарданд, ки сабабҳои оғози ҷанг ва сабабгори онро пайдо кунанд, то аз ҳамон нуқта музокиротро барои расидан ба сулҳ пай бигиранд. Вале маълум шуд, ки ин талошҳову баҳсҳо беохир хоҳанд буд ва натиҷа нахоҳанд дод: “Тарафҳо ба ҷои ба сари миз нишастан фақат якдигарро гунаҳгор мекарданд. Гуфтем, ки як бало карда ҳар чӣ зудтар пеши ҷангро гирем ва ба сулҳ расем, мумкин аст гуноҳамон дар пеши миллату таърих камтар шавад. Сабабгори ҷангро худи таъриху миллат бо гузашти замон баҳо медиҳанд”.

Аз имзои созишномаи сулҳ 16 сол гузашт ва ин муддат барои омӯзиш ва таҳқиқи сабабҳои оғози ҷанг ва “берун овардани решаҳои он” вақти кам нест. Вале то ҳол дар ин самт ҳеҷ як аз пажуҳишгоҳҳои Тоҷикистон расидагиҳои бунёдӣ анҷом надодаанд, агар чопи чанд китоби ёддоштҳои сисёсатмадоронро дар назар нагирем. Аслиддин Соҳибназаров, Иброҳим Усмонов, Сафаралӣ Кенҷаев, Ҳикматулло Насриддинов, Бурӣ Каримов ва чанд нафари дигар китобҳо таълиф кардаанд.

Сайфулло Муллоҷонов-устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва таърихнигори тоҷик мегӯяд, ин китобҳоро аз нуқтаи назари илми таърих намешавад осори таҳқиқотӣ унвон кард: “Танҳо нафароне, ки дар ин ҷанг ё иштирок доштанд ё яке аз тарафҳои низоъ буданд, хотироти худро навиштаанд. Ман бо бештари ин корҳо шахсан шинос ҳастам. Аммо ҷанг чаро шуруъ шуд, ҳар кадом аз дидгоҳи худ баҳо додаанд. Барои ҳамин ин таҳқиқот нест, хотирот аст. Ман як бор ҳисоб кардам, чунин асарҳо ё хотироту ҷангномаҳо 22-то ҳастанд. На танҳо ман, балки ҳеҷ муҳаққиқ наметавонад даст рӯи қалби худ бигзорад ва бигӯяд, ки ин асарҳо бар асоси меъёрҳои илмӣ ё бар асоси пажуҳиш офарида шудаанд ё касе наметавонад бигӯяд, ки ин асари нақдӣ аст. Сабабро ман дар он мебинам, ки ҳанӯз на ҷанг фаромӯш шудааст ва на хотироти он. Гузашта аз ин, ҳарчанд сулҳ баста шуд, танҳо яке аз тарафҳои сулҳ ё мунозиъа дар сари қудрат аст. Ҳатто агар ба таҳқиқоте, ки соли гузашта дар бораи 20 солагии истиқлол дар ҷилди шашуми китоби “Таърихи халқи тоҷик” ба забони русӣ чоп шуд, нигоҳ кунед, дар он ҳам аз баррасии масъалаҳои ҷанг парҳез кардаанд.”

Дар кишварҳои Ғарбӣ маъмулан гурӯҳҳои вижаи муҳаққиқон аз марказҳои мутолеотӣ ва пажуҳишгоҳҳои гуногун ба омӯзишу таҳқиқи сабабҳои ягон ҳодиса шурӯъ мекунанд, то сабабҳо ва решаҳои он ба зудӣ ба ҷомеа дастрас шавад. Чунин кор ба хотири он анҷом мегирад, ки сабабҳои нооромӣ ё норизоятиҳои иҷтимоӣ сари вақт решакан шавад ва эҳтимоли дубора ҷон гирифтани чунин решаҳо аз миён бурда шавад, то ҳеҷ гоҳ ба шеваҳои саркӯбии норозиён тавассул наҷӯянд.

Ҳукумату давлат бо назардошти чунин таҳқиқоту арзёбиҳои донишмандон барномаҳои худро таҳия ва бо хости ҷомеа ҳамоҳанг мекунанд. Вале аксари мусоҳибони мо мегӯянд, ки то ҳол аз ин кор дар Тоҷикистон донишмандон парҳез мекунанд ва ё дар омади гап мегӯянд, ки “таърих худаш баҳо медиҳад”. Оё хуб нест, ки бо тоза будани хотироти шоҳидони айнии ҷанг ва худи ширкаткунандагон маводи бетараф гирдоварӣ ва “таърихча”-и ҷанги тоҷикон таҳқиқу арзёбӣ шавад?

Сайфулло Муллоҷонов, таърихнигори тоҷик.
Сайфулло Муллоҷонов, таърихнигори тоҷик.
Сайфулло Муллоҷонов дар ин бора чунин ақида дорад: “Одамоне, ки дар ин ҷанг иштирок доштанд, баъзеашон дар қудрати сисёсианд. Масалан, вазиранд ё раисанд ва гуфтани воқеият ҳанӯз душвор аст. Мо воқеиятро бояд этироф кунем. Таърихнигоре, ки дар ин марзу бум зиндагӣ мекунад, ба ду сабаб имкон надорад: Яке ҳанӯз нафароне ҳастанд, ки дар бораи онҳо гуфтани ҳама нуктаҳо ғайриимкон аст. Дуввум, имрӯз насли бузургсоли мо назарашон тақрибан якҷониба ва шаклгирифта аст ва онҳо яке аз ҷонибҳои низоъ ҳастанд.”

Абдулмаҷид Достиев, ки бо ишорае омӯзиши сабабҳои оғози ҷангро ба дӯши замон ва таърих мегузорад, бар ин ақида аст, ки шояд наслҳои оянда бовар накунанд, ки тоҷик бо тоҷик чунин рафторро раво дидааст, ё дақиқтар тоҷик хуни тоҷикро рехтааст. Бо вуҷуди ин оқои Достиев дар нуктае ба яке аз сабабҳои ин ҷанг ишора мекунад:“Ин ҷанг ҷанги мо набуд, ҷанги таҳмилӣ буд, ба ибораи дигар “остин аз мо буду даст аз дигарон”. Лекин мо бо якдигар нотинҷиву нохушӣ кардем, пас мо гунаҳгорем. Агар баъди чанд вақт дар бораи ин ҷанг касе нақл кунад, шояд ҳеҷ кас бовар накунад, ки одам, тоҷик бо тоҷик ҳамин хел рафтор кардааст”.

Рӯзноманигор ва муҳаққиқ Муҳиддин Идизода, ки ҳоло дар бораи хотироти худ аз саҳнаҳои даргирӣ дар ноҳияи Шаҳритус китоберо барои чоп омода кардааст, “дасти дигарон дар остини Тоҷикистон”-ро бо як мисол қаввитар месозад: “Ман худ шоҳиди зиндаи ҳамаи қатлу куштор дар ноҳияи Шаҳритус будам. Наметавонам бо навиштаҳо ва таҳқиқоти то кунун анҷомшуда розӣ шавам. Чаро? Барои он ки дар ин ҷо нируҳои беруна рӯирост дахолат доштанд. Хадамоти ҷосусии ба хусус Узбакистон, дар симои Алиев ном полковник, ки худро сардори раёсати СНБ-и минтақаи намедонам Сурхондарё ё Термиз эълон карда буд, гаравгонгирии тоҷиконе, ки дар Шаҳритус анҷом гирифт ва он одамоне, ки аввали моҳи декабри соли 1992 аз сарҳад ба Шаҳритус фиристода буд ва онҳо бовар карданду аз сарҳад баргаштанд, имрӯз муттаассифона ягонтои мардони онҳо зинда нестанд. Аз сарҳад болотар як чоҳ канда буданд ва тамоми мардонро дар ҳамон чоҳ зинда дар гӯр карданд. Аз онҳо осоре нест, ба хусус аз ҳамон қирғизтоҷиконе, ки дар деҳаи Сайёду ноҳияи Шаҳритус зиндагӣ мекарданд, аксаран ҷавонон, куҷо шуданд онҳо? Имрӯз онҳо на дар Қирғизистонанд, на дар Шаҳритус ва на дар ягон минтақаи Тоҷикистон. Осоре аз онҳо нест”.

Таърихнигорон пешниҳод мекунанд, ки барои омӯзиши сабабҳои оғози ҷанг дар Тоҷикистон бояд бо ҷалби муҳаққиони хориҷӣ таҳқиқоти бетараф анҷом бигирад. Чунин таҳқиқот метавонад ду-се солро дар бар бигирад ва дар ин муддат на танҳо хотироти шоҳидони айнӣ ва иштирокчиён дар маҳалҳо гирдоварӣ шавад, балки ҳамаи ёддоштҳо ё ҷангномаҳои навишташуда, мақолаҳои давр дар матбуоти маҳалливу хориҷӣ аз бойгониҳо дастрас ва бетарафона омӯхта шавад. Танҳо бо назардошти омӯзиши маводи манобеи гуногун дар бораи сабабҳои оғози ҷанг метавонад таҳқиқоти арзишманду муътабар ва бетараф ба даст ояд.

Раҳматулло Абдуллоев
Раҳматулло Абдуллоев
Раҳматулло Абдуллоев- раҳбари Маркази мутолеоти масъалаҳои Афғонистон ва минтақа дар Душанбе дар бораи таҳқиқоти омилҳои ҷанг усулҳои ғарбӣ истифода шавад.:“Ман медонам, ки дар Озарбойҷон низ ба таърихи шифоҳии ин гуна низоъҳоро таваҷҷуҳ кардаанд. Хотираи ононеро ҷамъ меоранд, ки дар ин гуна низоъҳо ширкат доштанд. Барои навиштани таърихи шифоҳӣ далелҳои шифоҳӣ зарур нест, вале ба ҳар ҳол фикри ашхос ва гурӯҳҳои иҷтимоие, ки дар ҳамин равандҳои низоъ ширкат доштанд, барои таърихи шифоҳӣ муҳим аст. Вале дар Тоҷикистон муттаассифона мо ҳатто шумораи қурбониёни ҷангро ҳам дақиқ накардаем. Шумораи онҳо то 150 ҳазор нафар тахмин зада мешавад. Чандин нафари қурбониён шахсиятҳои муътабар буданд. Чаро онҳо ҳадфи ҳамлаи гурӯҳҳои мусаллаҳ қарор гирифтанд, бо вуҷуди он ки онҳо дар ин низоъ ширкат намекарданд. Муттаассифона, гурӯҳҳои даргир барои расидан ба ҳадафҳои худ ба куштани ҳамин гуна шахсиятҳо, масалан олимону фарҳангиён ва шахсони муътабар даст мезаданд ё барои бадном кардани гурӯҳи муқобил ба ин кор даст мезаданд”.

Тақрибан ҳамаи мусоҳибони мо дасти хориҷӣ дар ҷанги Тоҷикистонро рад намекунанд, вале онро омили аслӣ намедонанд ва мегӯянд, ки агар худи тоҷикон аз паси “дастҳои хориҷӣ” намерафтанд, ин воқеа ба амал намеомад. Бо вуҷуди ин онҳо эътироф мекунанд, ки 60 то 70 дарсади сабаби ҷанг ба вазъи иҷтимоӣ ва худи тоҷикон иртибот дошт. Вале ба ақидаи онҳо, пайёмади фурупошии Шӯравӣ, фақри иҷтимоӣ ва маҳалгароӣ дар раҳбарияти 20 сол пеши ин кишвар заминаҳои норизоятиро дар ҷомеа ба вуҷуд овард. Дар ин маврид истифода аз унсурҳои бедории миллӣ ва ангезаҳои мазҳабӣ истисно дониста намешавад, ки онро нируҳои хориҷӣ доман заданд ва ҳамин омил “остини мо ва дасти дигарон” арзёбӣ мешавад. Коршиносон мегӯянд, ҳоло ҳам баъзе аз кишварҳо мехоҳанд нооромиҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистонро таҳрик кунанд, вале нируҳои дохилӣ ба он роҳ намедиҳанд.
XS
SM
MD
LG