Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши шумораи ҷангҷӯёни хориҷӣ дар Сурия


Шабакаи хабарии НБС ба нақл аз мақомоти амниятии Амрико ва Бритониё мегӯяд, ки шумораи ҷанҷӯёни хориҷӣ дар Сурия ва анвои кишварҳое, ки аз он меоянд, дар солҳои охир бесобиқа будааст.

Шабакаи хабарии НБС аз қавли яке аз мушовирони баландпояи "Дафтари масири амнияти миллӣ" дар Амрико гуфтааст, ки "шумори касоне ки ба Сурия мераванд, (ҷангҷӯёни хориҷӣ) бештар аз он аст, ки мо дар Афғонистон шоҳиди он будем."

Ин мақом дар конфронси солонаи Муассисаи байналмилалии раисони пулис афзудааст, "афзоиши шумори ҷангиёни хориҷӣ бештар аз Афғонистон, Яман, Сумолӣ, Ироқ ва ҳар чизе, ки дар даҳ соли гузашта дидаем, аст."

Ҷо Ҷонсон, вазири амнияти дохилии Бритониё низ тайи дидоре аз Канада дар як суханронӣ гуфтааст, наздик ба 12 ҳазор нафар аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон, тайи се соли гузашта ба Сурия рафтаанд то дар ҷанги дохилии он ширкат карда ва ба гурӯҳҳое, аз ҷумла "Давлати исломӣ" бипайванданд."

Вай гуфтааст, "мо ин рақамро эълон карда ва мегӯем, 16 ҳазор нафар аз 80 кишвар ба Сурия рафтанд. Ба гуфтаи ӯ, ду ҳазор нафар аз ин афрод, шаҳрандони кишварҳои арабӣ ҳастанд.

Хабаргузории Ройтерз аз қавли вазири амнияти дохилии Амрико нақл кардааст, ки он кишвар бар талошҳои ҳамоҳанги худ барои ёфтани ҷангҷӯёни хориҷии аҳли Амрико, ё онҳо ки қасди ворид шудан ба он кишварро доранд, афзоиш медиҳад.

Ба гуфтаи вазири амнияти дохилии Бритониё, "мо нигаронем, ки на танҳо ин афрод ба Давлати исломӣ ё гурӯҳҳои ифротии дигар дар Сурия мепайванданд, балки мумкин аст аз сӯи онҳо барои хуруҷ аз Сурия ва анҷоми ҳамлаҳои хориҷӣ низ ба кор гирифта шавад."

Дар айни ҳол як мақоми аршади пулиси федералии Амрико FBI мегӯяд, шумораи онҳое, ки аз кишварҳои арабӣ ба Сурия мераванд, бисёр зиёд аст. Шабакаи НБС аз қавли муовини зиддиҷосусии FBI гуфтааст, ки афроди байни 15 то 63 сола ба Сурия сафар кардаанд.

Вазири амнияти дохилии Бритониё гуфтааст, "хабари хуб ин аст, ки тайи 13 соли гузашта қобилиятҳои мо барои хунсо кардани ҳамлаи террористӣ, пеш аз он, ки ба дохил бирсанд, беҳбуд пайдо кардааст". Вай гуфтааст, ки "хабари бад ин аст, ки мо ҳамчунон бо душманони террорист ва бо таҳдиди воқеии терроризм рӯбарӯ ҳастем."

Мақомҳои амниятии Амрико ба шабакаи хабарии НБС гуфтаанд, бисёре аз ҷангиёни ғарбӣ, ки дар сафи гурӯҳҳое монанди Ҷабҳаи "Ан-Нусра" ва ё "Аҳрор Аш-Шом" ҳузур доштанад, бо пешравиҳои Давлати исломӣ, ба ин гурӯҳ пайвастаанд.

Хабаргузории Ройтерз ҳафтаи гузашта аз қавли мақомҳои амрикоӣ гузориш дода буд, ки пулиси байналмилалӣ - "Интерпол" барномаи наверо барои беҳбуд ёфтани табодули маълумот дар мавриди ҷангҷӯёни хориҷӣ дар Сурия ва Ироқ ба иҷро гузоштааст. Давоми моҳҳои гузашта мақомҳои кишварҳои ғарбӣ борҳо дар мавриди таҳдиҳо аз ҷангҷӯёне, ки ба Сурия рафта ва сипас ба кишварҳои худ бармегарданд, ҳушдор дода буданд.

XS
SM
MD
LG