Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алишер Усмоновро Facebook сарватманд кард


Барои шомил шудани Усмонов ба феҳрасти бойтарин миллиардерҳои ҷаҳон 2,5 миллиард доллар нарасид.

Шабакаи Фейсбуке, ки акнун онро дар Тоҷикистон бастаанд, яке аз омилҳои асосии ба қуллаи сарват расидани Алишер Усмонови чустии намангонӣ шудааст. Коршиносони бунгоҳи Bloomberg дар Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, Усмонов тадриҷан ба яке аз бойтарин ашхоси Русия табдил ёфтааст ва аз эҳтимол дур нест, дар оянда ба “Бистгонаи миллиардерҳои ҷаҳон” шомил гардад.

Ин коршиносон мегӯянд, сарвати Алишер Усмонов, зодаи Узбакистон ва бунёдгузори ширкати "Металлоинвест" ба 20,1 миллиард доллар расидааст. Ба ақидаи онҳо, як сармоягузории ӯ барояш кӯмак кард, ба қатори олигархҳои дараҷаи аввали Русия ворид шавад.

Усмонов чанд сол пеш, замоне 5,5 дарсади саҳмияҳои Facebook-ро харидорӣ кард, ки нархи умумияшон 4 миллиард доллар буд. Афзоиши қимати ин саҳмияҳо сармоягузории Усмоновро 9 баробар бештар кард. Акнун вай ва ҳамкораш Юрий Милнер дар якҷоягӣ соҳиби 10 дарсади саҳмияҳои Facebook.Inc. мебошанд.

Ширкати "Металлоинвест", ки Усмонов таъсис додааст, яке аз калонтарин корхонаҳои тавлиди ашёи хом ба шумор меравад, вале ин соҳибкор даромади корхонаи худро бештар дар риштаи фанновариҳои нав корбаст мекунад ва аз ин ҳисоб даромади бузург ба даст меорад. Барои намуна, ӯ тавонист, 80 дарсади саҳмияҳои ширкати Digital Sky Technologies (DST)-ро низ ба даст орад ва амалан ба молики он табдил ёбад. Ба ғайр аз ин қариб 30 дарсади саҳмияҳои ширкати интернетии Mail.ru низ ба Усмонов тааллуқ дорад.

Усмонов дар соли 2007 муҷтамаи матбуотии “Коммерсант”-ро харид ва 75 дарсади Муз-ТВ-ро низ ба даст овард. Вай раиси Шӯрои мудирони “Газпроминвестхолдинг” – бахши марказии ширкати давлатии “Газпром”-и Русия низ аст.

Дар ҳоле ки 27 дарсади саҳҳоми дастаи футболи "Арсенал"-и Бритониё низ дар дасти миллиардер Усмонов аст, вай аз соли 2008 ба ин сӯ раиси Федератсияи шамшербозон ва раҳбари созмони хайрияи “Ҳунар, илм ва варзиш” мебошад. Ба воситаи ин созмон Усмонов нашри куллиёти шоири русзабони тоҷик Темур Зулфиқоровро дар ҳашт ҷилд сармоягузорӣ кардааст.

Алишер Усмонови 57-сола дар шаҳри Чусти вилояти Намангони Узбакистон дар хонаводаи додситон ба дунё омада, соли 1976 Донишкадаи равобити байнулмилалиро хатм кардааст.

Дар феҳрати мунташиркардаи Bloomberg Карлос Слими мексикоӣ сарватмандтарин шахси дунё ва соҳиби 68,4 миллиард доллар номида шудааст. Раиси ширкати машҳури Microsoft Билл Гейтс дар номгӯйи миллиардерҳои ҷаҳон ҷойи дувумро гирифт. Бино бар маълумоти бунгоҳи Bloomberg дороии Гейтс 62,1 миллиард долларро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG