Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷаллаи Forbes ба пойтахти Тоҷикистон аз лиҳози шароити соҳибкорию тиҷорат дар байни 20 шаҳри Шӯравии собиқ мақоми 17-умро додааст.

Маҷаллаи бритониёии Forbes ба Душанбе аз лиҳози шароити соҳибкорию тиҷорат баҳои баланд надода, дар як раддaбандии тозаи хеш дар байни 20 шаҳри Шӯравии собиқ пойтахти Тоҷикистонро дар мақоми ҳамагӣ 17-ум гузоштааст. Ин раддабандӣ, ки рӯзи 22-уми май дар торнамои фарзияи русии ин маҷалла нашр шуд, наҳви пешбурди соҳибкориро дар 20 шаҳри кишварҳои пасошӯравӣ ба риштаи таҳлил кашида, Душанберо ба қатори се шаҳре шомил карда аст, ки пешбурди соҳибкорӣ дар онҳо аз ҳама мушкилтар аст.

Forbes бо зикри шумораи аҳолии Душанбе навиштааст, ки маоши миёна дар ин шаҳр 271 долларо ташкил дода, ҳамагӣ 2,5 дарсади мардум дар бахши саноат машғули коранд, ки дар қиёс бо шаҳрҳои дигар хеле кам аст. Дар мавриди вазъияти бизнес дар Душанбе Forbes аз қарори ахири додгоҳи иқтисодии пойтахт дар мавриди дубора давлатӣ кардани корхонаи дӯзандагии «Гулистон», марбут ба Дмитрий Фирташ, соҳибкори укроинитабор ёдовар шуда, бо ин ишора кардааст, ки дар Тоҷикистон моликияти хусусиро давлат метавонад дар як они воҳид аз они худ кунад.

Пойтахти наздиктарин ҳамсоякишвари Тоҷикистон Қирғизистон - Бишкек дар ин раддбандӣ мақоми 12-умро ба худ ихтисос додааст, ки нисбат ба Душанбе панҷ дараҷа пеш аст. Таҳлилгарони Forbes бо зикри он ки калонтарин бозори минтақа бо номи "Дордой" маҳз дар Бишкек воқеъ аст, навиштаанд, ду дарсади аҳолии Қирғизистон соҳибкоранд.

Аз кишварҳои Осиёи Миёна ду шаҳри бузурги Қазоқистон - Алма-Ато ва Остона мақомҳои аз ҳама пештарро ба худ ихтисос додаанд. Ба навиштаи таҳлилгарони ин маҷалла, танҳо маҳсулоти истеҳсолкардаи худи шаҳри Алма-Ато 32 миллиард долларро ташкил мекунад, ки барои қиёс аз маҷмӯи маҳсулоти дохилии тамоми Тоҷикистон панҷ маротиба бештар аст.

Ҳамин тариқ Forbes Минск - пойтахти Беларусро беҳтарин шаҳр барои пешбурди тиҷорату соҳибкорӣ эътироф карда, ба шаҳри Таллин - пойтахти Эстония ҷои дувум ва ба Вилнюс - пойтахти Литва ҷои сеюмро додааст.

Нозим Ишонқулов, директори «Маркази бозори озоди Тоҷикистон» дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барои коршиносон ва афроде, ки бо шаҳр ва кишвари мо ошно ҳастанд натиҷаҳои ин раддабндии Forbes ғайринтизор нест. Вай гуфт: «Сармоягузорӣ ва пешбурди соҳибкорӣ дар Душанбе мутасифона риски хеле зиёд дорад. Дар ин марвид якчанд омилро мешавад зикр кард, ин мизони баланди андоз ва умуман наҳваи душвори андозситонӣ. Умуман низоми ситонидани андоз ва боҷи гумрукӣ хеле мураккаб ва бюрократӣ аст, ки вақти зиёд мегирад ва боиси сар задани муносибатҳои коррупсионӣ мешавад. Аз ҳама муҳим соҳибкорон ҳуқуқҳои хешро дар мавриди моликият ҳимоят карда наметавонанд. Чунки бо муроҷиат ба додгоҳ низ хеле кам иттифоқ меафтад, ки ҳуқуқҳои касе ҳимоят шавад».

Ҷаноби Ишонқулов афзуд, охирин амалкарди мақомот дар нисбати молияикти Фирташ барои сармоягузорон як сигнали бисёр равшан буд, ки онҳоро аз сармоягузорӣ дар Тоҷикистон бозмедорад. Чунки онҳо дарк карданд, ки ғасби рейдерии моликияти хусусӣ дар кишвари мо ин амали густариш пайдокардааст ва барои амнияти моликияти хусусӣ касе кафолат дода наметавонад.

Зимнан худи соҳибкрон мегӯянд, онҳо бештар аз фоизҳои гарони бонкӣ ва ҳуҷҷатҳои бешумор ҳангоми ворид кардани маҳсулот ба қаламрави кишвар азият медиҳад.

Содиқ Бояков, як соҳибкори сокини Душанбе дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: «Агар ба соҳикорон озодии бештар бидиҳанд, ин боиси ободии кившар мешавад. Аммо мо ҳоло аз камбуди маблағ барои гардон кардани тиҷорати худ азият мекашем. Ба кадом бонке муроҷиат накунӣ фоизаш баланд аст. Агар ҳар чӣ қадар соҳибкор дастгирӣ шавад, боҷи гумруку андоз ва дигар хароҷотҳо камтар шавад, албатта моли мефурӯхтаи ӯ ҳам барои мардум хеле арзонтар мешавад».

Мавқеи Тоҷикистон дар раддбандии мушобеҳи Бонки ҷаҳонӣ бо номи "Пешбурди тиҷорат" ва ё Doing Business низ чандон боло нест. Дар раддабандии ахири хеш Бонки ҷаҳонӣ мавқеи Тоҷикистон баҳри мушкил кардани пешбурди тҷиорат аз рӯи бархе шохисҳо дар нисбати соли қаблӣ боз ду зина поин бурда, дар мақоми 143-ум ҷояш кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG