Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон. Заифтарин иқтисод дар байни 15 ҷумҳурии собиқ СССР


Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар як майдони пахтазор. Пахта як маҳсулоти стратегии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар як майдони пахтазор. Пахта як маҳсулоти стратегии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

«Forbes» иқтисоди Тоҷикистонро дар байни 15 кишвари Шӯравии собиқ дар ҷои охирин 15-ум гузошта, менависад, иқтисоди ин кишвар аз Эстония ва Литва 10 маротиба ва аз Русияву Қазоқистон 9 маротиба заифтар аст.

Маҷаллаи «Forbes» дар як раддабандиии ҷадид, ки рӯзи 19 феврал дар нашри украинии ин нашрияи амрикоӣ ба чоп расид, иқтисоди Тоҷикистонро дар миёни 15 кишвари Шӯравии собиқ аз ҳама заиф ба қалам дода, дар ҷои охирин гузоштааст. Тавонотарин иқтисоди ин паҳно бо гузашти 23 сол аз суқути Шӯравӣ иқтисоди Эстония шинохта шуда, Қазоқистону Беларус ва Узбакистону Озарбойҷону Туркманистон дар 5 зинаи баъдӣ ҷойгир шудаанд.

Дар ин рейтинг ё раддабандӣ, ки бар асоси омори иқтисодии аз ин 15 кишвар барои солҳои 1990 - 2008 ҷамъовардаи муаррихи иқтисод Агнус Мэддисон ва омори Сандуқи байналмилалии пул барои солҳои 2008-2014 таҳия шудааст, нишондиҳандаи миёнаи иқтисодии Тоҷикистон 33,8 балро ташкил медиҳад, ки назар ба 6,8 балли Эстония – “қаҳрамон” дар ин сабқати иқтисодҳои 15 кишвари пасошӯравӣ – қариб 5 маротиба ақиб мемонад.

Муҳаққиқон ин нишондиҳандаи миёна (взвешенный интегральный показатель)-ро бар асоси муодилаи мураккабе дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои миёнаи маҳз ғолиби ин сабқат, яъне Эстония баровард кардаанд.

Алюминий - маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон

Алюминий - маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон

Ибтидо аз мақомҳои ишғолкардаи кишвар аз лиҳози динамикаи рушдди маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш, саҳми иқтисоди кишвар дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии дунё, уфти иқтисодаш дар солҳои 90 дар муқоиса бо соли 1990, рушди воқеъии иқтисоди кишшвар аз сатҳи пойинтарини солҳои 90 то соли 2014 ва рушди иқтиисодиаш баъди бӯҳрони соли 2008 як мақоми миёнаи кишвар дар байни 15 ҷумҳурии дар гузашта “дӯсту бародар” ба даст меояд. Натиҷаи Тоҷикистон дар ин баровард 9,4 аст, яъне на хубу на бад. Вале баъдан ин рақамро ба маҷмӯи маҳсулоти дохилии Эстония ба ҳар сари аҳолӣ аз нигоҳи қобилияти харидории мардумаш (ВВП на ППС) зарба зада, ба айни нишондиҳандаи худи Тоҷикистон тақсим мекунанд.

Ана ҳамин зарбу тақим бо “ВВП на ППС”, ки яке аз муайянкунандаҳои асосии вазъи иқтисоди кишварҳо шинохта шудааст, Тоҷикистонро ба замин зада, бурда, дар охирин мақоми раддабандии маҷаллаи «Forbes» ҷо кардааст.

Раддабандии «Forbes»

Раддабандии «Forbes»

«Forbes» менависад, маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аз нигоҳи қобилияти харидории мардум ба ҳар сари аҳолиаш солона ҳамагӣ 2 677 долларро ташкил медиҳад, ки пасттарин нишондиҳанда дар тамоми Шӯравии собиқ будааст. Барои муқоиса ин нишондиҳанда дар Эстонияву Литва аз Тоҷикистон 10 маротиба (мутаносибан – 26 555 ва 26 700 доллар), аз 24 144 доллари Қазоқистону 24 764 доллари Русия ва 23 904 доллар “ВВВП на ППС”-и Латвия 9 маротиба камтар будааст.

Ин нишондиҳанда дар Туркманистон 14 175 доллар, дар Озарбойҷон 17 943 доллар, дар Украинаву Гурҷистон ва Арманистон – мутаносибан 8240, 7665 ва 7365 доллар буда, Узбакистон ҳам бо 5564 доллар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз нигоҳи қобилияти харидории мардум ба ҳар сари аҳолиаш аз Тоҷикистон беш аз 2 маротиба пештар будааст. Ду иқтисоди мисли Тоҷикистон заифтарини пасошӯравӣ – Молдова ва Қирғизистон – низ боз ҳам аз ин нигоҳ нисбат ба Тоҷикистон пешқадамтар ба назар мерасанд.

«Forbes» дар шарҳи вазъи иқтисодии Тоҷикистон менависад, “зербинои иқтисодии бе он ҳам заифи Тоҷикистон дар даврони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ҷиддан осеб дид ва ин боиси коҳиши башиддати тавлидот дар саноат ва хоҷагии кишоварзиаш шуд. Дар поёни ҷанг маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ чунон ночиз шуд, ки ҳатто баъди 17 сол рушди ба ҳисоби миёна 7-8-фоизӣ ин кишвар дар миёни тамоми ҷумҳурии собиқи СССР аз ҳама ақиб мемонад.”

Нирӯи корӣ - боз як "маҳсулот"-и содиротии Тоҷикистон

Нирӯи корӣ - боз як "маҳсулот"-и содиротии Тоҷикистон

Маҷалла таъкид мекунад, ки беш аз 1 миллион аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи кор тарки кишвар карда ва асосан дар Русия кор мекунанд ва солона ба андозаи қариб баробари нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба Ватан пул мефиристанд. Аммо ба ақидаи муаллифон, иқтисоди Тоҷикистон аз мушкилоте, чун фасод, сифати пасти идораи давлат ва камбуди мавсими нирӯи барқ азоб мекашад, вале ин ҳам танҳо “як рӯйхати нопурраи мушкилоти иқтисоди Тоҷикистон аст.“

Тоҷикистон 142 000 километри мураббаъ масоҳат ва 8 миллион аҳолӣ дошта, маҷмӯи маҳсулоти дохилиаш дар соли 2014 беш аз 45 миллиард сомонӣ, муодили чизе бештар аз 8 миллиард долларро ташкил медиҳад. Буҷаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон тақрибан ба 3 миллиард доллар баробар мешавад. Дар соли 2013 аз Русия ба Тоҷикистон ва асосан бо шарофати муҳоҷирони тоҷик беш аз 4 миллиард доллар пул омадааст.

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар сол аз 4 миллиард доллар мегузарад, вале таносуби байни содирот ва воридоти кишвар шадидан манфӣ буда, Тоҷикистон назар ба моле ки ба хориҷ мефурӯшад, то 4 маротиба бештар аз хориҷ мол ворид мекунад.

беш аз 90 фоизи молҳо ба бозорҳои Тоҷикистон аз хориҷ меояд

беш аз 90 фоизи молҳо ба бозорҳои Тоҷикистон аз хориҷ меояд

Иқтисоддонҳо мегӯянд, Тоҷикистон амалан ба як кишвари истеъмолкунанда табдил ёфтааст, ки ба хориҷ асосан 2 навъи маҳсулот - алюминий ва пахта – ва он ҳам дар шакли ашёи хом мефурӯшад, вале ин кишвар дар муқобил беш аз 90 дарсади бозорҳояш – сар карда аз гӯгирду сӯзан, орду макарон ва равғану гӯшт то досу белу ҳатто ҷомаву тоқии тоҷикиро аз хориҷ ворид мекунад. Чӣ расад ба маҳсулоти сохтанаш мураккабтаре, чун дастгоҳу мошин ё телефону компутар, ки сохтани онҳо дар худи Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир мисли як афсонаи боварнокарданӣ менамояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG