Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода дар бозии дуввумаш дар мусобиқаи XVII байналмилалӣ барои дарёфти Ҷоми раисҷумҳури Туркманистон бар тими "Шексна"-и Череповетси Русия бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.

Бозии “Регар-ТадАЗ” дар даври дуввуми сабқати гурӯҳи “В” бо “ Шексна” 23-юми феврал дар варзишгоҳи “Ободон”-и шаҳри Ободон баргузор шуд. Голро Пирмурод Бурҳонов дар дақиқаи 69-ум ба самар расонд.

Бозии дигари гурӯҳи “В” байни ду дастаи Туркманистон - “Небитчӣ” ва “Марв” бо ҳисоби 0:0 ба анҷом расид.

Ба ин тартиб дар гурӯҳи “В” “Небитчӣ” ва “Марв” бо 4-имтиёзӣ пешқадаманд. “Регар-ТадАЗ” бо 3 имтиёз дар ҷои севум мебошад. Ҳарсе даста барои ду роҳхат ба даври баъдӣ талош доранд. Вале “Шексна”, ки бидуни хол охирин аст, сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуд.

Бозиҳои даври севум дар гурӯҳ “В” 25-уми феврал дар варзишгоҳи “Ободон” барпо мегарданд. Соати 15 бозии “Регар-ТадАЗ” бо “Марв” шурӯъ мешавад. Баъдан соати 18 дастаҳои “Шексна” ва “Небитчӣ” вориди рақобат хоҳанд шуд.

Бозиҳои даври дуввум дар гурӯҳи “А” бо чунин натиҷаҳо ба анҷом расиданд: “Олтин асир” (Ишқобод) - “Огаб Гунбад” (Эрон) – 3:0, “Ганҷасар” (Арманистон) – “Анжи” (Махачқалъа) - – 1:0.

Дар гурӯҳи А” мавқеи дастаҳо чунин аст: “Ганҷасар” - 6 хол, “Олтин асир” - 3. “Анжи” - 1, “Огаб Гунбад” - 1. Дастаи “Ганҷасар” ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Бар асоси низомномаи ин мусобиқа аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Ғолибони он ба бозии ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Дастаҳои мағлубшуда барои ҷои севум мубориза мебаранд.

Маблағи ҷавоизи ин мусобиқа 35 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон ва 20 ҳазор доллар супурда мешавад. Дастае, ки мақоми дуввумро касб мекунад, бо 10 ҳазор доллар ва дастае, ки дар ҷои севум қарор мегирад, бо 5 ҳазор доллар мукофотонида хоҳанд шуд.

Дар мусобиқаи соли гузашта “Олтин-асир” дар бозии ниҳоӣ бар “Небитчӣ” бо ҳисоби 1:0 ғолиб омада буд.

Тақвими бозиҳо

24 феврал
(Варзишгоҳи «Олимпӣ»)

15.00 «Огаб Гунбад» – «Ганҷасар»
18.00 «Анжи» – «Олтин асир»

25 феврал
(Варзишгоҳи «Ободон»)

15.00 «Регар-ТадАЗ» – «Марв»
18.00 «Шексна» – «Небитчӣ»

26 феврал
1/2 финал (Варзишгоҳи «Ободон»)

15.00 Ғолиби гурӯҳи «А» – Дастаи ҷои дуввуми гурӯҳи «В»
18.00 Ғолиби гурӯҳи «В» – Дастаи ҷои дуввуми гурӯҳи «А»

28 феврал
(Варзишгоҳи «Олимпӣ»)

14.00 Бозӣ барои ҷои 3-юм
17.00 Финал

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG