Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cардовари бозии “Регар” - “Истиқлол” муҷозот шуд


Раҳмон Муртазоев
Раҳмон Муртазоев

Шикояти бошгоҳи футболи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода аз болои сардовари бозии мавқуфгузоштаи даври 17-уми Лигаи олӣ миёни ин даста ва “Истиқлол”-и Душанбе дар Федератсиюни футболи Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Бозии “Регар-ТадАЗ” ва “Истиқлол”, ки рӯзи 31-уми октябр дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд, бо ҳисоби 0:0 ба анҷом расида буд.

Раҳмон Муртазоев, сардовари ин бозӣ аз Душанбе, дар дақиқаи 64-ум Аҳтам Ҳамроқулов, ҳамлагари “Регар-ТадАЗ”-ро аз майдон хориҷ карда, дар ҷараёни бозӣ ба панҷ нафар - Комил Саидов , Акмал Сабуров ва Далер Тухтасунов (ҳарсе аз «Регар-ТадАЗ»), Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев ва Даврон Эргашев (ҳарсе аз «Истиқлол») кортҳои зард нишон дод. Ҷамшед Исмоилов, нимҳимоятгари "Регар-ТадАЗ", барои он ки баъди ҳуштаки ниҳоии сардовар ӯро таҳқир кард, корти сурх гирифт.

Дар шикояти бошгоҳи футболи “Регар-ТадАЗ” омадааст, ки сардовари бозӣ Раҳмон Муртазоев дар дақиқаи 6-ум ба Комил Саидов беасос корти зард ва, инчунин, ба Аҳтам Ҳамроқулов ва Ҷамшед Исмоилов беасос корти сурх нишон додааст. Ба ғайр аз ин ӯ дар ҷараёни бозӣ голи задаи Комил Саидовро ба дарвозаи “Истиқлол” ҳисоб накардааст.

Ба иттилои масъулини Федератсиюни футболи Тоҷикистон шикояти бошгоҳи футболи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода 2-юми ноябр дар комиссияи коршиносии нозирону доварони ФФТ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Мирзо Маҳмадҷонов, раиси ин комиссия, ба “Озодӣ” гуфт, “баъди тамошои навори бозӣ ва ҳисоботи сардовар Раҳмон Муртазоев, нозири бозӣ Сафар Каримов, роҳбарони дастаи “Регар-ТадАЗ” Носир Бобоҷонов ва Маҳмадҷон Ҳабибуллоев аъзои комиссиюн ба хулосае омаданд, ки сардовар ба хатоҳо роҳ додааст ва дараҷаи пасти доварӣ таъкид шуд. Вале мо дараҷаи мушкилоти ин бозӣ ва кори бисёрсолаи доварии Раҳмон Муртазоевро ба назар гирифта, тасмим гирифтем, ки баҳои дар ин бозӣ ба сардовар Раҳмон Муртазоев гузошташуда як балл кам, яъне 6 балл карда, ӯ аз доварии ду даври бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон маҳрум карда шавад. Инчунин ба нозири ин бозӣ Сафар Каримов барои ба сардовари бозӣ баҳои баланд гузоштан огоҳӣ дода , ҳамчунин, корти зарде, ки дар ин бозӣ беасос ба бозигари “Регар-ТадАЗ” Комил Саидов дода шудааст, бекор карда шавад.”
XS
SM
MD
LG