Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Доварону нозирони бозиҳои даври 23-юми Лигаи олӣ эълон шуданд


Кумитаи доварону нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон доварону нозирони бозиҳои даври 23-юми Лигаи олиро эълон кард.

Довари ФИФА Равшан Ишматов (аз шаҳри Қӯрғонтеппа) сардовари бозии марказии ин давр миёни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Хайр”-и Ваҳдат таъин шудааст. Ин бозӣ 3-юми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор мешавад. Рӯзи шанбе боз се бозӣ барпо мегардад.

Вале ду бозии даври 23-юм, ки мебоист 4-уми ноябр миёни дастаҳои ССКА «Памир»-и Душанбе - «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Энергетик»-и Душанбе - «Истиқлол»-и Душанбе доир мешуд, инчунин, бозии даври 24-ум миёни тимҳои «Истиқлол» ва «Равшан» ба мӯҳлати дертар гузошта шуданд.

Сабаби мавқуф гузоштани ин бозиҳо ба ширкати футболбозони тимҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бо тими миллии Эрон, ки рӯзи 6-уми ноябр дар варзишгоҳи “Озодӣ”-и Теҳрон баргузор мешавад, бастагӣ дорад.

Даври 23-юм
3-юми ноябр, шанбе. Оғози бозиҳо соати 14.00

«ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) - «ЗАРАФШОН» (Панҷакент). Сардовар: Каюмарс Сулаймонов (Душанбе). Ёварони сардовар: Хуршед Дадобоев, Мурод Қурбонов (ҳарду аз Хуҷанд). Довари эҳтиётӣ: Наимҷон Мансуров (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров). Нозири бозӣ: Хуршед Абдураҳмонов (Хуҷанд).

«ГВАРДИЯ» (Душанбе) - «ИСТАРАВШАН» (Истаравшан). Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе). Ёварони сардовар: Ҳасан Каримов (Норак), Хусрави Сиддиқзод (Душанбе). Довари эҳтиётӣ: Комил Раҳмонов (Қумсангир). Нозири бозӣ: Шавкат Сатторов (Душанбе).

«РАВШАН» (Кӯлоб) - «ХАЙР» (Ваҳдат). Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа). Ёварони сардовар: Қурбонмаҳмад Каримов, Сафармаҳмад Шоймардонов (ҳарду аз ноҳияи Хуросон). Довари эҳтиётӣ: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа). Нозири бозӣ: Пӯлод Қодиров (Душанбе).

«ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) - «ҲОСИЛОТ» (Фархор). Сардовар: Рустам Холов (Душанбе). Ёварони сардовар: Сайёд Зайниддинов, Беҳрӯз Муртазоев (ҳарду аз Душанбе). Довари эҳтиётӣ: Ҷамшед Гирдаков (ноҳияи Панҷ). Нозири бозӣ: Раҳимҷон Шарифов (Душанбе).
XS
SM
MD
LG