Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Регар” аз болои сардовар Муртазоев ба ФФТ шикоят бурд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Тими футболи "Регар-Тадаз" аз болои сардовари бозии миёни ин даста ва "Истиқлол" Раҳмон Муртазоев шикоят кардааст.

Бошгоҳи футболи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ба Федератсияи футболи Тоҷикистон аз болои сардовари бозии мавқуфгузоштаи даври 17-уми Лигаи олӣ миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ”ва “Истиқлол”-и Душанбе шикоят бурдааст.

Ин бозӣ, ки рӯзи 31-уми октябр дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бо ҳузури 6 ҳазор тамошогар баргузор шуд, бо ҳисоби 0:0 ба анҷом расид.

Раҳмон Муртазоев, сардовари ин бозӣ аз Душанбе, дар дақиқаи 64-ум ба Аҳтам Ҳамроқулов, ҳамлагари “Регар-ТадАЗ”, корти сурх нишон дод ва ӯ аз майдон хориҷ шуд. Инчунин дар ҷараёни бозӣ шаш нафар - Комил Саидов, Акмал Сабуров, Далер Тухтасунов (ҳарсе аз «Регар-ТадАЗ»), Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев ва Даврон Эргашев (ҳарсе аз «Истиқлол») кортҳои зард гирифтанд. Ҷамшед Исмоилов, нимҳимоятгари "Регар-ТадАЗ", барои он ки баъди ҳуштаки ниҳоии сардовар ӯро таҳқир кард, корти сурх гирифт.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи “Регар-ТадАЗ”, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “ин бозии ҳалкунандаи чемпионат ҳисоб меёфт. Вале сардовари бозӣ Раҳмон Муртазоев аз аввал то охири бозӣ яктарафа доварӣ кард. Хатоҳои ҳариф ба чашмаш намерасид. Ин довар барои он омада буд, ки дастаи “Регар-ТадАЗ” бояд мағлуб шавад. Пас аз анҷоми бозӣ ҳамкасби ман Никола Кавазович, сармураббии дастаи “Истиқлол” ва мунтахаби Тоҷикистон, низ дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон аз доварон норозигӣ баён кард ва ӯ бо таассуф гуфт, ки хатоҳои доварон дар ин бозӣ ба рӯҳияи футболбозон, бахусус, аъзои тими миллӣ таъсири манфӣ расонд. Мо чанд бозие, ки дар мавсим бо “Истиқлол” гузарондем, Раҳмон Муртазоев бозигарони моро аз майдон пеш мекунад ва мо намедонем, ки сабабаш чист? Ин дафъа ҳам ҳамин хел шуд. Мо ба шикояти худ ба Федератсияи футболи Тоҷикистон навори бозиро пешкаш кардем. Бояд гуфт, ки 9 бозигари дастаи мо ба дастаи мунтахаб номзад ҳастанд, аз дастаи “Истиқлол” боз ҳам бештар ба тими миллӣ дохиланд. Дар ин бозӣ сармураббӣ Никола Кавазович мебоист бозии аъзои дастаи мунтахабро аз назар мегузаронд. Вале ба ӯ бо айби доварон чунин имконият даст надод. Мухлисон ҳам гумон доштанд, ки ин бозӣ бо иштироки беҳтарин футболбозони кишвар хеле шавқовар сурат мегирад. Вале сардовар имкон надод, ки бозигарони мо маҳорати худро комилан нишон диҳанд. Ин чизҳо дар навори пешниҳодкардаи мо ба ФФТ бараъло ба чашм мерасад. Бояд сардовар Раҳмон Муртазоев муҷозот шавад.”

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00
Линки мустақим


Ба иттилои масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон шикояти бошгоҳи футболи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода 2-юми ноябр дар комиссиюни мушовараи нозирону доварони ФФТ мавриди муҳокима қарор мегирад, ки аз натиҷаи он хонандагони торнамо ва шунавандагони Радиои Озодиро хабардор хоҳем кард.

Дар ҳамин ҳол, дар ҷадвали мусобиқа “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 52 имтиёз дар ҷойи аввал, "Равшан"-и Кӯлоб бо 50 имтиёз дар ҷойи дувум ва «Хайр”-и Ваҳдат бо 45 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки 19 бозӣ кардааст, бо 43 имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудааст. Мубориза барои дарёфти унвони қаҳрамони Тоҷикистон ва медалҳои мусобиқа миёни дастаҳои пешсаф идома хоҳад кард.



“Регар-ТадАЗ” аз 3 бозии боқимонда дутоашро дар меҳмонӣ бо ССКА “Помир” ва “Парвоз” ва яктоашро дар майдони худ бо “Гвардия” анҷом медиҳад. “Равшан” 4 бозии дигар дорад: дутоаш дар Кӯлоб бо “Хайр” ва “Истаравшан” ва дутоаш дар сафар бо “Истиқлол” ва “Зарафшон”.

“Истиқлол” аз 5 бозии боқимонда дутоашро дар майдони худ бо “Равшан” ва “Хуҷанд” ва сетоашро дар меҳмонӣ бо “Энергетик”, “Хайр” ва “Ҳосилот” мегузаронад.
“Хайр” аз 4 бозии боқимонда сетоашро дар сафар бо “Равшан”, “Ҳосилот” ва “Истаравшан” ва яктоашро дар майдони худ бо “Истиқлол” анҷом медиҳад.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG