Пайвандҳои дастрасӣ

​Имрӯз, 20-уми январ, мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) дар бозии севумаш дар Ҷоми Иттиҳод-2015 дар Санкт-Петербурги Русия бо тими Литва рақобат мекунад.

Мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) дар даври охирини сабқати гурӯҳии “Ҷоми Иттиҳод-2015”, ки 20-уми январ соати 18:15 ба вақти Душанбе дар Маҷмааи варзишию консертии «Петербургский»-и шаҳри Санкт-Петербург шурӯъ мешавад, бо мунтахаби Литва бозӣ мекунад.

Бозии дигари гурӯҳи С байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (ҶАҶ) ва Қазоқистон соати 14:00 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.

Ёдовар мешавем, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии аввал бар тими Қазоқистон бо ҳисоби 1-0 пирӯз шуда, дар бозии дувумаш аз мунтахаби ҶАҶ бо ҳисоби 1-3 шикаст хӯрдааст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвли гурӯҳи С баъди ду давр:

Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ - 4 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 4-2
Тоҷикистон - 3 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 2-3
Қазоқистон – 3 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 1-1
Литва – 1 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 1-2

19-уми январ бозиҳои даври охирини сабқати гурӯҳҳои А ва В дар«Ҷоми Иттиҳод-2015» баргузор шуданд. Натоиҷи бозиҳо чунин аст:

Гурӯҳи А

Беларус – Финляндия - 1:0 (1:0)

Гол: Яблонский, 34.

Туркманистон – Эстония - 3:1 (1:1)

Голҳо: Нурмуродов, 34 (1:0) , 52 (2:1), Саартс, 45 (1:1), Аннақулиев, 67 (3:1) (пеналтӣ).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи А :

Беларус - 9 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 6-0
Туркманистон - 4 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 4-3
Финляндия – 4 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 3-3
Эстония – 0 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 2-9

Гурӯҳи В

Молдова – Латвия – 1:1 (0:0)

Голҳо: Тиденбергс, 49 (0:1), Бежан, 82 (1:1).

Қирғизистон – Русия - 2:1 (1:0)

Голҳо: Дуйшобеков, 45 (1:0). Умаров, 50 – аз пеналтӣ (2:0). Евсеев, 83 – аз пеналтӣ (2:1).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ҷамъбастии гурӯҳи В :

Қирғизистон - 5 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 4-3
Русия - 4 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 4-4
Молдова – 3 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 4-4
Латвия – 2 имтиёз, таносуби тӯбҳо - 2-3

Тақвими бозиҳои “Ҷоми Иттиҳод-2015”:

20-уми январ (сешанбе)

14:00 – ҶАҶ – Қазоқистон

16:15 – Литва – Тоҷикистон

21-уми январ (чоршанбе)

1/4 финал

14:00 – Беларус – 3В/3С

16:15 – Русия – 2С

18:30 – 1С – Туркманистон

21:00 – Қирғизистон – 3А/3С

22-юми январ (панҷшанбе)

Бозиҳо барои ҷойҳои 9-12-ум

18:30 – Эстония – 4С

21:00 – Латвия – 3А/3В/3С

23-юми январ (ҷумъа)

14:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум

16:15 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум

18:30 – Нимфинал

21:00 – Нимфинал

24-уми январ (шанбе)

18:30 – Бозӣ барои ҷойи 11-ум

21:00 – Бозӣ барои ҷойи 9-ум

25-уми январ (якшанбе)

13:00 – Бозӣ барои ҷойи 7-ум
15:15 – Бозӣ барои ҷойи 5-ум
17:30 – Бозӣ барои ҷойи 3-юм
21:00 – Финал

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо - ба вақти Душанбе.

XS
SM
MD
LG