Пайвандҳои дастрасӣ

Шикасти дастаи Тоҷикистон аз Урдун дар Аммон


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон шаби13 октябр дар шаҳри Аммон аз тими миллии Урдун бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд.

Бозии даври шашуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” миёни дастаҳои мунтахаби миллиии футболи Урдун ва Тоҷикистон, ки шаби сешанбеи 13 октябр дар Варзишгоҳи байналмилалии пойтахти Урдун - шаҳри Аммон - баргузор шуд, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3:0 поён ёфт.

Ҳар се голро футболбозони Урдун дар нимаи дуввуми бозӣ ба самар расонданд. Ҳамза Ал-Дарадреҳ дар дақиқаи 65-ум ҳисобро боз намуд. Баъди ду дақиқа голи дуввумро Ҳасан Абдулфаттоҳ вориди дарвозаи меҳмонон кард. Дарвоқеъ, вай дар Душанбе ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон се гол зада буд. Голи севумро боз ҳам Ҳамза Ал-Дарадреҳ дар замони изофии таъиннамудаи сардовар - 90+4 - ба ҳадаф расонд.

Ба иттилои Фаридун Солиев, сухангӯи Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин бозӣ ҳимоятгар Фарҳод Восиев (“Газовик”, Оренбург, Русия), ки дар бозии пешин муқобили мунтахаби Қирғизистон корти сурх гирифта буд ва нимҳимоятгар Нуриддин Давронов (“Истиқлол”, Душанбе), ки дар Бишкек лат хӯрдааст, дар бозӣ бо тими миллии Урдун иштирок накардаанд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон муқобили Урдун:

1. АлишерТӯйчиев. 2. Далерҷон Тухтасунов. 4. Манучеҳр Аҳмадов (20. Парвизҷон Умарбоев, 74). 6. Давронҷон Эргашев. 10.Хуршед Маҳмудов (капитан). 12. Сиёвуш Асроров. 15. Ҳасан Рустамов.17. Дилшод Восиев (5. Ҷаҳонгир Алиев, 88). 18. Фатҳулло Фатҳуллоев. 19. Аҳтам Назаров. 22. Комил Саидов (9. Фарҳод Тоҳиров, 68).

И.в. сармураббӣ: Мубин Эргашев.

Ҳайати мунтахаби Урдун муқобили Тоҷикистон:1.Амир Шафӣ (капитан). 4. Баха Абдулраҳмон. 5. Аҳмад Солеҳ. 11. Удай Заҳран. 13. Ясин Бахит. 14. Абдулло Диб (7. Монтхер Абу Аммара,12). 16. Раҷай Фозил Ҳасан. 17. Иброҳим Заваҳре. 18. Ҳасан Абдулфаттоҳ. 20. Ҳамза Ал-Дарадреҳ. 21. Муҳаммад Ал-Дмеирӣ.

Сармураббӣ: Паул Пут.

Ҳакамони ин бозӣ таҳти раҳбарии довари ФИФА Абдулло Муҳаммад Масъуд Ал-Ҳилолии 44-сола аз Уммон, нозири доваронАла Обид Ал - Қодир Ал-Абадӣаз Ироқ, комиссари бозӣАлӣ Ҷебрил аз Фаластин буданд.

Ёдовар мешавем, бозии даври нахустини сабқати интихобӣ миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдун, ки 11 июни соли равон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуда буд, бо ғалабаи меҳмонон бо ҳисоби 3:1 хотима ёфта буд.

Дар бозии дигари даври шашум дар гурӯҳи “В”рӯзи 13 октябр дастаи мунтахаби Қирғизистон дар майдони худ бар тими миллии Бангладеш бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Голҳоро Виталий Люкс дар дақиқаи 27-ум ва Илдар Амиров дар дақиқаи 89-ум заданд.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа дастаи мунтахаби Урдун бо 13 имтиёз мақоми аввалро касб кардааст. Австралия, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 9 имтиёз дар ҷойи дуввум, Қирғизистон бо 8 имтиёз дар ҷойи севум, Тоҷикистон бо 2 имтиёз дар ҷойи чорум ва Бангладеш бо 1 имтиёз дар зинаи охирин - панҷум қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “В”:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Урдун

5

4

1

0

12-1

13

2

Австралия

4

3

0

1

10-3

9

3

Қирғизистон

5

2

2

1

8-5

8

4

Тоҷикистон

5

0

2

3

4-12

2

5

Бангладеш

5

0

1

4

2-15

1

Тақвими бозиҳои боқимондаи гурӯҳи “В”:

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

ТОҶИКИСТОН – Бангладеш

Австралия – Қирғизистон

Даври 8-ум

17 ноябр (сешанбе)

Бангладеш – Австралия

Қирғизистон – Урдун

Даври 9-ум

24 марти соли 2016 (панҷшанбе)

Австралия – ТОҶИКИСТОН

Урдун – Бангладеш

Даври 10-ум

29 марти соли 2016 (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Австралия – Урдун

Ба ҷуз бозиҳои гурӯҳи «В» дар майдонҳои футболи Осиё рӯзи 13 октябр боз 12 бозӣ бо чунин натиҷаҳо поён ёфт:

Гурӯҳи «А»

Темури Шарқӣ — Малайзия– 0:1

Гурӯҳи «С»

Бутан — Ҳонконг– 0:1

Қатар — Молдив– 4:0

Гурӯҳи «D»

Туркманистон — Гуам– 1:0

Умон — Ҳиндустон – 3:0

Гурӯҳи«Е»

Сингапур — Камбоҷа– 2:1

Сурия — Афғонистон – 5:2

Гурӯҳи «F»

Ветнам — Тайланд – 0:3

Гурӯҳи «G»

Мянмар — Лаос – 3:1

Кувайт — Лубнон – 0:0

Гурӯҳи «Н»

Кореяи Шимолӣ — Яман– 1:0

Баҳрайн — Филиппин– 2:0

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG