Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Доварон аз Узбакистон барои бозии “Истиқлол” - “Эрбил”


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

​Бозии нахустини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Эрбил”-и Ироқро ҳакамон аз Узбакистон доварӣ мекунанд.

Доварони бозии нахустини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2015 байни дастаҳои “Истиқлол”-и Тоҷикистон ва “Эрбил”-и Ироқ аз Узбакистон мебошанд.

Довари ФИФА Илгиз Танташеви 30-сола аз шаҳри Бухоро сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Ҳусниддин Шодмонови 38-сола ва Алишер Усмонови 30-сола ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Шерзод Қосимови 26-сола вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Виктор Колпаков аз Қирғизистон нозири доварон ва Тох Сен Ни аз Малайзия комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

Ёдовар мешавем, “Истиқлол” дар Ҷоми АФК-2015 дар гурӯҳи “С” бо тимҳои “Ал-Қодсия”-и Кувайт, барандаи феълии Ҷоми АФК, “Эрбил”-и Ироқ, финалисти мусобиқаи охирини Ҷоми АФК ва ғолиби плей-офф (Умон, Туркманистон ва Қирғизистон) рақобат хоҳад кард.

Бозиҳои гурӯҳӣи “С” аз 25-уми феврал то 13-уми май баргузор мешаванд. Аввалин бозии “Истиқлол” бо “Эрбил” 25-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо мегардад.

Ҷоми АФК-2015. Гурӯҳи "С"

Даври 1-ум

25 феврал (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Эрбил» (Ироқ)

«Ал-Қодсия» ё «Ал-Арабӣ» (Кувайт) – ғолиби плей-офф 1 («Фанҷа» Умон, «Аҳал» Туркманистон ё «Дордой» Қирғизистон)

Даври 2-юм

11 март (чоршанбе)

Ғолиби плей-офф 1 («Фанҷа» Умон, «Аҳал» Туркманистон ё «Дордой» Қирғизистон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

«Эрбил» (Ироқ) – «Ал-Қодсия» ё «Ал-Арабӣ» (Кувайт)

Даври 3-юм

18 март (чоршанбе)

«Ал-Қодсия» ё «Ал-Арабӣ» (Кувайт) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Ғолиби плей-офф 1 («Фанҷа» Умон, «Аҳал» Туркманистон ё «Дордой» Қирғизистон) – «Эрбил» (Ироқ)

Даври 4-ум

15 апрел (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Қодсия» ё «Ал-Арабӣ» (Кувайт)

«Эрбил» (Ироқ) – Ғолиби плей-офф 1 («Фанҷа» Умон, «Аҳал» Туркманистон ё «Дордой» Қирғизистон)

Даври 5-ум

29 апрел (чоршанбе)

«Эрбил» (Ироқ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон)

Ғолиби плей-офф 1 («Фанҷа» Умон, «Аҳал» Туркманистон ё «Дордой» Қирғизистон)– «Ал-Қодсия» ё «Ал-Арабӣ» (Кувайт)

Даври 6-ум

13 май (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) – Ғолиби плей-офф 1 («Фанҷа» Умон, «Аҳал» Туркманистон ё «Дордой» Қирғизистон)

«Ал-Қодсия» ё «Ал-Арабӣ» (Кувайт) – «Эрбил» (Ироқ)

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG