Пайвандҳои дастрасӣ

Мунтахаби футболи Тоҷикистон (U-23) дар бозии даври 1/8-ниҳоии мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ 26-уми сентябр аз тими Ироқ боҳисоби 2-4 шикаст хӯрд ва аз идомаи сабқат маҳрум шуд.

Дастаи мунтахаби футболбозони то 23-солаи Тоҷикистон дар бозии даври 1/8-ниҳоии мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчони Кореяи Ҷанубӣ аз тими Ироқ бо ҳисоби 2-4 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум шуд. Ин бозӣ 26 сентябр дар варзишгоҳи «Инчон»-и шаҳри Инчон баргузор гардид.

Ду голи мунтахаби Тоҷикистонро Дилшод Восиев (35) ва Фатҳулло Фатҳуллоев (87) заданд. Дарвоқеъ, мунтахаби Ироқ дар сабқати гурӯҳӣ бар тимҳои Непал (4:0), Ҷопон (3:1) ва Кувайт (3:0) пирӯз шудааст.

Натоиҷи бозиҳои дигари даври1/8-ниҳоии мусобиқот:

25 сентябр (панҷшанбе)

Фаластин – Ҷопон 0-4

Урдун - Қирғизистон – 2-0

Кореяи Ҷанубӣ – Ҳонконг – 3-0.

Тайланд – Чин– 2-0

26 сентябр (ҷумъа)

Ироқ – Тоҷикистон – 4-2

12.00 – Ветнам–Имороти Маттаҳидаи Араб

16.00– Узбакистон–Арабистони Саудӣ

16.00 –Кореяи Шимолӣ - Индонезия

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Душанбе аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG