Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии “Ҳосилот” бар “Вахш” ва мусовии ССКА бо “Хайр”


ССКА «Помир»-и Душанбе бозиро дар майдони худ бо тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод. Ҳарду гол дар нимаи дувуми бозӣ зада шуд. Шодибек Ғаффоров, ҳамлагари мизбонон, дар дақиқаи 69-ум ҳисобро боз кард. Баъди ҳафт дақиқа Умед Азизов, бозигари меҳмонон, ҳисобро баробар намуд.

Дар бозии дигари даври шонздаҳум дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа аз тими меҳмон - «Ҳосилот»-и Фархор – бо ҳисоби бузурги 0:3 шикаст хӯрд. Голҳоро Наврӯз Рустамов (дақиқаи 7-ум), Комил Саидов (69 ва 90+2) заданд.

Ёдовар мешавем, дар бозии марказии ин давр, ки рӯзи шанбеи 15-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар баргузор шуда буд, дастаи “Истиқлол”-и Душанбе тими «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзодаро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод. Инчунин дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд дар меҳмонӣ бар тими «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, боз як бозии даври шонздаҳум байни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва “Барқчӣ”-и Душанбе бинобар ширкати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2016 дар Баҳрайн ба муҳлати дертар гузаронида шудааст.

Дар ҳамин ҳол “Истиқлол” бо 39 имтиёз дар ҷадвали мусобиқаи лигаи олӣ дар ҷойи аввал қарор дорад. Ба душанбегиҳо барои ба даст овардани медалҳои тиллои мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар ду бозии боқимонда як имтиёз ба даст овардан кофист.

“Ҳосилот”, ки бо 31 имтиёз дар ҷойи дувум аст, барои медалҳои нуқра муддаии аслист. Се даста – “Регар-ТадАЗ”, ССКА “Помир” ва “Барқчӣ”-и Душанбе, ки мутаносибан дар зинаҳои севум, чорум ва панҷуми ҷадвал ҷойгир шудаанд, аслан барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 16-ум

«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 3:1 Голҳо: Санҷар Баротов, 38 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 61 (1:1). Фатҳулло Фатҳуллоев, 71 (2:1). Дэвид Мавутор, 90+4 (3:1).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук, Дэвид Мавутор (Исмоил Алимардонов, 90+4) , Амирбек Ҷӯрабоев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Дилшод Восиев (Нозим Бобоҷонов, 52), Фаридун Шарифов, Ҷаҳонгир Алиев, Манучеҳр Ҷалилов.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Алишер Додов, Фаррух Чориев (Аскар Равшанов, 85), Алишер Шарифов, Фирӯз Қараев, Фарҳод Холбеков (Далер Бердиқулов, 90+5), Расул Файзов, Бахтиёр Чориев, Ромиш Ҷалилов, Санҷар Баротов, Фирӯз Раҳматов (Музаффар Сироҷиддинов, 77), Комрон Турсунов.

Огоҳонида шуданд: Сиёвуш Асроров, Петро Ковалчук («Истиқлол»), Бахтиёр Чориев («Регар-ТадАЗ»).

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

15 октябр. Душанбе.Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 300 тамошобин. «Парвоз» – «Хуҷанд» – 0:4 Голҳо: Анвархон Темирхонов, 14 (0:1). Дилшод Бозоров, 45+1 (0:2). Дилшод Бозоров, 72 (0:3). Шероз Абдуллоев, 78 (0:4).

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров): Соҳибҷон Эргашев, Хуршед Воҳидов, Рустам Домуллоҷонов, Азиз Мирзоев, Рашид Мирхолиқов, Азиз Шамсиев, Азиз Абдусамиев, Шоҳрух Тошматов (Шӯҳрат Мирбаротов, 80), Алишер Ҳайдаров (Фирдавс Акрамов, 87), Бахтовар Зокиров, Ғафур Мадаминов.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Дилшод Додобоев, Шероз Абдуллоев, Шероз Сангинов, Соҳибҷон Ҳакимов, Дилшодҷон Каримов, Манучеҳр

Аҳмадов (Саидҷон Шарифов, 75), Анвархон Темирхонов, Руслан Раҳматов (Шоҳрух Раҷабматов, 46), Илҳомҷон Баротов, Меҳрулло Бобоев, Дилшод Бозоров.

Огоҳонида шуданд: Азиз Шамсиев, Рустам Домуллоҷонов («Парвоз»), Дилшодҷон Каримов, Соҳибҷон Ҳакимов, Саидҷон Шарифов («Хуҷанд»). Аз майдон хориҷ шуданд: Азиз Мирзоев («Парвоз»), 69 – корти 2-юми зард,Бахтовар Зокиров («Парвоз»), 80 – барои бо мушт ба рӯи рақиб задан, Шероз Сангинов, Шоҳрух Раҷабматов (ҳарду – «Хуҷанд»), 81 – ҳарду барои ба рӯи рақиб задан.

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

15 октябр. Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи «Фурудгоҳ». 600 тамошобин.

ССКА «Помир» – «Хайр» – 1:1

Голҳо: Шодибек Ғаффоров, 69 (1:0). Умед Азизов, 76 (1:1).

ССКА «Помир» (Душанбе): Анатолий Старушенко, Ҷамшед Муродов, Комрони Мирзохон, Акмал Сабуров, Комрони Мирзонадҷот, Шодибек Ғаффоров, Шамсиддин Қосимов (Ориён Азизов, 46), Парвиз Қашқаров, Шарафҷон Солеҳов, Давронҷон Тухтасунов (Сӯҳроб Муъминов, 87), Андох Наполеон.

«Хайр» (Ваҳдат): Миралӣ Муродов, Идибек Ҳабибуллоев, Менсаҳ Даниэл Абан, Далер Шарифов, Далер Имомназаров, Фирӯз Шамсиев, Воҳид Соҳибназаров, Умед Азизов, Парвиз Ҳамидов, Мирзобек Мирзоев (Фирдавси Файззода, 90+3), Дилобшо Туғоншоев.

Огоҳонида шуданд: Далер Шарифов, Парвиз Ҳамидов, Фирӯз Шамсиев («Хайр»), Шодибек Ғаффоров (ССКА «Помир»).

Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).

16 октябр. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ. 400 тамошобин.

«Вахш» – «Ҳосилот» – 0:3

Голҳо: Наврӯз Рустамов, 7 (0:1). Комил Саидов, 69 (0:2). Комил Саидов, 90+2 (0:3).

«Вахш» (Қӯрғонтеппа): Баҳодур Толибов, Бахтиёр Қаландаров, Ҷовидони Бобохон, Азимҷон Муродов, Умарҷон Шарифов, Хайём Гургалиев (Валӣ Зарифов, 85), Нуъмонҷон Ҳакимов (Муҳаммадрофеъ Холов, 89), Беҳрӯзҷон Ниёзов, Ҷамолиддин Зардиев, Умедҷон Шарифов, Фазлиддин Насриддинзода (Парвин Охунов, 73).

«Ҳосилот» (Фархор): Рустам Ризоев, Ойбек Абдуғаффоров, Эраҷ Раҷабов, Ҳасан Рустамов, Ҳикматулло Расулов, Иброҳим Рабимов, Сайриддин Ғаффоров (Ҷамшед Умаров, 90+3), Хайрулло Азизов, Мӯсо Содиқ, Наврӯз Рустамов (Саидалии Сафаралӣ, 81), Комил Саидов.

Огоҳонида шуданд: Умедҷон Шарифов, Бахтиёр Қаландаров, Беҳрӯзҷон Ниёзов («Вахш»), Наврӯз Рустамов, Сайриддин Ғаффоров («Ҳосилот»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

16 октябр. Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи «Пахтакор». 2500 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

ҶДАСТАҲОБҒМ БТИ
1«Истиқлол» (Душанбе)16123157-1839
2«Ҳосилот» (Фархор)1594231-1331
3ССКА «Помир» (Душанбе)1573520-1224
4«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)1479531-1723
5«Барқчӣ» (Душанбе)1362520-1820
6«Хайр» (Ваҳдат)1555521-2320
7«Хуҷанд» (Хуҷанд)1561817-3119
8«Вахш» (Қӯрғонтеппа)1553719-3118
9«Равшан» (Кӯлоб)1423915-369
10«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)16121312-445

Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») – 21 тӯб, Комил Саидов («Барқчӣ»/«Ҳосилот») – 11 тӯб, Ромиш Ҷалилов («Регар-ТадАЗ») – 9 тӯб, Агблей Ҷонес («Хайр») – 8 тӯб.

Даври 17-ум

22 октябр (шанбе)

«Хуҷанд» – ССКА «Помир»

23 октябр (якшанбе)

«Ҳосилот» – «Равшан»

«Хайр» – «Вахш»

«Регар-ТадАЗ» – «Парвоз»

Оғози бозиҳо - соати 15:30

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG