Пайвандҳои дастрасӣ

Бозии футбол дар Шуғнон ба задухӯрди шадид бадал шуд


Ноҳияи Шуғнон

Ноҳияи Шуғнон

Баъди як сабқати футбол дар ноҳияи Шуғнон, чор нафар боздошт шуда, як нафар бо ҳолати сангин ба бемористон интиқол ёфт.

Дар миёни сокинони деҳаҳои Пиш ва Гожаки ноҳияи Шуғнони вилояти Бадахшон баъди як бозии футболи шоми 19 август моҷаро бархост ва тарафдорони тимҳо ба якдигар дарафтоданд. Дар натиҷа, чанд нафар бар асари зарби санг захм бардошта ва як корманди зиддисӯхтори ноҳия - Анваршоҳ Шоҳлангаров бистарӣ шудааст. Ҳолати ӯ сангин арзёбӣ мешавад. Шоҳлангаров ҳамчунин раиси деҳаи Ғожаки ҷамоати Дарморахти ноҳияи Шуғнон будааст. Сокинони маҳаллӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ мегӯянд, ки Шоҳлангарон дар гузашта ҳам дар як чунин задухӯрди ҷавонҳои маҳаллӣ миёнаравӣ карда, шадидан лат хӯрдааст. Ҳоло Шоҳлангарон дар бемористони вилоятии Хоруғ бистарӣ шудааст.

Дар бораи сар задани моҷаро дар миёни фанат ва бозигарони футбол дар Шуғнон 20 август ба радиои Озодӣ капитан Назрибек Раҷаббеков, корманди Шӯъбаи корҳои дохилии ин ноҳия хабар дод. Вай гуфт, занозанӣ тақрибан соатҳои 16:00 рӯзи чоршанбе рух дод ва сабаби аслии он ноқаноатмандӣ аз натиҷаи бозӣ будааст. Вақте як даста ғолиб омада, дигараш мағлуб шудааст, ҷониби бохта ба нафарони пирӯз дарафтоданд. Вай гуфт, ҷавонони 19 то 23-солаи сокини деҳоти Пиш ва Гожак, ки дар бозӣ иштирок мекарданд, ба занозанӣ пардохта, баъдан ба онҳо мухлисону тамошобинон ҳам ҳамроҳ шуданд. Ҳарду ҷониб аз сангу чӯб истифода кардааст.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ин ҷанҷол дар пайи норозигии ҷавонони деҳаи Пиш аз сифати доварӣ ва натиҷаи бозӣ сар задааст. Ватансултон Қарачабекова, ҳамсари Анваршоҳ Шолангаров, рӯзи панҷшанбеи 20-август дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҳангоме ки шавҳари ӯ бегоҳ аз кор баргашт ва дар бораи ҷанҷоли ҷавонон огаҳ шуд,ба ҳайси раиси деҳ миёни онҳо даромад ва хост тарафҳоро ором ва оштӣ доронад.

- Аммо ба ин ҳангом чун ҷавонон ба сӯи ҳамдигар санг партофтанд, яке аз ин сангҳо ба сари ӯ зад. Ӯро дафъатан ба бемористони шаҳри Хоруғ интиқол доданд ва сарашро рентген карданд. Баъд аз ин ба хулоса омаданд, ки бояд аз Душанбе пизишкон даъват шаванд, - мегӯяд ҳамсари Анваршоҳ Шолангаров.

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, субҳи имрӯз ду ҷарроҳи асабшиносон ба шаҳри Хоруғ омаданд ва амалиёти ҷарроҳиро анҷом доданд. Ба гуфтаи Ватансултон Қарачабекова, амалиёти ҷарроҳӣ беш аз як соат давом кард ва ҳоло шавҳараш дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дораду то ҳанӯз ба ҳуш наомадааст. "Чун мағзи сараш лат хурдаву ҷарроҳӣ шуд, пизишкон мегӯянд ӯ дер ба ҳуш хоҳад омад. Онҳо гуфтанд ба ҷони Анваршоҳ хатар таҳдид намекунад. Ва мо низ аз Худо ҳамин умедро дорем", гуфт ӯ.

Ватансултон Қарачабекова гуфт, ҳамсараш Анваршоҳ Шолангаров 55 сола буда соҳиби се фарзанд аст ва 25 сол аст дар Хадамоти оташнишонии вилояти Бадахшон кор мекунад.

Шӯъбаи корҳои дохилии Шуғнон мегӯяд, додситонии ноҳия аз рӯи ин моҷаро парванда боз карда тафтиши муқаддамотиро шурӯъ кардааст. Чаҳор ҷавононе, ки сабаби аслии муноқиша шуданд, боздошт шуда дар ШКД нигоҳдорӣ мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG