Пайвандҳои дастрасӣ

​Бозӣ барои Ҷоми олии футболи Тоҷикистон дар Душанбе ва финали Ҷоми кишвар дар Кӯлоб баргузор мешаванд.

Бо тасмими ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ки рӯзи 7-уми феврал дар шаҳри Душанбе барпо гардид, бозӣ барои Суперкубок ё Ҷоми олии Тоҷикистон байни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, ва “Хайр”-и Ваҳдат, ҷоизадори нуқраи қаҳрамонии кишвар, 5-уми апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешавад.

Кумитаи иҷроия, инчунин қарор кард, ки бо мақсади тарғиби футбол дар минтақаҳо макони баргузории бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2015 Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб муайян шуд.

Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ, дар ин ҷаласа, инчунин оғози мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ нимаи дувуми моҳи апрел таъин гардид. Бо тасмими кумитаи иҷроия санаи аниқи оғози мусобиқа баъди анҷоми бозиҳои интихобии Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё) - 2015 бо ширкати дастаи “Хайр” эълон хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, "Истиқлол" соли гузашта дар бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон, ки 25-уми март дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир шуд, бар дастаи "Равшан"-и Кӯлоб бо ҳисоби 5:0 ғолиб омад ва барои бори чаҳорум соҳиби ин мукофоти олӣ гардид.

Инчунин «Истиқлол», ки дар бозии ниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон 23-юми ноябри соли гузашта дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бар «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуд, барои бори чаҳорум ин ҷоизаи олии футболи кишварро ба даст овардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG