Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2013 дар бозии севумаш аз тими Беларус бо ҳисоби 2:5 шикаст хӯрд.

Вале сарфи назар аз натиҷаи ин бозии даври севуми гурӯҳи «А», ки рӯзи душанбе, 21-уми январ дар маҷмааи фарҳангию варзишии «Петербургский»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, футболбозони ҷавони тоҷик ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Ҳисобро дар ин бозӣ мунтахаби Тоҷикистон боз кард. Шодибек Ғаффоров дар дақиқаи 17-ум бо дарвозабони дастаи Беларус Артём Сороко як ба як баромада, тӯбро ба тӯри дарвоза зад. Вале баъди ҳашт дақиқа беларусиҳо ҳисобро баробар намуданд. Сардовари бозӣ барои он ки дар ҷаримагоҳи мунтахаби Тоҷикистон тӯб ба дасти ҳимоятгар Сергей Абрамов расид, ҷаримаи 11-метра таъин кард. Тӯбро Алексей Легчилин ба ҳадаф расонд.

Голи дувуми беларусиҳоро Евгений Никитин дар дақиқаи 34-ум, голи севумро дар дақиқаи 66-ум бо сар Алексей Василевский ва голи чорумро дар дақиқаи 73-юм Сергей Новик вориди дарвоза карданд. Дар дақиқаи 88-ум бозигари дастаи Беларус дар ҷаримагоҳи дастааш капитани мунтахаби Тоҷикистонро аз по афтонд. Тӯбро аз пеналтӣ худи Нуриддин Давронов ба нишон расонд. Вале баъд аз як дақиқа беларусиҳо ҳисобро боз ҳам афзун карданд. Тӯби панҷуми беларусиҳоро Николай Сигневич ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон зад.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар ин бозӣ бо чунин ҳайат ба майдон омада буд: Саидҷон Саидраҳмонов, Наим Улмасов, Сиёвуш Асроров, Фуруғ Қодиров, Сергей Абрамов, Нуриддин Давронов (капитан), Расул Файзов, Фирдавсӣ Қурбонов, Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир Эргашев, Шодибек Ғаффоров.

Дар аввали нимаи дувуми бозӣ якбора се нафар иваз шуданд: дарвозабон Саидҷон Саидраҳмоновро Фаррух Бердиев, ҳимоятгар Фуруғ Қодировро Алишер Шарифов ва нимҳимоятгар Фирдавсӣ Қурбоновро Наврӯз Рустамов иваз карданд. Инчунин дар дақиқаи 57-ум ба ҷойи нимҳимоятгар Расул Файзов Ҷамолиддин Зардиев, дар дақиқаи 70-ум ба ҷойи ҳимоятгар Сергей Абрамов Руслан Тиллоев, дар дақиқаи 76-ум ба ҷойи ҳамлагар Аҳтам Назаров Шамсиддин Қосимов ва дар дақиқаи 82-юм ба ҷойи ҳамлагар Шодибек Ғаффоров Шавкати Ҳотам ба майдон омаданд.

Бояд гуфт, дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Беларус ҳамлагар Аъзам Раҷабов, ки зодаи шаҳри Роғуни Тоҷикистон аст, бозигари эҳтиётӣ буд.

Нуриддин Давронов, капитани дастаи Тоҷикистон ва Алексей Легчилин, узви дастаи Беларус, беҳтарин бозигарони ин дидор дониста шуданд.

Ҳоло бозии дигари даври севум дар гурӯҳи «А» миёни дастаҳои мунтахаби Латвия ва Эстония ҷараён дорад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар ду бозиаш дар Ҷоми Иттиҳод-2013 бар тимҳои Эстония ва Латвия бо ҳисоби якхелаи 1:0 пирӯз шуда буд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А” чунин аст: 1. Беларус – 3 бозӣ, 3 бурд, 9 имтиёз, таносуби тӯбҳо – 10-3. 2. Тоҷикистон – 3 бозӣ, 2 бурд, 1 бохт, 6 имтиёз, таносуби тӯбҳо 4-5. 3. Эстония – 2 бозӣ, 2 бохт, 0 имтиёз, таносуби тӯбҳо 1-3. 4. Латвия – 2 бозӣ, 2 бохт, 0 имтиёз, таносуби тӯбҳо 0-4.

Дастаҳои мунтахаби ҷавонони Беларус ва Тоҷикистон сарфи назар аз натиҷаи бозиҳои даври охирин дар гурӯҳи “А” ба чорякфинал баромаданд. Бозиҳои чорякниҳоӣ 23-юми январ баргузор мешаванд.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2013:

18-уми январ (ҷумъа)
1) 13:00. Гурӯҳи A. Беларус – Латвия – 3:0
2) 15:15. Гурӯҳи A. Эстония – Тоҷикистон – 0:1
3) 17:30. Гурӯҳи B. Қирғизистон – Қазоқистон – 1:3
4) 20:00. Гурӯҳи B. Русия – Узбакистон – 2:2

19-уми январ (шанбе)
5) 12:00. Гурӯҳи C. Украина – Литва - 3:0
6) 14:15. Гурӯҳи C. Молдова – Туркманистон - 2:1
7) 16:30. Гурӯҳи А. Эстония – Беларус – 1:2
8) 19:00. Гурӯҳи А. Тоҷикистон – Латвия – 1:0

20-уми январ (якшанбе)
9) 12:00. Гурӯҳи B. Узбакистон – Қазоқистон - 1 : 0
10) 14:15. Гурӯҳи C. Молдова – Украина - 0 : 2
11) 16:30. Гурӯҳи C. Туркманистон – Литва - 0 : 0
12) 19:00. Гурӯҳи B. Қирғизистон – Русия - 0 : 0

21-уми январ (душанбе)
13) 12:00. Гурӯҳи А. Беларус – Тоҷикистон – 5:2
14) 14:15. Гурӯҳи А. Латвия – Эстония
15) 16:30. Гурӯҳи B. Қирғизистон – Узбакистон
16) 19:00. Гурӯҳи B. Русия - Қазоқистон

22-юми январ (сешанбе)
17) 12:00. Гурӯҳи C. Украина – Туркманистон
18) 14:15. Гурӯҳи C. Литва – Молдова

23-юми январ (чоршанбе)
19) 12:00. 1/4 финал.
20) 14:15. 1/4 финал.
21) 16:30. 1/4 финал.
22) 19:00. 1/4 финал.

24-уми январ (панҷшанбе)
23) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум.
24) 19:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум.

25-уми январ (ҷумъа)
25) 12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум.
26) 14:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум.
27) 16:30. Нимфинал.
28) 19:00. Нимфинал.

26-уми январ (шанбе)
29) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 11-12-ум.
30) 19:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-10-ум.

27-уми январ (якшанбе)
31) 12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум.
32) 14:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум.
33) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум.
34) 19:00. Финал.
21:00. Маросими пӯшидашавии мусобиқа

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Маскав аст.

XS
SM
MD
LG