Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии дастаи ҷавонони Тоҷикистон бар “Хайр”-и Ваҳдат


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) бар тими “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд.

Ин бозии санҷишӣ 9-уми январ дар варзишгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат дар доираи омодагии мунтахаби ҷавонони кишвар ба Ҷоми Иттиҳод-2013, ки аз 18-ум то 27-уми январ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия барпо мегардад, бо ҳузури 2500 тамошогар доир шуд. Голҳоро Шодибек Ғаффоров дар дақиқаи 14-ум ва Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 24-ум ба ҳадаф расонданд.

Бояд гуфт, ки мизбонон дар дақиқаи 27-уми бозӣ имкони хуби задани голро истифода карда натавонистанд. Баъди он ки Сиёвуш Асроров, ҳимоятгари мунтахабаи ҷавонон, дар ҷаримагоҳи дастааш бо даст бозӣ кард, сардовар Раҳмон Муртазоев ба дарвозаи тими ҷавонон ҷаримаи 11-метра таъин намуд. Вале Рустам Хоҷаев, нимҳимоятгари “Хайр”, тӯбро хато зад.

Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар нахустин бозии санҷишӣ 24-уми декабр дар варзишгоҳи “Барқ”-и шаҳри Норак бар тими мунтахаби бошгоҳҳои кишвар низ бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд. Дарвоқеъ, дар он бозӣ ҳам голҳоро Шодибек Ғаффоров дар дақиқаи 45-ум ва Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаи 47-ум ба ҳадаф расонда буданд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2013 дар гурӯҳи “А” бо тимҳои Беларус, Латвия ва Эстония рақобат мекунад. Нахустин бозиро футболбозони ҷавони тоҷик 18-уми январ бо мунтахаби Эстония анҷом медиҳанд.

Дар даври дувум ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ва ду тими беҳтарин миёни дастаҳои ҷойҳои севумро ишғолкарда барои ҷойҳои 1-8-ум мубориза мебаранд. Дастаҳои боқимонда барои ҷойҳои 9-12-ум талош мекунанд. Бозии ниҳоӣ 27-уми январ барпо хоҳад гашт. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи фарҳангию варзишии «Петербургский» баргузор мешаванд.

Давраи дувуми ҷамъомади таълимиву тамринии дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар шаҳри Норак то рӯзи 15-уми январ идома хоҳад кард.

Ба дастаи мунтахаб 23 бозигар: 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар даъват шудаанд: дарвозабонҳо - Фаррух Бердиев («Истаравшан»-и Истаравшан), Саидҷон Саидраҳмонов, Эмомалӣ Сониев (ҳарду –«Истиқлол»-и Душанбе), ҳимоятгарон - Фуруғ Қодиров, Руслан Тиллоев (ҳарду – ССКА «Помир»-и Душанбе), Наим Улмасов, Сиёвуш Асроров, Сергей Абрамов (ҳарсе – «Вахш»-и Қӯрғонтеппа), Алишер Шарифов («Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода), Аҳтам Назаров, Павел Калугин (ҳарду - «Энергетик»-и Душанбе), нимҳимоятгарон - Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Эргашев, Вайсиддин Сафаров (ҳарсе – «Истиқлол»), Шамсиддин Қосимов (ССКА «Помир»), Ҷамолиддин Зардиев («Вахш»), Нодирбек Маъмиров («Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров), Расул Файзов («Регар-ТадАЗ»), ҳамлагарон - Наврӯз Рустамов («Равшан»-и Кӯлоб), Фирдавсӣ Қурбонов, Толиб Султонов (ҳарду – «Истиқлол»), Шодибек Ғаффоров, Шавкати Ҳотам (ҳарду - «Энергетик»).
XS
SM
MD
LG