Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешсафии “Равшан” баъд аз пирӯзӣ бар “Истаравшан”


Лаҳзае аз бозӣ миёни дастаҳои "Хайр" ва "Истиқлол" дар варзишгоҳи "Хайр"-и шаҳри Ваҳдат. Рӯзи 13-уми ноябри соли 2012.
Лаҳзае аз бозӣ миёни дастаҳои "Хайр" ва "Истиқлол" дар варзишгоҳи "Хайр"-и шаҳри Ваҳдат. Рӯзи 13-уми ноябри соли 2012.

Бегоҳи имрӯз, 13-уми ноябр, се бозии боқимондаи даври 25-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ бар тими “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби бузурги 5:0 ғолиб омад ва бо 56 имтиёз ба зинаи аввали ҷадвали мусобиқа баромад. Ду голи “Равшан”-ро Течи Соломон ва Бахтиёр Ҳасанов дар нимаи аввали бозӣ ба ҳадаф расонданд. Дар нимаи дувуми дидор Нуъмон Ҳакимов, Течи Соломон ва Индус Ҳусейнзода якголӣ заданд.

Бозии дастаи мизбон - “Хайр”-и Ваҳдат бо тими “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт. Фатҳулло Фатҳуллоев, нимҳимоятгари “Истиқлол”, дар дақиқаи 25-ум ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Акмал Авазов, бозигари “Хайр”, дар дақиқаи 51-ум ба самар расонд. Дар воқеъ, Авазов дар дақиқаи 86-ум имкони садфоизаи голзаниро аз даст дод. Тӯби аз пеналтӣ ё ҷаримаи 11-метра задаи ӯро дарвозабони “Истиқлол” Алишер Тӯйчиев дошт.

Аз чап ба рост: Қутбиддин Хайров, раиси клуби "Хайр", Мӯҳсин Муҳаммадиев ва Вазген Манасян.
Аз чап ба рост: Қутбиддин Хайров, раиси клуби "Хайр", Мӯҳсин Муҳаммадиев ва Вазген Манасян.
Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ футболбозони машҳур, собиқ бозигарони дастаи “Помир”-и Душанбе Мӯҳсин Муҳаммадиев ва Вазген Манасян ба ҳайси меҳмонони фахрӣ ҳузур доштанд. Муҳаммадиев дар шаҳри Маскави Русия ва Манасян дар шаҳри Полтаваи Украина ба сар мебаранд.

Дастаи ССКА “Помир”-и Душанбе бидуни бозӣ бо тими меҳмон - “Ҳосилот”-и Фархор бо ҳисоби техникии 3:0 ғолиб дониста шуд, зеро ки рақибаш ба Душанбе наомад.

Ёдовар мешавем, се бозии аввали даври 25-ум рӯзи 12-уми ноябр баргузор шуда буд. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки дар меҳмонӣ тими “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, бо 55 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. Дастаи “Энергетик”-и Душанбе бар тими меҳмон - “Зарафшон”-и Панҷакент бо ҳисоби бузурги 8:0 ғалаба кард. Дастаи “Гвардия”-и Душанбе бидуни бозӣ бо ҳисоби техникии 3:0 ғолиб дониста шуд, зеро ки рақибаш - “Хуҷанд”-и Хуҷанд ба бозӣ ҳозир нашуд.

Ба иттилои Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бо имзои Фирдавс Файзуллоев, дабири кулли ФФТ, рӯзи 13-уми ноябр ба унвони раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода нома ирсол шудааст, ки дар он, аз ҷумла, таъкид шудааст, ки “дар сурати бори дигар такрор гардидани чунин ҳолат даста аз чемпионати Тоҷикистон барканор шуда, соли оянда низ ба мусобиқа роҳ дода намешавад.”


Натоиҷи бозиҳои даври 25-ум:

«ЭНЕРГЕТИК» - «ЗАРАФШОН» - 8-0
Голҳо: Феликс Бафое, 12 (1:0). Сорбон Карамов, 16 (2:0). Феликс Бафое, 44 (3:0). Шуҷоат Неъматов, 49 (4:0). Шуҷоат Неъматов, 59 (5:0). Абдусамад Ҳоҷибоев, 66 (6:0). Шуҷоат Неъматов, 78 (7:0). Шуҷоат Неъматов, 89 (8:0).

«ПАРВОЗ» - «РЕГАР-ТАДАЗ» - 1-2
Голҳо: Алиҷон Машарифов, 18 (1:0). Сӯҳроб Эгамбердиев, 38 (1:1). Сардорбек Эминов, 68 (1:2).

"ГВАРДИЯ" - «ХУҶАНД» - 3-0 (ҳисоби техникӣ)

ССКА «ПОМИР» - «ҲОСИЛОТ» - 3-0 (ҳисоби техникӣ)

“ХАЙР” – “ИСТИҚЛОЛ” – 1-1
Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 25 (0:1), Акмал Авазов, 51 (1:1)
Акмал Авазов дар дақиқаи 86-ум аз пеналтӣ истифода карда натавонист.

“РАВШАН” – “ИСТАРАВШАН” – 5-0
Голҳо: Бахтиёр Ҳасанов, 30 (1:0), Течи Соломон, 32 (2:0), Нуъмон Ҳакимов, 51 (3:0), Течи Соломон, 67 (4:0), Индус Ҳусейнзода, 74 (5:0).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И

1.

Равшан» (Кӯлоб)

22

18

2

2

46-9

56

2.

«Регар-ТадАЗ” (Турсунзода)

22

17

4

1

64-16

55

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

23

15

4

4

43-26

49

4.

«Истиқлол» (Душанбе)

20

13

5

2

55-11

44

5.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

22

9

4

9

43-32

31

6.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

23

9

4

10

28-20

31

7.

ССКА “Помир” (Душанбе)

23

8

6

9

26-23

30

8.

«Энергетик» (Душанбе)

22

7

6

9

34-30

27

9.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

22

7

6

9

27-33

27

10.

«Истаравшан” (Истаравшан)

22

7

4

11

31-45

25

11.

«Ҳосилот» (Фархор)

23

4

2

17

18-59

14

12.

«Гвардия» (Душанбе)

23

4

0

19

18-61

12

13.

«Зарафшон» (Панҷакент)

23

1

3

19

21-95

6


Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев ("Истиқлол")-19 гол, Аҳтам Ҳамроқулов ("Регар-ТадАЗ")-16 гол, Комил Саидов ("Регар-ТадАЗ"), Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 15-голӣ, Нуъмон Ҳакимов («Равшан») – 12 гол, Шодибек Ғаффоров («Энергетик»), Мансур Ҳакимов («Парвоз»)– 11-голӣ.

Даври 26-ум
15-уми ноябр (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 14.00
«Зарафшон» - «Равшан». Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор».

17-уми ноябр (шанбе)
Оғози бозиҳо - соати 14:00
«Хуҷанд» - «Энергетик»

18-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00
«Вахш» - «Парвоз»
"Регар-ТадАЗ" - "Гвардия"
«Ҳосилот» - «Истиқлол»
«Истаравшан» - «Хайр»

Федератсияи футболи Тоҷикистон санаи баргузории бозиҳои мавқуфгузоштаи мусобиқаи Лигаи олии кишварро муайян кард. Бозиҳои мавқуфгузоштаи мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 22-юм, 25-ум ва 29-уми ноябр баргузор мешаванд. Бозии охирин ва ҳалкунандаи мусобиқа миёни дастаҳои “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб рӯзи панҷшанбе, 29-уми ноябр дар пойтахти кишвар, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо мегардад.

Бозиҳои мавқуфгузоштаи Лигаи олӣ:
22-юми ноябр (панҷшанбе) - соати 14.00
бозии № 95 «Истиқлол» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд); бозии № 128 «Истаравшан» (Истаравшан) - «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров); бозии № 137 ССКА «Помир» (Душанбе) - «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

25-уми ноябр (якшанбе) - соати 14.00
бозии № 138 «Энергетик» (Душанбе) - «Истиқлол» (Душанбе)

29-уми ноябр (панҷшанбе) - соати 14.00
бозии № 144 «Истиқлол» (Душанбе) - «Равшан» (Кӯлоб)

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед

XS
SM
MD
LG