Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии "Регар" ва "Истиқлол" дар Турсунзода


Tajikistan,Regar city, a football competation between "Regar" and "Istiqlol" football clubs,31October2012
Tajikistan,Regar city, a football competation between "Regar" and "Istiqlol" football clubs,31October2012

Бозии мавқуфгузоштаи даври 17-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе бегоҳи 31-уми октябр поён ёфт.

Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бо ҳузури 6 ҳазор тамошогар баргузор шуд, бо ҳисоби 0:0 ба анҷом расид. Қувваозмоии муддаиёни унвони қаҳрамони Тоҷикистон хеле тезу тунд гузашт. Ҳарду даста барои голзанӣ имкониятҳои хуб доштанд, вале дарвозабонҳо Фарҳод Юлдошев (“Регар-ТадАЗ”) ва Алишер Тӯйчиев (“Истиқлол”) маҳорати баланд нишон дода, нагузоштанд, ки тӯб вориди дарвоза шавад.

“Регар-ТадАЗ” мавқеашро дар садри ҷадвали мусобиқа нигоҳ дошт, вале ду холи аздастрафта шонси “Истиқлол”-ро барои гирифтани ҷойи аввал маҳдуд кард.

Ҳайатҳои дастаҳо чунин буд:
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода): Фарҳод Юлдошев, Далер Тухтасунов, Алексей Неъматов, Акмал Сабуров, Расул Файзов (Сайриддин Ғаффоров, 58), Ҷамшед Исмоилов, Хуршед Маҳмудов, Сӯҳроб Эгамбердиев (Раҳмоналӣ Баротов, 68), Сардорбек Эминов (Саид Эргашев,90+6), Аҳтам Ҳамроқулов, Комил Саидов.
Сармураббӣ: Маҳмадҷон Ҳабибуллоев.

«Истиқлол» (Душанбе): Алишер Тӯйчиев, Соҳиб Саванкулов, Эраҷ Раҷабов, Маҳмадалӣ Содиқов, Иброҳим Рабимов (Ҷаҳонгир Эргашев, 80), Нуриддин Давронов, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Умедҷон Шарифов, 66), Юсуф Рабиев (Даврон Эргашев, 66), Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Фарҳод Тоҳиров.
Сармураббӣ: Никола Кавазович (Сербия).

Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе). Ёварони сардовар: Қурбон Каримов ва Исматулло Муъминов (ҳарду аз Хуросон). Довари эҳтиётӣ: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд). Нозири бозӣ: Сафар Каримов (Норак).

Раҳмон Муртазоев, сардовари ин бозӣ, дар дақиқаи 64-ум ба Аҳтам Ҳамроқулов, ҳамлагари “Регар-ТадАЗ”, корти сурх нишон дод ва ӯ аз майдон хориҷ шуд. Инчунин дар ҷараёни бозӣ панҷ нафар - Комил Саидов, Акмал Сабуров ва Далер Тухтасунов (ҳарсе аз «Регар-ТадАЗ»), Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев ва Даврон Эргашев (ҳарсе аз «Истиқлол») кортҳои зард гирифтанд. Ҷамшед Исмоилов, нимҳимоятгари "Регар-ТадАЗ" барои таҳқири сардовар баъди ҳуштаки ниҳоӣ корти сурх гирифт.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 52 имтиёз дар ҷойи аввал, "Равшан"-и Кӯлоб бо 50 имтиёз дар ҷойи дувум ва «Хайр”-и Ваҳдат бо 45 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки 19 бозӣ кардааст, бо 43 имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудааст. Мубориза барои дарёфти унвони қаҳрамони Тоҷикистон ва медалҳои мусобиқа миёни дастаҳои пешсаф идома хоҳад кард.

“Регар-ТадАЗ” аз 3 бозии боқимонда дутоашро дар меҳмонӣ бо ССКА “Помир” ва “Парвоз” ва яктоашро дар майдони худ бо “Гвардия” анҷом медиҳад.
“Равшан” 4 бозии дигар дорад: дутоаш дар Кӯлоб бо “Хайр” ва “Истаравшан” ва дутоаш дар сафар бо “Истиқлол” ва “Зарафшон”.

“Истиқлол” аз 5 бозии боқимонда дутоашро дар майдони худ бо “Равшан” ва “Хуҷанд” ва сетоашро дар меҳмонӣ бо “Энергетик”, “Хайр” ва “Ҳосилот” мегузаронад.

“Хайр” аз 4 бозии боқимонда сетоашро дар сафар бо “Равшан”, “Ҳосилот” ва “Истаравшан” ва яктоашро дар майдони худ бо “Истиқлол” анҷом медиҳад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 21 16 4 1 62-15 52
2. «Равшан» (Кӯлоб) 20 16 2 2 37-9 50
3. «Хайр» (Ваҳдат) 20 14 3 3 40-21 45
4. «Истиқлол» (Душанбе) 19 13 4 2 54-10 43
5. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 21 8 4 9 25-19 28
6. «Парвоз» (Б.Ғафуров) 19 8 3 8 35-29 27
7. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 20 7 5 8 26-29 26
8. «Энергетик» (Душанбе) 20 6 6 8 26-27 24
9. КМВА “Помир” (Душанбе) 21 6 6 9 22-23 24
10. «Истаравшан” (Истаравшан) 19 6 4 9 27-35 22
11. «Ҳосилот» (Фархор) 20 4 2 14 18-51 14
12. «Гвардия» (Душанбе) 20 2 0 18 10-56 6
13. «Зарафшон» (Панҷакент) 20 1 3 16 20-78 6

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев ("Истиқлол")-19 гол, Аҳтам Ҳамроқулов ("Регар-ТадАЗ")-16 гол, Комил Саидов ("Регар-ТадАЗ")-15 гол, Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 14 гол, Шодибек Ғаффоров («Энергетик») – 11 гол.

Даври 23-юм
3-юми ноябр (шанбе)
Оғози бозиҳосоати 14.00
«Парвоз» - «Зарафшон
«Гвардия» - «Истаравшан»
«Равшан» - «Хайр»
«Вахш» - «Ҳосилот»
4-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳосоати 14.00
ССКА «Помир» - «Регар-ТадАЗ» - ба мӯҳлати дертар гузаронида шуд.
«Энергетик» - «Истиқлол» - ба мӯҳлати дертар гузаронида шуд.

Даври 24-ум
7-уми ноябр (чоршанбе)
Оғози бозиҳосоати 14.00
«Хуҷанд» - «Парвоз»
«Зарафшон» - «Гвардия»
8-уми ноябр (панҷшанбе)
Оғози бозиҳосоати 14.00
«Ҳосилот» - «Хайр»
«Вахш» - ССКА «Помир»
«Истаравшан» - «Энергетик»
«Истиқлол» - «Равшан» - ба мӯҳлати дертар гузаронида шуд.

Даври 25-ум
12-уми ноябр (душанбе)
Оғози бозиҳосоати 14.00
«Гвардия» - «Хуҷанд»
«Энергетик» - «Зарафшон»
«Парвоз» - «Регар-ТадАЗ»
13-уми ноябр (сешанбе)
Оғози бозиҳосоати 14.00
ССКА «Помир» - «Ҳосилот»
«Хайр» - «Истиқлол»
«Равшан» - «Истаравшан»

Даври 26-ум
17-уми ноябр (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 14.00
«Хуҷанд» - «Энергетик»
18-уми ноябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 14.00
«Вахш» - «Парвоз»
«Регар-ТадАЗ» - «Гвардия»
«Зарафшон» - «Равшан»
«Ҳосилот» - «Истиқлол»
«Истаравшан» - «Хайр»

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG