Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар бозии даври 26-уми Лигаи олӣ дар майдони худ бар тими «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд.

Ин бозии даври охирини мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон рӯзи 17-уми ноябр дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд барпо гардид. Арий Элайҷа, бозигари «Энергетик», дар ин бозӣ ду гол зад – як гол ба дарвозаи дастаи худ (дақиқаи 28-ум) ва як гол ба дарвозаи мизбонон (43-юм). Голи дувуми «Хуҷанд»-ро нимҳимоятгар Анвар Норқулов (дақиқаи 32-юм) ба самар расонд.

Ин пирӯзӣ ба дастаи «Хуҷанд» имкон дод, ки дар ҷадвали мусобиқа аз тими «Энергетик» пеш гузарад. «Хуҷанд» бо 30 имтиёз ҷойи 8-ум ва «Энергетик» бо 27 имтиёз ҷойи 9-умро касб кардаанд. Дар ҷадвали мусобиқа “Равшан”-и Кӯлоб бо 59 имтиёз дар ҷойи аввал, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо 55 имтиёз дар ҷойи дувум, «Хайр»-и Ваҳдат бо 49 имтиёз дар ҷойи севум ва «Истиқлол»-и Душанбе бо 44 имтиёз дар ҷойи чаҳорум қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки даври 26-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон рӯзи 15-уми ноябр бо бозӣ миёни дастаҳои “Зарафшон”-и Панҷакент ва “Равшан”-и Кӯлоб шурӯъ шуда буд. Ин бозӣ, ки бар асоси тақвими мусобиқа мебоист 18-уми ноябр баргузор мешуд, бо хоҳиши ҳар ду даста ва розигии Федератсияи футболи Тоҷикистон се рӯз пеш дар варзишгоҳи “Авиатор”-и шаҳри Душанбе барпо гардид. Бозӣ бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи “Равшан” хотима ёфт. Голҳоро Девид Мауто (дақиқаи 10-ум), Соломон Течи (дақиқаи 21-ум) ва Ҳусейни Моҳрухӣ (дақиқаи 68-ум) заданд.

Чаҳор бозии дигари даври охирин рӯзи якшанбе, 18-уми ноябр баргузор мешаванд.

Бозиҳои даври 26-ум:

18-уми ноябр (якшанбе)


«Вахш»ӯрғонтеппа) - «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров).
Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор».


«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Гвардия» (Душанбе).
Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург».


«Ҳосилот» (Фархор) - «Истиқлол» (Душанбе).
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.


«Истаравшан» (Истаравшан) - «Хайр» (Ваҳдат).
Ҷаббор Расулов, варзишгоҳи Ҷавонӣ».

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1.Равшан» (Кӯлоб) 23 19 2 2 49-9 59
2. «Регар-ТадАЗ” (Турсунзода)
22 17 4 1 64-16 55
3. «Хайр» (Ваҳдат) 23 15 4 4 43-26 49
4. «Истиқлол» (Душанбе) 20 13 5 2 55-11 44
5. «Парвоз» (Б.Ғафуров) 22 9 4 9 43-32 31
6. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 23 9 4 10 28-20 31
7. ССКА “Помир” (Душанбе) 23 8 6 9 26-23 30
8. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 23 8 6 9 29-34 30
9. «Энергетик» (Душанбе) 23 7 6 10 35-32 27
10. «Истаравшан” (Истаравшан) 22 7 4 11 31-45 25
11. «Ҳосилот» (Фархор) 23 4 2 17 18-59 14
12. «Гвардия» (Душанбе) 23 4 0 19 18-61 12
13. «Зарафшон» (Панҷакент) 24 1 3 20 21-98 6

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев ("Истиқлол")-19 гол, Аҳтам Ҳамроқулов ("Регар-ТадАЗ")-16 гол, Комил Саидов ("Регар-ТадАЗ"), Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 15-голӣ, Нуъмон Ҳакимов («Равшан») – 12 гол, Шодибек Ғаффоров («Энергетик»), Мансур Ҳакимов («Парвоз»)– 11-голӣ.

Бозиҳои мавқуфгузоштаи Лигаи олӣ рӯзҳои 22-юм, 25-ум ва 29-уми ноябр баргузор мешаванд. Мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон 29-уми ноябр бо бозии охирин миёни дастаҳои “Истиқлол” ва “Равшан”, ки дар шаҳри Душанбе, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барпо мегардад, ба поён мерасад.

Бозиҳои мавқуфгузоштаи Лигаи олӣ:

22-юми ноябр (панҷшанбе) - соати 14.00

«Истиқлол» - «Хуҷанд». Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
«Истаравшан» - «Парвоз». Ҷаббор Расулов, Варзишгоҳи Ҷавонӣ».
ССКА «Помир» - «Регар-ТадАЗ». Душанбе, варзишгоҳи КМВА.

25-уми ноябр (якшанбе) - соати 14.00
«Энергетик» - «Истиқлол». Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
29-уми ноябр (панҷшанбе) - соати 14.00
«Истиқлол» - «Равшан». Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG