Пайвандҳои дастрасӣ

Бозии мавқуфгузоштаи даври 17-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа ва “Хайр”-и Ваҳдат шоми 30-юми октябр поён ёфт.

Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи меҳмон - “Хайр” бо ҳисоби 2:1 ба анҷом расид. Ҳар ду голи «Хайр”-ро ҳамлагар Мирзобек Мирзоев дар дақиқаҳои 35-ум ва 82-юм ба ҳадаф расонд. Як голи “Вахш”-ро дар дақиқаи 87-ум Сиёвуш Асроров зад.

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 51 имтиёз дар ҷойи аввал, "Равшан"-и Кӯлоб бо 50 имтиёз дар ҷойи дувум ва «Хайр”-и Ваҳдат бо 45 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки ду бозӣ камтар кардааст, бо 42 имтиёз дар зинаи чаҳорум ҷойгир шудааст. Мубориза барои дарёфти унвони қаҳрамони Тоҷикистон ва медалҳои мусобиқа миёни дастаҳои пешсаф идома хоҳад кард.

Бозии мавқуфгузоштаи даври 17-уми мусобиқа миёни дастаҳои “Регар-ТадАЗ” ва “Истиқлол”, ки рӯзи 31-уми октябр дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад, бозии ҳалкунанда маҳсуб мешавад. Ин бозӣ соати 15:00 оғоз меёбад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа
Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 20 16 3 1 62-15 51
2. «Равшан» (Кӯлоб) 20 16 2 2 37-9 50
3. «Хайр» (Ваҳдат) 20 14 3 3 40--21 45
4. «Истиқол» (Душанбе) 18 13 3 2 54-10 42
5. «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 21 8 4 9 25-19 28
6. «Парвоз» (Б.Ғафуров) 19 8 3 8 35-29 27
7. «Хуҷанд» (Хуҷанд) 20 7 5 8 26-29 26
8. «Энергетик» (Душанбе) 20 6 6 8 26-27 24
9. КМВА “Помир” (Душанбе) 21 6 6 9 22-23 24
10. «Истаравшан” (Истаравшан) 19 6 4 9 27-35 22
11. «Ҳосилот» (Фархор) 20 4 2 14 18-51 14
12. «Гвардия» (Душанбе) 20 2 0 18 10-56 6
13. «Зарафшон» (Панҷакент) 20 1 3 16 20-78 6

Голзанҳои беҳтарин: Дилшод Восиев ("Истиқлол")-19 гол, Аҳтам Ҳамроқулов ("Регар-ТадАЗ")-16 гол, Комил Саидов ("Регар-ТадАЗ")-15 гол, Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 14 гол, Шодибек Ғаффоров («Энергетик») – 11 гол.

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG