Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти Тоҷикистон аз Узбакистон дар Ҷоми Иттиҳод-2013


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2013 барои ҷойи 7- ум аз тими Узбакистон бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ рӯзи якшанбе, 27-уми январ дар маҷмааи фарҳангию варзишии “Петербургский”-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд.

Бозигарони ҳарду даста имкониятҳои хуби голзанӣ доштанд, вале нимаи аввали бозӣ бидуни гол хотима ёфт. Дар дақиқаи 32-юм баъди зарбаи Шодибек Ғаффоров, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон, тӯб ба сутуни дарвоза зад. Баъди 7 дақиқа пас аз зарбаи Игор Сергеев тӯб ба тири дарвоза бархӯрд.

Ҳисобро дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 54-ум Владимир Козак, капитани мунтахаби Узбакистон, боз кард. Баъди зарбаи ӯ аз ҷаримагоҳ дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Саидҷон Саидраҳмонов маҷбур шуд, ки тӯбро аз тӯри дарвозааш бигирад. Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 62-юм сардовар Владимир Селдяков (Русия) ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Руслан Тиллоевро барои зарба задан ба рақибаш аз майдон хориҷ намуд.

Аббосбек Маҳсталиев, бозигари дастаи Узбакистон, дар дақиқаи 69-ум тӯберо, ки дарвозабони Тоҷикистон баргардонд, вориди дарвоза намуд ва ҳисобро афзун кард (2:0).

Баъди зарбаи ҷаримавии Фирдавсӣ Қурбонов, ҳамлагари мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи 90+2 тӯб ба сутуни дарвоза бархӯрд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар ин бозӣ бо чунин ҳайат ба майдон омада буд: Саидҷон Саидраҳмонов (Эмомалӣ Сониев, 88), Руслан Тиллоев, Наим Улмасов, Сиёвуш Асроров, Сергей Абрамов (Фуруғ Қодиров, 52), Нуриддин Давронов (капитан), Ҷамолиддин Зардиев (Шамсиддин Қосимов, 77), Расул Файзов (Павел Кулагин, 85), Аҳтам Назаров, Наврӯз Рустамов (Ҷаҳонгир Эргашев, 46), Шодибек Ғаффоров (Фирдавсӣ Қурбонов, 74).

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Узбакистон (U-20) чунин буд: Асилбек Амонов, Тоҳирҷон Шамшиддинов, Бобурбек Юлдошев, Максимилян Фомин, Аббосбек Маҳсталиев, Владимир Козак (капитан), Ҷаҳонгир Абдумуминов (Муҳсинҷон Убайдуллоев, 66), Ҷамшед Искандаров, Темур Ҳакимов, (Абдулазиз Юсуфов, 78), Игор Сергеев (Ихтиёр Тошпулодов, 80), Ҷамолиддин Саидов.

Доварони бозӣ: сардовар – Владимир Селдяков, ёваронаш – Алексей Крохин, Александр Шимаригин, довари эҳтиётӣ – Герман Кравченко. Нозири бозӣ – Юрий Безбородов (ҳама аз Русия).

Ба ин тартиб мунтахаби Узбакистон миёни 12 даста мақоми 7-умро касб кард. Дастаи Тоҷикистон дар ҷойи 8-ум қарор гирифт. Ин натиҷаи ба даст овардаи футболбозони ҷавони тоҷик нисбат ба мусобиқаи соли 2012-ум се зина болост.
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2013 ҳамагӣ 6 бозӣ анҷом дод: 2 бурд бар Эстония ва Латвия бо ҳисоби якхелаи 1:0 ва 4 бохт ба Беларус – 2:5, Литва - 1:1 (аз рӯи пеналтӣ - 2:4), Молдова – 1:3 ва Узбакистон – 0:2, таносуби тӯбҳояш – 6-11.
Рӯзи шанбе, 26-уми январ дастаи Қирғизистон бар мунтахаби Эстония аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 4 : 3 (замони асосӣ – 2:2) пирӯз шуд ва дар ҷамъбаст мақоми 9-умро касб кард. Мунтахаби Эстония 10-ум шуд. Дастаи Латвия, ки тими Туркманистонро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод, ҷойи 11-умро соҳиб гашт. Мунтахаби Туркманистон чун мусобиқаи соли гузашта дар ҷойи охирин – 12-ум қарор гирифт. Дар ҳамин ҳол дастаҳои Қазоқистон ва Молдова барои ҷойи 5-ум талош доранд.

Барандаи Ҷоми Иттиҳод-2013 дар бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои Русия ва Украина, ки имшаб, 27-уми январ, соати 20 ба вақти Душанбе шуруъ мешавад, муайян хоҳад шуд. Пеш аз бозии ниҳоӣ дастаҳои Беларус ва Литва (соати 17:30 ба вақти Душанбе) барои ҷойи 3-юм мубориза мебаранд.

Ҷоми Иттиҳод-2013

23-юми январ (чоршанбе)
19) 12:00. 1/4 финал. Беларус – Қазоқистон – 2:1
20) 14:15. 1/4 финал. Тоҷикистон – Литва – 1:1 (аз рӯи пеналтӣ - 2:4)
21) 16:30. 1/4 финал. Украина - Молдова - 5:0
22) 19:00. 1/4 финал. Русия - Узбакистон- 2:0

24-уми январ (панҷшанбе)
23) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум. Эстония - Туркманистон - 2 : 1
24) 19:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум. Қирғизистон - Латвия - 1 : 1 (аз рӯи пеналтӣ - 5 : 3)

25-уми январ (ҷумъа)
25) 12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум. Узбакистон – Қазоқистон – 3:2
26) 14:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум. Тоҷикистон – Молдова – 1:3
27) 16:30. Нимфинал. Литва – Украина 1:2
28) 19:30. Нимфинал. Русия – Беларус – 2:1

26-уми январ (шанбе)
29) 16:30. Бозӣ барои ҷойи 11-ум. Туркманистон – Латвия - 0:4
30) 19:00. Бозӣ барои ҷойи 9-ум. Қирғизистон - Эстония – 2:2 (аз рӯи пеналтӣ - 4 : 3)

27-уми январ (якшанбе)
31) 12:00. Бозӣ барои ҷойи 7-ум. Узбакистон – Тоҷикистон – 2:0
32) 14:15. Бозӣ барои ҷойи 5-ум. Қазоқистон - Молдова
33) 16:30. Бозӣ барои ҷойи 3-юм. Беларус - Литва
34) 19:00. Финал. Русия - Украина
21:00. Маросими пӯшидашавии мусобиқа

Эзоҳ: Замони оғози бозиҳо ба вақти Маскав аст.
XS
SM
MD
LG