Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Иттиҳод-2013: Бохти Тоҷикистон ба Литва дар чорякфинал


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон дар даври чорякниҳоии Ҷоми Иттиҳод-2013 аз тими Литва аз рӯи пеналтӣ бо ҳисоби 2:4 (ҳисоби замони асосӣ – 1:1) шикаст хӯрд.

Ин бозӣ рӯзи чоршанбе, 23-уми январ дар маҷмааи фарҳангию варзишии «Петербургский»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд.

Ҳисобро дар ин дидор мунтахаби Литва боз кард. Сардовари бозӣ барои он ки ҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Алишер Шарифов дар ҷаримагоҳи дастааш бо даст бозӣ кард, ҷаримаи 11-метра таъин намуд. Тӯбро Овидиус Вербискас дар дақиқаи 15-ум ба ҳадаф расонд.

Баъди чор дақиқа ҳамлагари дастаи Тоҷикистон Шодибек Ғаффоров бо сар тӯбро вориди дарвоза карда, ҳисобро баробар намуд. Дастаҳо бо ҳисоби 1:1 ба танаффус баромаданд. Дар нимаи дувуми бозӣ низ ҳисоб тағйир наёфт.

Бар асоси регламент ё дастури мусобиқа силсилаи пеналтӣ таъин шуд. Дар задани зарбаҳои 11-метра футболбозони Литва маҳорати баланд нишон дода, чор бор тӯбро ба ҳадаф расонданд.

Мунтахаби Тоҷикистон бошад, аз чор зарба ду бор (Нуриддин Давронов ва Сиёвуш Асроров) тӯбро вориди дарвоза карданд. Вале баъди зарбаи Расул Файзов дарвозабони литовиҳо Лукас Лидкявичус тӯбро баргардонд. Вай, инчунин, пас аз зарбаи Аҳтам Назаров тӯбро дошт.

Ҳамин тариқ, аз рӯи силсилаи пеналтӣ мунтахаби Литва бо ҳисоби 4:2 ва аз рӯи ҳисоби умумӣ бо натиҷаи 5:3 ғолиб омад ва ба нимфинал баромад.



Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар ин бозӣ бо чунин ҳайат ба майдон омада буд:

Фаррух Бердиев, Наим Улмасов, Алишер Шарифов, Сиёвуш Асроров, Сергей Абрамов, Ҷамолиддин Зардиев, Нуриддин Давронов (капитан), Расул Файзов, Ҷаҳонгир Эргашев, Аҳтам Назаров, Шодибек Ғаффоров.

Дар нимаи дувуми бозӣ ду нафар иваз шуданд. Нимҳимоятгар Ҷамолиддин Зардиевро Наврӯз Рустамов (дақиқаи 68-ум), ҳамлагар Шодибек Ғаффоровро Шамсиддин Қосимов (78) иваз карданд.

Сиёвуш Асроров, ҳимоятгари дастаи Тоҷикистон, ва Лукас Лидкявичус, дарвозабони мунтахаби Литва, беҳтарин бозигарони ин қувваозмоӣ дониста шуданд.

Ба ин тартиб мунтахаби Литва дар даври ниманиҳоӣ рӯзи 25-уми январ бо дастаи Украина рақобат мекунад. Мунтахаби Тоҷикистон бошад, рӯзи ҷумъа барои ҷойҳои 5-8-ум бо тими Молдова қувва меозмояд.

Дастаи Беларус, ки имрӯз дар бозии аввали чорякниҳоӣ бар тими Қазоқистон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад, дар нимфинал бо мунтахаби Русия рӯбарӯ хоҳад шуд.

Бозии севуми даври чорякниҳоӣ миёни дастаҳои мунтахаби Украина ва Молдова бо ҳисоби 5:0 ба нафъи украиниҳо хотима ёфт. Бозии охирини чорякфиналӣ миёни тимҳои Русия ва Узбакистон, ки шаби 23-юми январ баргузор шуд, бо ғалабаи мизбонон бо ҳисоби 2:0 ба анҷом расид.

Дастаҳои Латвия, Қирғизистон, Туркманистон ва Эстония бошанд, барои ҷойҳои 9-12-ум мубориза мебаранд. Рӯзи 24-уми январ Эстония бо Туркманистон ва Қирғизистон бо Латвия бозӣ хоҳанд кард.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2013


23-юми январ (чоршанбе)
19) 12:00. 1/4 финал. Беларус – Қазоқистон – 2:1
20) 14:15. 1/4 финал. Тоҷикистон – Литва – аз рӯи пеналтӣ 2:4 (замони асосӣ – 1:1)
21) 16:30. 1/4 финал. Украина - Молдова - 5:0
22) 19:00. 1/4 финал. Русия - Узбакистон- 2:0

24-уми январ (панҷшанбе)
23) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум. Эстония - Туркманистон - 2 : 1
24) 19:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум. Қирғизистон - Латвия - 1 : 1 (Аз рӯи пеналтӣ 5 : 3)

25-уми январ (ҷумъа)
25) 12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум. Узбакистон - Қазоқистон
26) 14:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-8-ум. Тоҷикистон - Молдова
27) 16:30. Нимфинал. Литва - Украина
28) 19:30. Нимфинал. Русия - Беларус

26-уми январ (шанбе)
29) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 11-12-ум. Туркманистон - Латвия
30) 19:00. Бозӣ барои ҷойҳои 9-10-ум. Эстония - Қирғизистон

27-уми январ (якшанбе)
31) 12:00. Бозӣ барои ҷойҳои 7-8-ум.
32) 14:15. Бозӣ барои ҷойҳои 5-6-ум.
33) 16:30. Бозӣ барои ҷойҳои 3-4-ум.
34) 19:00. Финал.
21:00. Маросими пӯшидашавии мусобиқа

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо ба вақти Маскав аст.
XS
SM
MD
LG