Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон аз "Газовик"-и Оренбург


​Бозии дӯстонаи "Истиқлол", қаҳрамони секартаи Тоҷикистон, бо дастаи "Газовик"-и Оренбург бо шикасти бозигарони тоҷик анҷом ёфт. Ин бози шоми 20 июн дар пойтахти Тоҷикистон сурат гирифт.

Дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони секаратаи Тоҷикистон, аз тими “Газовик”-и Оренбург, ки ба дивизиони аввали Лигаи миллии футболи Русия шомил аст, дар бозии байнулмилалии дӯстона бо ҳисоби 2-3 мағлуб гашт. Ин бозӣ шаби 20 июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 5500 тамошобин баргузор шуд.

Бояд гуфт, дар ин бозӣ капитани «Газовик» ҳимоятгар Фарҳод Восиев, капитани мунтахаби миллии Тоҷикистон, буд. Вай аз соли 2013 шарафи ин бошгоҳро ҳифз менамояд. Бародари бузурги Фарҳод – Дилшод Восиев – капитани дастаи “Истиқлол” аст. Бозии дӯстонаи “Истиқлол” ва “Газовик” як навъ рақобати хоси бародарон Восиевҳо буд.

Пеш аз оғози бозӣ президенти бошгоҳи футболи «Газовик» Василий Столипин аз пазироии мизбонон ва тамошобинон изҳори сипос намуда, иброз дошт, ин бозии рафиқона ба таҳкими дӯстии сокинони Тоҷикистону Русия мусоидат хоҳад кард.

Бозӣ хеле шавқангезу пуршиддат сурат гирифт. Тамошобинон шоҳиди панҷ голи зебо шуданд. Ҳисобро дар дақиқаи 18-уми бозӣ ҳамлагари “Истиқлол” Манучеҳр Ҷалилов боз кард. Дар дақиқаи 40-ум бозигари «Газовик» Марат Шогенов ҳисобро баробар намуд.

Дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 53-юм, Сергей Бреев дастаи “Газовик”-ро ба пеш баровард – 1-2. Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 81-ум душанбегиҳо имкони садфоизаи баробар кардани ҳисобро доштанд. Вале баъди зарбаи Фатҳулло Фатҳуллоев аз пеналтӣ ё ҷаримаи ёздаҳметра тӯбро дарвозабони меҳмонон Дмитрий Чванов баргардонд.

Голи севуми меҳмононро Дмитрий Кабутов дар дақиқаи 87-ум ба самар расонд. Сардовар ба замони асосии бозӣ панҷ дақиқа вақти иловагӣ таъин кард. Голи дувуми “Истиқлол”-ро Аҳтам Назаров (90+2) аз масофаи дур, тахминан 22 метр, ба дарвозаи «Газовик» ворид намуд.

Ҳамин тариқ, бозии байналмилалии дӯстона бо пирӯзии “Газовик» бо ҳисоби 3-2 ба анҷом расид.

Ҳайати дастаҳо:

«Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон): Никола Стошич (Алишер Тӯйчиев, 46), Петро Ковалчук, Аҳтам Назаров, Ҷаҳонгир Ҷалилов (Фатҳулло Фатҳуллоев, 46), Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ, Нуриддин Давронов, Парвизҷон Умарбоев (Сиёвуш Асроров, 82), Хосе Баллестер (Хуршед Маҳмудов, 46), Дилшод Восиев, Манучеҳр Ҷалилов, Бледа Родригес.

«Газовик» (Оренбург, Русия): Дмитрий Чванов, Марат Шогенов, Фарҳод Восиев (Владимир Полуяхтов, 46), Андрей Малих, Алексей Друзин (Андрей Елисеев, 62), Азат Байриев, Игор Коронов (Владимир Парняков, 46), Камолиддин Аҳмадов (Дмитрий Андреев, 46), Роман Воробёв (Сергей Бреев, 46), Хизир Аппаев (Антон Кобялко, 46), Иван Маркелов (Дмитрий Кабутов, 46).

Огоҳонида шуданд: Нуриддин Давронов, Маҳдӣ Чоҳҷӯӣ («Истиқлол»), Владимир Парняков («Газовик»).

Бозигари беҳтарини ин вохӯрӣ: Дмитрий Чванов («Газовик»).

Пеш аз оғози бозии “Истиқлол” бо “Газовик”, инчунин ҳангоми танаффус дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ситораҳои эстрадаи тоҷик ҳунарнамоӣ карданд. Баъди анҷоми бозӣ бошад, аз рӯи билетҳои даромад ба варзишгоҳ, ки нархаш 15 сомонӣ буд, бозии лотерея доир гашт. Мухлисони хуштолеъ соҳиби се телефони мобилии «iPhone 6» васе планшети «iPad» гардиданд.

Ба иттилои Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол”, меҳмонон – футболбозону мураббиён, кормандону раҳбарон ва сарпарастони бошгоҳи футболи “Газовик” - имрӯз, 21 июн, ба дараи зебоманзари Алмосии ноҳияи Ҳисор рафта, аз урдугоҳи Академияи футболи “Истиқлол” дидан карданд.

XS
SM
MD
LG