Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон муайян шуданд


Рақибони дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар Ҷоми даъвати АФК (Конфедератсияи футболи Осиё) муайян шуданд.

Бар асоси қуръакашӣ, ки имрӯз, 11-уми декабр дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё, дар пойтахти Малайзия – Куала-Лумпур баргузор шуд, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «B» бо тимҳои миллии Қирғизистон, Покистон ва Макао рақобат мекунад. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 17-ум то 21-уми март дар пойтахти Қирғизистон - Бишкек баргузор мешаванд.

Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК:

Гурӯҳи А: Мянмар (мизбон), Ҳиндустон, Тайван, Гуам.

Гурӯҳи В: Қирғизистон (мизбон), Тоҷикистон, Покистон, Макао.

Гурӯҳи С: Лаос (мизбон), Афғонистон, Шри-Ланка, Муғулистон.

Гурӯҳи D: Непал (мизбон), Фаластин, Бангладеш, Ҷазоири Мариани Шимолӣ.

Гурӯҳи Е: Филиппин (мизбон), Туркманистон, Камбоҷа, Бруней.
XS
SM
MD
LG