Пайвандҳои дастрасӣ

Тақвими мусобиқоти мавсими футболи соли 2017 баррасӣ шуд


Мусобиқаи 26-уми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ аз 1-уми март то 22-юми октябри соли 2017-ум баргузор хоҳад шуд.

Ин нукта дар ҷаласае, ки дар шаҳри Душанбе, дар маҷлисгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон, бо роҳбарону сармураббиёни бошгоҳҳои лигаи олӣ баргузор шуд, зикр гардид.

Чунонки аз дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) рӯзи 2-юми декабр ба Радиои Озодӣ хабар доданд, дар ҷаласаи мазкур намояндагони бошгоҳҳо бо шакли нави баргузории мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон дар соли 2017-ум ва масоили муҷаввизкунонии дастаҳо ошно шуданд. Инчунин дигар мавзӯъҳои марбут ба мавсими футболи соли оянда баррасӣ шуд.

Ба иттилои мудири кулли Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ) Алишер Урунов, мавсими соли оянда чун анъана бо бозӣ барои Ҷоми олӣ ё Суперҷоми Тоҷикистон миёни қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон - «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи ҷоизаи нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии кишвар - «Ҳосилот»-и Фархор шуруъ мешавад. Баргузории ин бозӣ бар асоси лоиҳаи тақвими мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон-2017, ки бояд дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи ФФТ тасдиқ шавад, 25-уми феврал дар назар аст.

Мусобиқаи 26-уми қаҳрамонии Тоҷикистон бо ширкати ҳашт даста дар се давра баргузор мешавад. Мувофиқи лоиҳа мусобиқаи лигаи олӣ дар рӯзи аввали фасли баҳор – 1-уми март – оғоз меёбад ва 22-юми октябр ба поён мерасад. Тибқи нақшаи ЛФТ бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2017 рӯзи 29-уми октябр барпо мегардад.

Дар ҷаласа зикр шуд, ба мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон он дастаҳое роҳ дода мешаванд, ки аз муҷаввизкунонии ҳатмӣ мегузаранд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG