Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди доллар нархи орду равған ҳам боло рафт


Ба дунболи пойин рафтани қурби сомонӣ дар муқобили доллар, нархи маҳсулоти асосии хӯрокворӣ дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон боло рафтааст.

Аз рӯзи 11-уми январ нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои Душанбе якбора боло рафт ва сокинони пойтахтро, ки бе ин ҳам аз коҳиши қурби пули миллӣ нигарон буданд, боз ҳам ғамгинтар кард. Сокинон мегӯянд, қиммати се маҳсулоти муҳим, ки ғизои аслии аксари мардум ба шумор меояд, дар се рӯзи ахир аз 30 то 40 дарсад афзоиш ёфт. Ҳоло нархи як халтаи 50-килоии орд аз 165 то 200 сомонӣ, шакар аз 5,5 то 7 сомонӣ ва 5 литр равғани растанӣ аз 45 ба 50 - 55 сомонӣ дакка мехӯрад. Бархе аз сокинон бо аҷала маводи ғизоӣ захира мекунанд.

Баъди доллар нархи орду равған ҳам боло рафт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:30 0:00

Аксари сокинони кишвар дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки нархҳои баланд ба ҷайби онҳо мувофиқ нест. "Нархи шакар аллакай 7 сомонӣ шудааст. Барои мардуми мо орд, шакар ва равған маҳсулоти асосӣ аст, нархи ин маҳсулот, ки қиммат шавад, албатта, мо нигарон шудаем,- гуфт як сокини пойтахти Тоҷикистон.

Ҳамсӯҳбати дигари мо, ки мегуфт: "Мо аз ҳама хӯрданӣ камбуд дорем. Нархи орд аввал 165 сомонӣ буд, ҳоло 15 сомонӣ қимматтар шудаст. Мегӯянд, агар доллар боло равад, боз ҳам қимматар хоҳад шуд. Доллар баланд шудааст?"

Дар баробари се маҳсулоти муҳими ғизоӣ дар чанд рӯзи ахир ҳамчунин нархи гушти ба истилоҳ “эронӣ”,ки нисбатан арзонатар,буд аз 25 сомонӣ то 31 сомонӣ боло рафтааст.

Ҳарчанд касе расман далели чунин болоравии маҳсулоти ғизои аввалияро шарҳ намедиҳад, вале баъзе аз тоҷирон дар суҳбат бо мо гуфтанд, ки болоравии қурби доллар ба афзоиши нархҳо таъсир кардааст. Онҳо мегӯянд, тамоми маҳсулот аз хорҷи ворид мешавад ва доллар танҳо асъорест, ки дар хориҷа мешиносанд.

"Корхонаҳое, ки бо дигар ҷойҳо шартнома доштанд ва аз он ҷо орд меоварданд, нархро камтар боло бардоштанд. Тоҷирони мо ҳам бо назардошти раҳкирову дигар хароҷот маҷбур шуданд, нархро боло бардоранд," - гуфт як тоҷир дар бозори Душанбе. .

Дар як соли ахир қурби пули миллӣ - сомонӣ - дар баробари доллар 40 дар сад коҳиш ёфт ва баъдан доллар дар натиҷаи истифодаи чораҳои маъмурӣ барои ҷилавгирӣ аз коҳиши он, дар бонкҳо камёфт шуд. Ҳоло аксари тоҷирон молҳои қаблии худро бо нархи баландтар ба фурӯш баровардаанд ва аз воридоти маҳсулоти тоза худдорӣ мекунанд.

Беш аз 30 дарсади аҳолии Тоҷикистон камбизоат ҳисоб мешаванд ва дар оилаҳои бузурге зиндагӣ мекунанд, ки маъмулан як коргар доранд. Вазъи бознишастаҳо ва кормандони буҷавӣ, ки интизори боло рафтани маош дар соли 2015 буданд, вале маблағҳои иловагиро дастрас накарданд, беҳтар аз сокинони бекор нест.

Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба он, ки дар моҳи сентябри соли 2015 маоши кормандони буҷавӣ ва нафақаи бознишастагон бино бар мушкилоти молиявӣ боло бурда нашуд, тамоми талошҳо ба он равона гардид, ки нархи маҳсулот дар бозорҳо мӯътадил нигаҳ дошта шавад. Ин ба маъноест, ки мақомот ба савдогарони бозор амр медиҳанд, ки қиммати моли худро боло набаранд. Аммо ин гуна иқдомот дар гузашта натиҷаи мусбат надошт.

Тоҷикистон аз кишварҳои камбизоати Осиёи Марказӣ аст, ки пойгоҳи истеҳсолии қавӣ ва иқтисоди бисёрҷабҳа надорад. Пули муҳоҷирони корӣ аз омилҳои муҳими гардиши чархи аробаи иқтисоди ин кишвар номбар мешавад. Тоҷикистон беш аз як миллион муҳоҷири корӣ дорад, ки асосан дар Русия фаъолият мекунанд. Онҳо дар 9 моҳи аввали соли 2015 ба Тоҷикистон чизе бештар аз 1 миллиард доллар пул фиристодаанд, ки назар ба як соли қабл қариб 3,7 маротиба камтар аст.

Аз тарафи дигар, маблағҳои муҳоҷирони корӣ бештар барои харидории маҳсулоти воридотӣ сарф мешавад ва баъдан ба шакли доллар дубора аз кишвар берун меравад. Аксари иқтисоддонҳо набудани истеҳсолотро омили аслии бесуботии пули миллӣ медонанд.

Болоравии нархи маҳсулоти ғизои аваллия дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон дар ҳоле ба афзоиши қаммати доллар пайванд дода мешавад, ки ҳоло 1 доллар дар бозори сиёҳ то 9 сомонӣ ва аз ин ҳам бештар доду ситад мешавад. Ҳамагӣ моҳи декабр як доллар дар Душанбе ҳудуди 7,50 сомонӣ арзиш дошт.

XS
SM
MD
LG