Пайвандҳои дастрасӣ

Нарху наво дар бозорҳои Тоҷикистон: Аз нигоҳи Бонки миллӣ ва мардум


Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, “тағйирёбии нархи молу маҳсулот дар бозори дохилӣ мӯътадил аст.” Вале таҳлилҳои қиёсӣ нишон медиҳанд, ки нархи маҳсулоти воридотӣ то 30 дарсад боло рафтааст.

Дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 9 феврал бо нашри як шарҳи муфассал дар сомонааш таҳти унвони «БМТ: Тағйирёбии нархи молу маҳсулот дар бозори дохилӣ муътадил аст» навишт, гузоришҳои нашршуда дар Интернет дар бораи «болоравии зиёди нархи маҳсулот дар бозори истеъмолӣ» аз «воқеияти рӯз ва вазъи феълии нархҳои мавҷуда тафовути куллӣ доранд.»

Ба ақидаи ин ниҳод, «бо вуҷуди таъсири фишорҳои берунӣ дар соли сипаришуда сатҳи мӯътадили нархҳо нигоҳ дошта шуд."

Бонки миллӣ дар шарҳаш эътироф кардааст, ки бӯҳрони иқтисодӣ дар кишварҳои шарики тиҷории Тоҷикистон «то андозае ба болоравии нархҳои баъзе аз маҳсулоти бар ивази асъори хориҷӣ берун аз кишвар воридшаванда таъсир расониданд» ва ба ин далел, «тағйирёбии начандон зиёд фақат дар нархи орд, равған, шакар, маҳсулоти қаннодӣ, гази моеъ ва маводи шустушӯӣ дида мешавад.»

Вале, ба ақидаи ин ниҳод, «ин тағйирёбиҳо асосан хусусияти мавсимӣ ва кӯтоҳмуддат дошта, болоравии нархи дигар маҳсулотҳо дар бозорҳои дохилӣ чандон ба назар намерасад.»

Бонки миллӣ бар асоси таҳлили нархҳои рӯзи 5 феврал дар бозори дохилии Тоҷикистон мегӯяд, нархи миёнаи маҳсулоти воридотӣ дар ин кишвар назар ба як қатор аз кишварҳои дигари пасошӯравӣ пасттар буда, ҳатто «нархҳои миёнаи маҳсулоти истеҳсоли дохилӣ, аз қабили гӯшт, биринҷ, сабзӣ, тухм, шир, моҳӣ, нон, макарон, картошка, себ, семент ва хишт тамоили пастравӣ ё муътадили тағйирёбӣ дошт.»

Эраҷ, як сокини ноҳияи Ҳисор мегӯяд, ба мушоҳидаҳои ӯ низ, нархи маҳсулот ҳанӯз зиёд тағйир накардааст, вале тамоюли рӯ ба боло оварданашон шурӯъ шудааст: «Орд каме қиматтар шуд ва ба 190 сомонӣ расид. Вале гӯшт, барои мисол, ҳамоно 33 сомонист. Биринҷ 10-12 сомонӣ, картошка аз 1,80 то 2 сомонӣ, пиёз 2- 2,50 сомонӣ. Сабзӣ ҳам, ки бо мошин қишлоқ ба қишлоқ мегардонанд, барои фурӯш, то 2 сомонӣ мефурӯшанд. Нархҳо кам-кам рӯ ба боло ҷунбида истодаанд, вале мушкил ин аст, ки халқ дигар мисли пештара пул надорад.»

Дар ҳамин ҳол, бино ба омори сомонаи agroinform.tj, ки аз соли 2010 нарху навои 89 маҳсулоти асосӣ дар бозорҳои 7 шаҳри бузургарини Тоҷикистон – Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва Рашту Хоруғро пайваста пайгирӣ мекунад, нархи миёнаи як халта орддар болзорҳои Тоҷикистон назар ба феврали соли 2015 ҳудуди 22 сомонӣ боло рафта, аз 163 ба 185 сомонӣ расидааст. Ҳоло як халта орд дар Истаравшан 140, вале дар Хоруғ 200 сомонӣ нарх дорад. Аммо нархи як кило шакар, ки як сол пеш ба ҳисоби миёна, 5 сомониву 39 дирам буд, рӯзи 3 феврали соли равон алакай ба 7 сомониву 4 дирам расидааст. Танҳо дар як моҳи охир нархи шакар дар Тоҷикистон 73 дирам, ё қариб 12 фоиз боло рафтааст.

Бахтиёр Шамсиддинов, таҳлилгари ширкати «Нексигол Мушовир» - муассиси сомонаи agroinform.tj – рӯзи 9 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло асосан нархи маҳсулоти ғизоии воридотӣ тамоюл ба сӯи афзоиш дорад: «Новобаста аз пойин рафтани қурби асъори миллӣ, нархи маҳсулоте, ки дар худи Тоҷикистон кишту тавлид мешавад, мисли тухму нон, зиёд боло нарафтааст.Сабаб бештар дар ин аст, ки ба далели тағйири қурби пул қобилияти харидории мардум пойин рафтааст ва агар нархҳо башиддат тағйир ёбанд, фурӯш дар бозор мемирад. Вале нархи маҳсулоте, ки аз кишварҳои дигар бо асъори хориҷӣ харида мешаванд, боло рафт.»

Нарху навои маҳсулот дар маҳалли худро метавонед бо истифода аз ин манбаъ бо нархҳо дар маҳалҳои дигари кишвар қиёс кунед:

Нархномаи бозорҳои Тоҷикистон

Бино ба маълумоти сомонаи agroinform.tj, нархи миёнаи як нони 150-граммӣ низ дар як моҳи охир 13 дирам гаронтар шуда, ба 2 сомониву 8 дирам ва дар Хуҷанд, барои мисол, ҳатто ба 3 сомонӣ расидааст. Бештар аз ҳама нархи маҳсулоте, чун мавизу писта боло рафтааст. Як кило писта агар як сол пеш ба ҳисоби миёна 47 сомонӣ нарх дошт, имсол нархаш қариб 30 дарсад афзуда, ба 62,5 сомонӣ баробар шудааст. Нархи мавиз низ дар як соли охир ба ҳисоби миёна 25 дарсад боло рафта, аз 20 ба 25 сомонӣ расидааст.

Бозори "Панҷшанбе" дар Хуҷанд

Бозори "Панҷшанбе" дар Хуҷанд

Бино ба омори agroinform.tj, нархи миёна картошка дар Тоҷикистон аз 1 сомониву 40 дирам дар Рашт то 2,5 сомонӣ дар Хуҷанд фарқ мекунад ва нархи миёнааш ҳудуди 2 сомонист. Як сол пеш нархи миёнаи як кило картошка дар Тоҷикистон 15 дарсад камтар, яъне 1 сомониву 75 дирам будааст. Нархи пиёз назар ба як моҳи пеш 8 дарсад афзуда, ба 2 сомонӣ наздик шудааст. Вале назар ба як соли пеш, ки як кило пиёз қариб 3 сомонӣ шуда буд, ин хеле арзонтар аст.

Бахтиёр Шамсиддинов мегӯяд, нархи маҳсулоти дохилӣ низ баъди фурӯхта шудани ҳосили соли гузашта метавонад рӯ ба боло биорад. Ба гуфтаи ӯ, тағйири нарху навои маҳсулоти кишоварзии худи Тоҷикистон аз чанд омил, аз ҷумла обу ҳаво, сахт вобаста аст: «Имсол зимистон хеле нарм омад дар кишвар ва бодом алакай гул кардааст. Вале деҳқонони тоҷик хеле бо нигаронӣ ба баҳор нигоҳ мекунанд. Чунки соли гузашта дар пайи чунин як зимистони нарм дар поёни моҳи март дар вилояти Суғд барфи шадид борид ва тамоми ҳосили меваро сард зад.»

Бино ба гузориши хабаргузории давлатии «Ховар», рӯзи 8 феврал дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон вазъи нархҳо дар бозорҳои кишвар баррасӣ шудаааст. Бино ба ин манбаъ, миёнаравҳо 3-4 кило сабзиро аз сари замин яклухт ба як сомонӣ мехаранду дар бозорҳои Душанбе ҳар килояшро 1 сомонӣ мефурӯшанд ва «ин ҳолат тайи рӯзҳои охир мавриди таваҷҷуҳ ва нигаронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт. Дар натиҷа бо қарори раиси шаҳри Душанбе раиси бозори «Саховат»-и пойтахт аз вазифа озод гардида, роҳбарони дигар бозорҳо ҷиддӣ огоҳӣ гирифтанд.»

Ин дар ҳолест, ки бино ба маълумоти ҳамон сомонаи agroinform.tj, нархи сабзӣ баръакс рӯ ба пстшавӣ дошта, танҳо дар як моҳи охир 20 дирам поён рафта, ба 1 сомониву 15 дирам баробар шудааст. Барои муқоиса, омори ҳамин сомона нархи миёнаи як кило сабзиро дар таърихи 4 феврали соли гузашта 3 сомониву 49 дирам нишон медиҳад. Яъне 3 маротиба гаронтар аз имсола.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG