Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳдиди гуруснагӣ ба 30 дарсади аҳолии Тоҷикистон


СММ мегӯяд, қариб 3 миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистон мушкили камғизоӣ мекашанд. Як таҳқиқоти байналмилалӣ таҳдиди гуруснагӣ ба ин кишварро 30,3 фоиз баровард кардааст.

Бино ба гузориши "The State of Food Insecurity in the World 2015" ("Вазъи осебпазири ғизо дар ҷаҳон"), ки Барномаи ғизои СММ нашр кардааст, 33,2 дарсад ё сеяки аҳолии Тоҷикистон ба таҳдиди камғизоӣ рӯбарӯянд ва аз меъёр камтар ғизо истеъмол мекунанд. СММ дар солҳои 2014- 2016 шумори мардуми рӯбарӯ бо камғизоӣ дар ин кишвари фақиртарини пасошӯравиро 2,9 миллион нафар баровард кардааст. Аз омори Барномаи ғизои СММ бармеояд, ки вазъ назар ба 10 ва 20 соли пеш аз нигоҳи таъмини ғизои аҳолӣ дар Тоҷикистон бадтар шудааст.

Аз ҷумла, бино ба ин оморҳо, дар солҳои 1990-1992 теъдоди мардуми рӯбарӯ ба камғизоӣ дар Тоҷикистон қариб ду баробар камтар – 1,6 миллион нафар будааст. Дар солҳои 2000-2002 теъдоди мардуми камғизо дар Тоҷикистон 2,5 миллион, дар солҳои 2005-2007 шумори мардуме, ки аз меъёри лозим камтар ғизо истеъмол мекунанд, 2,8 миллион нафар баровард шудааст. Дар даҳ соли охир шумори чунин мардум дар Тоҷикистон ба 100 ҳазор нафар ва аз аввали асри 21 ба 400 ҳазор нафар афзудааст.

Тоҷикистон дар харитаи "гуруснагӣ"-и СММ

Тоҷикистон дар харитаи "гуруснагӣ"-и СММ

СММ мегӯяд, дар маҷмӯъ имрӯз дар сайёра 795 миллион нафар аз гуруснагӣ азоб мекашанд. Камғизоӣ, албатта, ҳанӯз гуруснагӣ нест, вале омори Милали Муттаҳид тасвири нигаронкунандаеро аз шароити зиндагии мардуми Тоҷикистон ба намоиш мегузорад.

Бо ин ҳол, Тоҷикистон дар як таҳқиқоти дигари байналмилалӣ аз лиҳози таҳдиди гуруснагӣ ба аҳолиаш дар байни 117 кишвари дар ҳоли гузор дар зинаи 21-ум ҷой гирифтааст. Як нуктаи ҷолиби таваҷҷӯҳ ин аст, ки аз 20 кишваре, ки дар ин раддабандӣ вазъи аз Тоҷикистон ҳам бадтар доранд, 14 кишвараш аз қораи Африқо, 5 кишвар аз Осиё ва якеи дигар аз ҳавзаи Кариб намояндагӣ мекунанд.

Қиссаи гуруснагӣ кашидани сокинони шаҳри Мазойёи Сурия таваҷҷӯҳи ҷомиаи ҷаҳониро дигарбора ба масъалаи доғи гуруснагӣ ҷалб кардааст. Бино ба охирин ҳисобҳои СММ, дар ҳоли ҳозир дар саросари дунё 795 миллион нафар азоби гуруснагӣ мекашанд. Аксари ин мардуми маҳрум аз неъматҳои аслии зиндагӣ дар қораи Африқо ба сар мебаранд, вале бино ба як таҳқиқоти байналмилалӣ, Тоҷикистон низ дар байни кишварҳоест, ки вазъашон “ҷиддӣ” арзёбӣ мешавад.

Пажӯҳишгоҳи байналмилалии сиёсати ғизо (International Food Policy Research Institute, IFPRI), Wellthungerhilfe ва Concern Worldwide, се созмони таҳқиқотие, ки вазъи таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ дар 117 кишвари дар ҳоли гузорро пайгирӣ мекунанд, дар гузориши наваш таҳти унвони “Global Hunger Index 2015” (“Индекси ҷаҳонии гуруснагӣ 2015”) Тоҷикистонро дар байни 117 кишвар аз нигоҳи таҳдиди гуруснагӣ дар зинаи 21-ум, дар байни кишварҳое, ки таҳдиди гуруснагӣ дар онҳо “ҷиддӣ” арзёбӣ мешавад, гузоштаанд.

“Индекси ҷаҳонии гуруснагӣ” аз соли 1995 ба ин тараф ҳар 5 сол нашр мешавад ва гузориши таҳаввулоти пешомада дар роҳи муборизаи кишварҳои дунё бо хатари гуруснагӣ дар 5 соли охир ва ҳам дар 15 соли гузашта аз оғози асри 21-ро мунъакис мекунад. Гузориш мегӯяд, ки назар ба соли 2000 сатҳи гуруснагӣ дар кишварҳои дар ҳоли гузор 27 дарсад пойин рафт ва 17 кишвар сатҳи таҳдиди гуруснагиро назар ба 15 соли пеш дастикам ду маротиба пойин овардаанд.

Аммо бо ин вуҷуд, ба ақидаи муаллифон, таҳдиди гуруснагӣ дар дастикам 60 кишвар хеле боло боқӣ мемонад. Дар ин гузориш таҳдиди гуруснагӣ дар 8 кишвари дунё “изтиробовар” ва дар 52 кишвар, бо шумули Тоҷикистон, “ҷиддӣ” унвон шудааст. Муаллифон мизони таҳдиди гуруснагӣ ба аҳолии Тоҷикистонро 30,3 дарсад баровард кардаанд, ки сатҳи аз ҳама баланди таҳдид дар байни тамоми кишварҳои пасошӯравист.

Гузориш мегӯяд, дар соли 1995 сатҳи таҳдиди гуруснагӣ ба Тоҷикистон 40,3 дарсад, соли 2000 – 40,4 ва дар соли 2005 36,5 дарсадро ташкил медод ва дар 10 соли охир дар ин кишвар тавонистаанд сатҳи хатари гуруснагиро 6,2 дарсад пойин оварда, ба 30,3 фоиз бирасонанд.

Дар ин гузориш низ чун дар арзёбии СММ, гуфта шудааст, ки 33,2 дарсад ё сеяки аҳолии Тоҷикистон ба мушкили камғизоӣ рӯбарӯ ҳастанд ва аз меъёри лозим барои таъмини саломатӣ камтар ғизо истеъмол мекунанд. Барои муқоиса, дар соли 2005 шумори чунин афрод дар Тоҷикистон 42,3 дарсад будааст.

Гузоришгарон мегӯянд, 9,9 дарсади кӯдакони зери синни 5 дар Тоҷикистон вазни аз синнашон кам ва 26,8 дарсади кӯдакони тоҷики то 5-сола қадди аз синни онҳо пасттар доранд. Аммо зикр шудааст, ки мизони маргумири кӯдакони то 5-сола дар ин кишвар аз оғози аср ду маротиба коҳиш ёфта, ҳоло 4,8 дарсад шудааст. Дар соли 2000 мизони маргумири атфол дар Тоҷикистон 9,4 дарсад ва дар соли 2005 6,5 дарсад гуфта мешуд.

Дар ин раддабандӣ вазъи бадтар аз Тоҷикистонро кишварҳое, чун Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Чад, Замбия, Тимори шарқӣ, Серра-Леоне, Ҳаити, Афғонистон, Покистон ва Яман доштаанд. Тоҷикистон дуруст байни кишварҳои африқоии Либерия ва Руанда ҷой гирифтааст.

Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳдиди гуруснагӣ дар Узбакистон 13,3 дарсад, дар Туркманистон – 12,9, дар Қирғизистон – 9,4 ва дар Қазоқистон 8 дарсад баровард мешавад. Яъне аз 2,5 то 4 маротиба камтар аз таҳдиди гуруснагӣ ба Тоҷикистон.

Дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир беш аз 8,5 миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, ки нисфашро ҷавонону кӯдакон ташкил медиҳанд. Бино ба омори расмӣ, 32 дарсади аҳолии ин кишвар дар зери хатти фақр, яъне бо даромади моҳонаи камтар аз 158 сомониву 71 дирам ба сари ҳар узви хонавода рӯз мебаранд. Созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, аз ин шумор 14 дарсад, ё ҳафтяки аҳолии Тоҷикистон дар вазъияти фақри шадид қарор доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG