Пайвандҳои дастрасӣ

ВКХ: Шаҳрванди Тоҷикистон дар Либия ба асорат наафтодааст


Фурудгоҳи Троблус дар рӯзи 26-уми августи соли 2014.

Фурудгоҳи Троблус дар рӯзи 26-уми августи соли 2014.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабари расонаҳои байнулмилалииро, ки гӯё дар Либия ба асорат афтодани як халабонҳои тоҷики ҳавопаймои Аэробус-300-ро рад кард.

Абдулфайз Атоев, раиси Дафтари иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 18 декабр ба радиои Озодӣ гуфт, ки хабари дар Либия рабуда шудани халабонҳои ҳавопаймои ширкати Route Aviation, ки гӯё яке аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистон Акмал Раҳматов будааст ва гӯё ӯ то ҳол дар асорат ба сар мебарад, асоси воқеӣ надорад.

Ҷаноби Атоев афзуд нашри ин хабар дар расонаҳои иттилоотӣ водор кард,ки ба ин ҳодиса рушанӣ афканда шавад. Ин дар ҳолест, ки хабаргузориҳои бонуфуз ба нақл аз Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфтаанд, рӯзи 16-уми декабр як қисми халабонҳои ҳавопаймо аз асорат озод шуда, гуфтушунид барои наҷоти ду тани дигар идома дорад, ки яке аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Ҷаноби Атоев афзуд, тибқи иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб ҳавопаймои мазкур ки ба ширкати хусусии ҳавопаймоии Route Aviation тааллуқ дошта, дар Шарҷа сабти ном шудааст, ҳангоми интиқоли кумаки башардӯстона ба Либия аз тарафи мақомоти дахлдори ин кишвар ба хотири он ки бори он мавриди шубҳа қарор гирифтааст, мавриди тафтиш қарор гирифтааст. Аммо сарнишинҳои он боздошт нашуда, дар озодӣ ба сар мебаранд.

Халабонҳои ҳавопаймои Аэробус-300, ки ба Либия 13 декабр ёрии башардӯстона бурдааст шаҳрвандони Украина, Русия ва як шаҳрванди Тоҷикистон Акмал Раҳматов будааст ва ӯ феълан дар Либия дар садади бозгашт ба Дубай мебошад.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегуяд, ки кормандони сафорат бо сарнишини асосии ҳавопамо Пугачёв дар тамос шуда аз аҳволи Акмал раҳмтов пурсон шудаанд вай гуфтааст,ки ба зудтарин фурсат ба Дубай бармегардад.

Аммо тавре хабаргузориҳо навиштаанд Вазорати корҳои хориҷии Украина бо пахши иттилоия дар робита ба ҳзодисаи боздошти халабонҳо дар Либия гуфтааст“тавонистаанд, ду шаҳрванди Украина ва як шаҳрванди Русияро аз асорат озод кунанд. Гуфтушунид барои озод кардани шаҳрванди Тоҷикистон идома дорад”. Аммо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки ҳеҷ сарнишини ин ҳавопаймо ба асорат гирифта нашудааст ва пас аз тафтиши бору колои ҳавопаймо онҳо аз паи кори маъмулии худ шудаанд.Давраи санҷиши пурраи ҳавопаймо чанд рузро дар бар гирфтааст.

XS
SM
MD
LG